logo

фарҳанг

ПАЙИ ХУҶАСТАИ НАВРӮЗ

Аз хондаҳоямон дарёфтем, ки дар миёни ориёмардони бузурги гузаштаамон касе ба сони Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и ҷовидонаи худ ба Наврӯз арҷ нагузоштааст ва аз хатари бо дасти шуми бегонагон тира гаштани ин оини бобоён, хирадманди дигаре чун ӯ ғам нахӯрдааст:
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Ва ин нигаҳбони оинҳои гаронбаҳотарини ориёмардону ориёзанон, пайдо гаштани Ҷашни Наврӯзро ба рӯзе пайвастааст, ки шоҳаншоҳ Ҷамшед одамонро кишоварзӣ омӯзонд ва мардум ин хиради бемонанди сарварашонро сутуда, ӯро паямбар донистанд. Одамон бо омӯхтани донишҳои ҳандасӣ, аз кӯҳ оҳан берун кашида ва онро нарм сохта, афзори кору ҷанг таҳия намуданд. Аз он замонаҳои дури дур ҳазорсолаҳо сипарӣ шуданд. Наврӯз аз миёни оташи тирарӯзиҳо ва худбохтагиҳои таърихи миллат гузашт ва новобаста бар истодагии мардуми мо дар миёни даҳҳо оинҳои ба бор овардаи бегонагони ҳамлавар, оҳиста – оҳиста рӯҳу шукӯҳи боистаи худро аз даст дод. Биму ҳароси дар боло ёдшудаи Ҳаким Фирдавсӣ, яъне аз ҷабри бегонагон тира шудани Наврӯз, ба андешапешагони миллӣ чашмрас буд.   Акнун сарбаландона метавон изҳор дошт, ки бидуни камтарин шакку дудилагӣ, танҳову танҳо бо хирадмандии бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯз на танҳо ҷилои гузаштаи хешро бозёфт, балки шукӯҳу ҷилваи тозае пайдо кард, ки на дар курсинишинии Ҷамшед, на дар Эрону Афғонистони имрӯзин ва на дар кишварҳои дигари ҳарими Наврӯз онро дида буданд.
Дар пойтахти Тоҷикистон ва дар саросари шаҳру марказҳои ноҳияҳои кишвар амфитеатрҳову майдонҳои ороставу пероста, бо номи вижаи «Наврӯзгоҳ» бунёд гаштанд.
Мардум бо як фарҳанги навин, вале бар пояи арзишҳои эҷодкардаи ниёкон, омадани ин ҷашни хуҷастаро интизорӣ мекашанд – ба поксозии хонаҳо, ба бунёду навсозии боғҳову кӯчабоғҳо мепардозанд. Ҷӯйборҳову рӯдҳо ва наҳрҳову чашмаҳоро лойрӯбиву поксозӣ мекунанд. Хурду бузург, пиру барно пайи хуҷастаи Наврӯзро интизорӣ мекашанд.
Дигар акнун ҳама медонад, ки Наврӯз бо баробаршавии шабу рӯз, оғози зинда шудани Замин ва фасли киштукор пайваста аст.
Ҳамин аст, ки бахши зиёди замони ҷашнгирии Наврӯз дархӯри он силсила оину маросимҳое мебошад, ки ба киштварзӣ, аз ҷумла сабзондани гандум ва дигар зироатҳои донагӣ (лӯбиёӣ) пайвастагӣ доранд. Дар бостон оинҳое ҷой доштанд, ки аз роҳи эҷоди фолҳои наврӯзӣ мехостанд хуррамиву бороварии киштаҳо ва осудагиву оромии мардумро пешгӯӣ кунанд. Ҳамон гуна ки фолбинии наврӯзие ҷой доштааст, аз роҳи сабзондани 12 навъи зироатҳои донагӣ пешбинӣ кардани он навъе, ки дар ин сол хуб рӯида, ҳосили фаровон ба бор меоварад.
Дар замони подшоҳии Ҷамшед расме паҳн гардида буд, ки бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз, дар пеши кохи шоҳаншаҳ 12 сутун аз хишти хом барпо мекарданд, ки бар яке гандум, ба дигаре ҷав, ба дигаронаш шолӣ (биринҷ), нахӯд, лӯбиё, арзан, ҷуворимакка, наск, боқило, мош, кунҷид, зағер мекоштанд ва онҳоро то ба охири фарвардин (даҳаи нахустини апрел), нигоҳ медоштанд. Ба боварии онҳо хӯшаҳои кадоме аз он ғаллаҳо пурбору хуррамтар бошанд, ҳосилаш фаровон хоҳад буд.
Дар замони Сосониён низ 25 шабонарӯз пеш аз Наврӯз  ин оинро риоя мекарданд. Яъне ҳамон навъи ғалладонаи шодобу сабз рӯида ва моил ба хӯшабандӣ дошта, ки аз пурбор будан гувоҳӣ медиҳад, бештар кошта мешудааст. Доноён санҷише (ҳамчун лабораторияҳои имрӯзин) мегузаронданд, ки дона бар асари баҳраёбӣ аз хоку ҳавову борон ва офтобу нури моҳ, дар даруни худ ба болидану нашъунамо кардан мепардозад ва неруҳои аз Замину Осмон ба сӯяш сарозергаштаро ба худ ҷазб карда, дар муҳити фаъоли хеш, донаҳои фаровону зоянда ба бор меоварад.
Расми дигаре, ки имрӯз низ дар ҷашнгирии Наврӯз риоя мешавад ва дар борааш суханҳои бисёре навиштаву гуфтаву шунида шудааст, расми густурдани «Хони наврӯзӣ» мебошад. Мехоҳем ёдовар шавем, ки ин фол бар шумораи дар бостон барои тоҷиктаборон муқаддаси «ҳафт» созмон ёфтааст ва на «ҳафтсин», на «ҳафтшин» ва на «ҳафтмим» буда, балки «ҳафтчин» будааст, ба маънои ҳафтмеваи чиданӣ – себ, нок, анор, шафтолу, зардолу, ангур, лимӯ. Ва, бояд ба таъкид гуфт, ки ҳарфҳои «син» (С), «шин» (Ш), «мим» (М) кадом иртиботе бо чида шудани он меваҳо надоранд. Аммо чӣ метавон кард, ки пас аз чира шудани тозиён бар ориёбуми тоҷикон, аз ин ки тозиён овои «Ч» надоштанд, онро «син», (С) хонданд. Ва чӣ ҳам метавон кард, ки ғалатҳои ҷорикардаи тозиён чунон ба ин оин ҷазб шудаанд, ки онро дигар наметавон ислоҳ кард.
Ва акнун хони «Ҳафтсин» - и имрӯз, ки бояд аз «ҳафт» чиз ороиш ёфта бошад, иборатанд аз сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак, сипанд. Аммо бояд донист, ки шумораи «ҳафт», ки муқаддас дониста шуда, ба хотири поси ҳафт фариштаи ориёӣ (сипантои амшоспанд), ҳафт бонуи наврӯзӣ рӯи лаълиҳо пешкаш мекарданд, дархӯри чунин фолҳо мебошад:
Сир – нақши ҳимоятгарро дар хони наврӯзӣ иҷро мекунад ва хонадонро аз неруи манфӣ ва чашми бад дур нигаҳ медорад.
Себ – рамзи (символи) саломатӣ ва меҳри сокинони хона бо ҳамдигар аст.
Суманак –  рамзи баракат аст.
Сикка (танга, дирам) - рамзи сарват аст ва расм шудааст, ки онро ҳамроҳи гандум сари хони наврӯзӣ гузоранд, то ки сарватеро, ки ба дастархони худ мехоҳем, пурбаракат бошад.
Сипанд (Испанд) – ро ҳамеша дуд мекунанд, то аз чашми бад дур бошанд. Дуд кардани сипанд аз бостон дар хонаводаҳои тоҷикону эронитаборон расм будааст.
Сабза – рамзи рӯиши дубора ва оғози дубора аст. 
Санҷид – рамзи робитаҳову пайвандҳои кориву хонаводагӣ аст; агар дар соли гузашта бо ҳам муомилаву муоширати дилхоҳ надоштед ва дар Соли нав хоҳиши дубора барқарор кардани муоширати хешро дошта бошед, чидани санҷидро рӯи хони наврӯзӣ аз ёд набаред.   
Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар «Ҷомеъ – ул – ҳикматайн», бо ёдкард аз шумораи барои тоҷикон хуҷастаи «ҳафт», ин фазилатҳои беҳтарини маниши ориёиро ба хотир овардааст:
Ҳунармандӣ,  хирадварзӣ,  гуфтори нек,  кирдори нек,  андешаи нек,  хушхӯӣ,  донишварии ростин, ки бозгӯии он дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мояи худогоҳии миллӣ ва посдошти ибтикорҳои наҷиби Сарвари давлат мебошанд.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 377

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед