logo

фарҳанг

ШУКӮҲИ НАВРӮЗ

Дигар рӯшан аст ва ниёз ба исбот намудан надорад, ки Наврӯзи Аҷам аз он куҳан рӯзгор ё худ даврони бостон ҷашни Соли нави миллии мо маҳсуб меёфт. Он чун тантанаи ваҳдати инсону табиат шинохта мешуд ва ҳанӯз ҳам асолати худро аз даст надодааст. Беҳтарин орзуҳо, таманноҳоро дар дили мардум бедор мекард. Қудумаш бас муборак буду муборак ҳаст ва ҳамчунон мемонад.
Мардум ва аҳли зиёи мо аз он рӯзгор то ба имрӯз дар васфи Наврӯз, баҳори хуррам беҳтарин ашъорашонро гуфтанду навиштанд. Ҳамчунин, беҳтарин дурдонаҳои савту навои наврӯзиро дар оҳангҳо фароҳам оварданд, то дар хидмати мо ва ояндагон қарор дошта бошанд.
Дар дунё мисли Наврӯзи оламафрӯзи мо ҷашну иде вуҷуд надорад, ки беҳтарин русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисозро дар худ таҷассум бикунад. Бад-ин хотир аст, ки дигар халқҳои миллатҳо ба он ҳусни таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Боиси ифтихори ҳар кадоми мо аст, ки онро чун дастоварди бузургу беназири фарҳангӣ шинохтанду эътироф намуданд.
Оғози зуҳури ин иди муборак ба кишоварзон иртибот мегирад. Аз ин рӯст, ки бо омадану расидани муждаи Наврӯз бар замин донаи умед мепошиданд. Инчунин, ниҳол мешинонданд, ҷӯйу наҳрҳоро тоза мекарданд, ба ободии манзилҳои зист, тозаву озода намудани хонаҳо диққати асосиро равона мекарданд. Наврӯзро ҷашни парвариши рӯҳ ва маънавиёти солим, пиндору гуфтору кирдори нек шинохтаанд.
Дар ин рӯзҳои пурфайзу шодмонӣ аз гузаштагон ёд меоварданд, ба аёдати беморон мерафтанд, ятимону маъюбонро даст мегирифтанд. Ба ҷуз ин дар он айём аз гуноҳи ҳамдигар мегузаштанд. Ин ҳама, албатта, аз фарҳанги нодиру волои инсондӯстиву самимияти миллат гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки идомаи ин беҳтарин анъанаҳову суннатҳои наврӯзӣ бори дигар собит месозад, ки мо қарзи инсониямонро дар назди рӯҳи ниёгони бузургамон адо мекунем. Бешак, дар ин ҳол ояндагон низ аз мо ибрат мегиранд ва Наврӯзро дӯст ва хуҷаста медоранд.
Ҳар як шаҳрванди кишвар хушбахт аз он аст, ки дар даврони истиқлолият на танҳо ҳамаи анъанаву суннату русуми неки Наврӯзӣ эҳё гардиданд, балки сифатан беҳтар шуданд, шукӯҳу шаҳомати хоссаро ба худ касб карданд. Ин ҳама, бешак, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Бо талошу заҳматҳои Сарвари давлатамон он ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Фарҳангу ҳикмати асили он бо ҳидояти Президенти мамлакат бештар аз пештар мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Дар андак муддат дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтанд, ки пештар аз ин собиқа надошт.
Ҳамасола ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар марҳилаи сифатан нави сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон таҷлил мешавад. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба яқин, Наврӯз бошукӯҳтар ҷашн гирифта мешавад. Бузургони пешинамон ба таъкид изҳор медоштанд, ки «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад».
Албатта, ин ҷашн худ гувоҳ бар он аст, ки то ба Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ  мегузорем.
Бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, амну осоиштагӣ, дастовардҳои бузурги кишвар дар бахшҳои бисёр муҳими ҳаётӣ таҷлили Наврӯз дар худшиносӣ  таъсири неку созанда дорад.
Истиқболи гарму ҷӯшонамон аз Наврӯз, ки ҳамчун муждаи аввалини баҳори хуҷастапай аст, моро ба истиқрори ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, барафрӯхтани чароғи меҳру муҳаббат ва пойдории дӯстиву рафоқат, ҷомаи амал пӯшондани орзуву таманноҳои нек бори дигар ҳидоят мекунаду водор месозад.
Ҳамин тавр, Наврӯз як ҷашни одӣ, як ҷашни баҳор нест, балки тарғибгари беҳтарин анъанаҳову суннатҳои волои ниёгонамон, фарҳанги барҷаставу асили инсонӣ ва ормонҳои бузурги башардӯстона маҳсуб мешавад.
СУЛТОНЗОДА Сулаймон,
директори Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 240

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед