logo

сиёсат

САМАРИ ЯК ТАШАББУС

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тавсеаи ҳамкориҳои судманди байни давлатҳоро намунаи устувории мавқеи стратегии кишвар номиданд. Густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, ки собиқаи таърихӣ дорад, метавонад барои шакли навро касб намудани дипломатияи минтақавӣ ва дар маҷмӯъ барои ташкили риштаҳои нави дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мусоидат намояд. Мардумони тоҷику ӯзбек бо амри сарнавишт тайи садсолаҳост, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебаранд. Дар замири ин дӯстӣ, ки ҳамқарини сарнавишт, таърихи ягона, умумияти дину оин, анъана ва фарҳанг қарор дорад, ҳар ду миллат комёб гардидааст. Омезишу қаробати ин ду мардум ҳатто то ба ҷоест, ки баъзан онҳоро аслан як халқи дорои ду забон мехонанд.
Тоҷикону ӯзбекон дар тӯли таърих рӯйдоду таҳаввулоти гуногунро аз сар гузаронданд. Иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг давра ба давра инкишоф ёфта, дар садаи XX онҳо гардишу дигаргуниҳои куллиро ба бор оварданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо сиёсати дохилию хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоди бозаргонӣ, эҷоди заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳо равона кард. Густариши ҳамкориҳои серҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ дархӯри манофеи миллии кишвар буда, роҳбарияти ҷумҳурӣ баҳри татбиқи амалии он пайваста саъю талош меварзад.
Дар ин росто муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Ӯзбекистон аҳамияти махсус дорад. Паҳлуҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ҳамвора тавсеа ёфта, дар роҳи инкишофи дӯстиву қаробати беш аз пеши тоҷикону ӯзбекон заминагузориҳои хуб сурат мегиранд. Пешрафту комёбиҳои ин ду кишвар самтҳои нави ҳамкориҳоро ба вуҷуд меоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, зарурати омӯзишу баррасӣ ва дарёфти бархӯрду шеваҳои беҳтари рушди ҳамкориҳо ба миён меояд.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали эъломи Истиқлолияти давлатӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи манофеи миллии кишвар дар муносибат бо кишварҳои гуногун, аз ҷумла бо Ӯзбекистон сиёсати ҳамсоягии нек, ҳамзистии осоишта ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеш гирифта, пайваста дар роҳи инкишофи равобити гуногунҷабҳа саъю кӯшиш менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъди ба ҳайси субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардидан байни ҳам робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, намояндагиҳои дипломатии хешро дар сатҳи сафорат дар Тошканду Душанбе фаъол намуданд.
Дидору вохӯриҳои расмию ғайрирасмии роҳбарони ҷумҳурӣ, ки мунтазам сурат мегиранд, барои вусъату таҳкими ҳамкориҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар нақши муҳим доранд. Бар асари чунин боздидҳо ва кӯшиши ҷонибҳост, ки ҳоло муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро беш аз 70 санади имзошуда ба танзим медарорад.
Махсусан сафари расмии давлатии Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар таърихи 9 - 10  марти соли 2018 марҳилаи навро дар ҳамкории миёни ду кишвар оғоз бахшид.  Бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки ҳамсояҳоро ба висоли дӯст ва хешон расонд. Ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳост.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон мебошад, ки низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳоро ба муҳлати 30 рӯз қарор кард.
Акнун мардумони шарафманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати неку ояндадор ва бобарору сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ин пас дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва дигар ормонҳои чандинасраи хеш зиндагӣ хоҳанд кард.
Аминҷон ШАРИФОВ,
Ҳайдар ҲАЙДАРОВ,
омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 239

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед