logo

иқтисод

ҶАНГАЛ САРВАТИ БЕБАҲОИ ТАБИАТ

Ҷангалзор як ҷузъи табиати нотакрори Тоҷикистон буда, дар худ садҳо хели набототу ҳайвонот ва парандаро маҳфуз медоранд. Оё дар вилояти Хатлон ба нигоҳубин ва афзоиши масоҳати ҷангал ба таври бояду шояд эътибор дода мешавад? Бо мақсади посух гирифтан ба ин суол бо Сафаралӣ Атавуллоев, сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон, ҳамсуҳбат шудем.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хоҷагиҳои ҷангал ин бунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳо мебошад. Тӯли ду моҳи соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷангали вилоят 112,7 гектар ҷангал бунёд шуд, ки 35 гектараш дар минтақаи Бохтар (собиқ минтақаи Қӯрғонтеппа) ва 77,7 гектараш дар минтақаи Кӯлоб мебошад. Бо усули кишти тухмӣ 25 гектар ва бо шинондани ниҳолҳо 87,7 гектар ҷангал бунёд карда шуд. Дар ин муддат дар маҷмӯъ 39021 бех ниҳол шинонда, 125 килограмм тухмӣ коштаем. Аз майдони умумии ҷангалҳои бунёдшуда, ки дар хоҷагиҳои ҷангали Қубодиён, Шаҳритуз ва Даштиҷум воқеъ гардидаанд, 7 гектарашро боғҳои нави мевадиҳанда, амсоли зардолу, шафтолу, гелос, олу ва  анор ташкил медиҳанд.
Зимнан, майдони 175,6 гектар ҷангал барқарор карда шуд, ки аз ин ҳисоб 50 гектараш дар минтақаи Бохтар ва 125,6 гектараш дар минтақаи Кӯлоб ҷойгир шудааст. Бодом, чормағз, хуч, себ, зардолу, олу, олуча, шӯлаш, қарағоч, сафедор, санҷит ва дигар навъи дарахту буттаю гиёҳҳоро ба миқдори умумии 82162 бех ниҳол ва 92 килограмм тухмӣ шинондем. Маҳз самараи ҳамин кӯшишҳост, ки пурракунии ҷойгиршавии ниҳолҳо дар майдони 95,3 гектар ва нигоҳубини ниҳолҳо дар майдони 713 гектар бо муваффақият анҷом дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара хоҷагиҳои ҷангали мо аз соли 2008 инҷониб дар майдони 432 гектар ҷангали нав бунёд карда, ҳамасола ниҳолҳои хушкшудааш иваз карда мешаванд. Аз аввали мавсими соли 2018 дар ин ҷо дар майдони 273 гектар пурракунии ҷойгиршавии ниҳолҳо гузаронда, бо ин мақсад 7125 бех ниҳол шинонда шуд.
Ҳамзамон, дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии Қубодиён дар майдони 1,37 гектар, Восеъ 2,7 гектар тухмии дарахтони гуногун ва қаламчаҳо  шинонда шуд. Ғайр аз ин, дар хоҷагиҳои ҷангал дар масоҳати 7,99 гектар ниҳолхонаҳои хурд таъсис дода шудааст.
Яке аз вазифаҳои асосии кормандони хоҷагии ҷангал ин ҳифз ва муҳофизати ҷангал аз қонунвайронкуниҳо мебошад. Дар ин росто давоми ду моҳ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҷангали вилоят 90 санад оид ба қонунвайронкуниҳо, ки бештараш ба буриши дарахтон рабт доранд, бо муқаррар кардани 12555 сомонӣ зарар тартиб дода шуда, товон сад дарсад барқарор гардид. Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 санад бо муқаррар кардани 2750 сомонӣ зарар таҳия шуда, маблағи зарар пурра рӯёнда шудааст. Доир ба шикори ғайриқонунӣ, ки асосан марбут ба шикори кабк аст, аз тарафи кормандон ва мутахассисон 6 санад бо нишон додани 660 сомонӣ зарар омода шуда, он маблағ аз шахсони воқеӣ пурра рӯёнда шудааст.
Барои иҷрои корҳои биотехникӣ, бахусус дар фаслҳои сард, имсол барои ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагон аз тарафи хоҷагиҳои ҷангали вилоят дар маҷмӯъ 30841 сомонӣ харҷ шуд. Ба гунаи мисол, бо ин маблағ 5112 килограмм резаи гандум, 1628 килограмм ҷав, 1800 килограмм донаи ангат, 2440 килограмм кунҷора ва 13500 килограмм хошок харидем.
Умуман, мутасаддиёни соҳа дар самти зиёд кардани саршумори ҳайвоноту парандаҳои нодир ҳамаи тадбирҳои лозимиро меандешанд. Дар хоҷагиҳои ҷангали вилоят саршумори бузи кӯҳии пармашох, яъне морхӯрро ба 1500, бузи кӯҳии сибириро ба 595, гӯсфанди кӯҳии урялро ба 176 ва мурғи даштиро ба 250 сар расонданд. Ба замми ин, дар ин хоҷагиҳо шумораи зиёди ҳайвони калон ва майдаи шохдор, асп ва 938 оилаи замбӯри асал парвариш меёбанд, ки хушбахтона, сол аз сол саршуморашон афзуда истодааст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 462

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед