logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ТАЪРИХРО АЗ НАВ ОҒОЗ КАРДЕМ"

Ин буд меҳвари асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар консерти «Шоми дӯстӣ», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва устодони санъати ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар баргузор гардид.

Бемуболиға, ин нидои дили мардуми ду кишвар буд. Ва, воқеан ҳам, дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо таърихи муносибатҳои дипломатии мо бо кишварҳои гуногуни дунё, балки таърихи миллати тоҷик низ аз нав оғоз ёфт.
Пешвои миллат бори дигар аз хиради азалӣ кор гирифта, дасти дӯстӣ фишурданд ва оғӯши бародарӣ боз намуданд. Ин шоҳбайти устод Рӯдакӣ самимиву садоқатмандона садо дод:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҷаҳониён дар мисоли ин вохӯрӣ дарк карданд, ки меҳвари сиёсати Тоҷикистон ҳамоно ваҳдату якдигарфаҳмӣ аст. Чун дирӯз буд, ки устод Мирзо Турсунзода дар кишварҳоии Африқову Амрико ва Ҳиндустону Покистон месуруданд:
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!

Бори дигар таърихи навини Тоҷикистон шоҳиди он шуд, ки дар амалишавии орзуву ормонҳои халқ шахсияти бузурги он нақши калидӣ дорад. Мо инро аз таърихи асри гузаштаи кишвари хеш дар мисоли фаъолияти сиёсиву сулҳпарваронаи Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров дидаву омӯхта будем. Таъсиргузорӣ ва шинохти чеҳраҳои мавсуф ба дараҷаест, ки имрӯз ҳам ному нишони эшон аз минбарҳои баланд садо медиҳад ва ба некӣ ёд мешавад.
Риштаи суханҳои Пешвои миллат ҳам дар оғози «Шоми дӯстӣ» тавъам ба масоили дигар, бештар ба равобити фарҳангиву адабии ин ду миллат гиреҳ хӯрда, фоли нек мекушод. Зеро робитае, ки дар заминаи фарҳанг, адабиёт, санъат, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ барқарор мешавад, дерпой аст.
Сарвари давлат рамзӣ будани баргузории вохӯрии сарони давлатҳоро дар арафаи Наврӯзи Аҷам ва баҳори фаррухпай таъкид намуда, иброз доштанд, ки маҳз дар арафаи Наврӯз мардум на танҳо хонаҳои худ, балки хонаи дилҳоро таконда, аз кина, ғараз ва адоват пок мешаванд, якдигарро бахшида, дасти ёриву бародархондагӣ дароз мекунанд. Ба хабаргирӣ ва истиқболи ҳамдигар бо гулу гулдаста ва шаҳду шакар мешитобанд.
Бавижа, дӯстии воқеиву самимии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар таърихи адабиёт моро дилгарм месозад, ки ин ду халқ дар гузашта низ такягоҳ ва ҳамдами ҳамдигар будаанд. Мардуми тоҷику ӯзбек садсолаҳост, ки аз як дарё об менӯшанд, сарчашмаи обу ободӣ ва барқу барозандагиашон ҳам, имрӯз ҳамин кӯҳсорони баланду чашмаҳои ҷӯшон ва пиряхҳои ҳазорсола аст. Чун сухан аз ҳикмати об рафт, ин қавли маъруфи Бедили бузургвор ногаҳон вирди забон мешавад: «Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност…».
Аҳли зиёи ҳар ду кишвар низ ин назокату ҳақиқати фалсафаи Наврӯзу баҳорро дар рафти «Шоми дӯстӣ» хуб эҳсос мекарданд. Бавижа, аз ваҷоҳат ва самимияти суханони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯшан мешуд, ки ӯ аз истиқболи гарми дӯстонаву бародаронаи халқи мо шоду масрур аст. Ӯ низ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозӣ изҳор дошта, такрор кард, ки «таърих аз нав шурӯъ шуд».
Мо, ҳамчун иштирокчии ин чорабинии таърихӣ, бори дигар аз дурандешӣ, ҳикмату фалсафаҷӯӣ ва фарҳангпарварии Пешвои миллат сарафроз шудем. Зеро воқеан ҳам мо – тоҷикон Наврӯзро ба ҳамин ҳикмату фалсафаи инсонгароёнааш мешиносем. Маърифату бардошти мо аз ин ҷашни ниёгон ҳамон дӯстӣ, гузашт ва сулҳу амонӣ асту бас.
Муҳиту фазои дӯстонаи маҳфилро созу сурудҳои ҳунармандони тоҷику ӯзбек рангӯ бӯи дигар бахшид. Махсусан, аз тарафи сарояндагони ӯзбек  бо маҳорати баланд суруда шудани таронаҳои тоҷикӣ ва аз ҷониби овозхонони тоҷик садо додани сурудҳои ӯзбекӣ ҳозиринро мутаассир карда, собит намуд, ки санъату ҳунар сарҳад надорад ва барои аҳли дил рисолаташ як аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 362

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед