logo

сиёсат

ИҚДОМОТИ ДУ САРВАР

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати мардуми ду кишвари бародар қарор гирифтааст. Тоҷикону ӯзбекон аз мулоқоти дӯстонаи ду сарвари муаззам, созишномаҳои имзошуда, боздидҳо аз намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ изҳори хурсандию хушнудӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари Шавкат Мирзиёевро сафари таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Боиси хурсандист, ки рӯз ба рӯз муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳтар мегарданд. Халқҳои бо ҳамдигар дӯсту бародар дар тӯли асрҳои зиёд робитаҳои наздик доштанд ва дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар аср 15 рамзи беҳтарини ин дӯстии безавол  аст. Имрӯз авлодони ин ду шоири шаҳир дӯстиву ҳамгироиро азизу гиромӣ медоранд. Расму ойин, анъанаҳои муштарак, иштирок дар маросимҳои шоду ғами якдигар халқҳои тоҷику ӯзбекро бо ҳам наздиктару қаринтар гардондаанд. Ва ҳоло дар ҷаҳони муосир кам халқҳоеро ёфтан мумкин аст, ки ин қадар бо ҳамдигар наздику пайванд бошанд, то ин дараҷа ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром ва иззату икром намоянд.
9 марти соли равон дар шаҳри Душанбе 27 созишнома ба имзо расид. Аз ҷумла, байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо шуд. 
Истифодаи потенсиали бузурги саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба манфиати ҳар ду кишвар аст. Бунёди корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳар ду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, асбобҳои рӯзгор, коргоҳҳои коркарди алюминий бунёд менамоянд.   
Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро шоҳроҳҳои бузурги минтақавӣ бо ҳам пайваст менамоянд. Роҳҳои Ӯзбекистон-Тоҷикистон - Чин, Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Қирғизистон, Ӯзбекистон-Тоҷикистон - Афғонистон ва ғайра ҳар ду кишварро ҳамчун кишварҳои транзитӣ байни Шарқу Ғарб муаррифӣ мекунанд. Роҳи оҳани "Амузанг-Ғалаба", ки аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, барои интиқоли молу маҳсулот ба ҳар ду кишвар нақши муҳим мебозад.
Аз ҷониби Ӯзбекистон паст гардидани тарифҳои хизматрасонии нақлиётиро мо як рамзи эҳтироми бародарона меҳисобем, ки самараи онро мардуми Тоҷикистон аллакай эҳсос намудаанд: маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду гандум, биринҷ ва ғайра дар бозорҳои кишвар  хеле арзон гардиданд.
Нақлиёти ҳавоии ҳар ду кишвар ояндаи дурахшон доранд. Ҳоло    байни Душанбеву Тошканд парвози тайёраҳо ба роҳ монда шудааст ва  дар оянда ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд масирҳои нави парвоз ифтитоҳ мегарданд.
Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Бо кушодашавии гузаргоҳҳо сафари гурӯҳҳои туристӣ ба ҳар ду кишвар боз ҳам зиёдтар гардид. Дар ҷаласае, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, меҳмонони ӯзбек изҳор доштанд, ки соли гузашта шумораи сайёҳони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон панҷ маротиба зиёд шудааст. Мавриди зикр аст, ки шумораи сайёҳони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.   
Дар барномаҳои стратегии ҳар ду кишвар рушди саноат ва содироти маҳсулоти саноатӣ ба кишварҳои Осиё пешбинӣ гардидааст. Бо ташкили ширкатҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба рақобат тобовар ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод.
Манучеҳр  РАСУЛОВ,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 329

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед