logo

сиёсат

АФЗАЛИЯТИ ТАЪРИХӢ Ё ТАВСЕАИ РОБИТАҲОИ ДӮСТОНАИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАР

Дар таърихи халқу миллатҳо ва муносибатҳои байнидавлатии онҳо рӯйдоду воқеаҳои  муҳиме ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар равобити минбаъда тақдирсоз, муайянкунанда ва калидӣ арзёбӣ мегарданд. Ин воқеаву рӯйдодҳо ҳолати мавҷудаи муносибатҳоро сифатан дигар карда, бо андеша, диди нав ва амалу рафтори наҷибона пойдевори наверо дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ рӯйи кор меоранд.
Ҷавҳари чунин рӯйдоду воқеиятро на шаклпарастӣ ва этикет дар муносибати байнидавлатӣ, балки мазмуну мундариҷаи ҳастии таърихии ин ё он давлату миллат, ҷудонопазирии гузаштаи ягона, фарҳангу анъана, урфу одат, моил будан ба ҳамдигар ва майл кардан ба наздикшавӣ ташкил медиҳад. Вале ин равандро бе шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва нақши онҳо дар эҳёи андешаи солими давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз зумраи чунин сарсупурдагони миллати худ мебошанд, ки ба нақш ва ҷойгоҳи таърихи халқҳояшон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳанги ҳамдигарӣ, дӯстию рафоқати дахлнопазирӣ аз  санҷиши замонҳо гузашта назар карда тавонистанд. Моҳияти иҷтимоии ҳамбастагии ду миллати бо ҳам дӯсту бародарро аз сари нав эҳё карда, барои ба нафъи минбаъдаи ҳамдигарӣ ривоҷ додан пешниҳод намуданд.
Президенти маҳбуби Тоҷикистон аз зумраи сарвароне мебошанд, ки муносибатҳои неку судманди ҳамсоягиро яке аз муҳимтарин ва асоситарин афзалиятҳои фаъолияти худ арзёбӣ кардаанд: «Минтақаи дигаре, ки мо ба он талаллуқ  ва ҳамкорӣ дорем, Осиёи Марказист, ки аз лиҳози ҳар гуна қаробат ба мо наздиктарин аст. Мардумони ҳамаи кишварҳои моро умумиятҳои зиёди гуногун, аз қабили таърихи  муштарак, зиндагии монанд, анъанаҳои таърихиву фарҳангу омилҳои мухталифи иҷтимоиву инсонӣ ба ҳам меоранд. Ҳама нияту ҳадафҳои мо на танҳо ба нафъи кишвари худамон, балки ба манфиати ҳамаи ҳамсоягон мебошанд».
Сарвари давлати мо бо такя ба дӯстии шикастнопазири ду халқи як минтақаи ҷуғрофӣ ва анъанаҳои неки хешутабории онҳо, ба ояндаи нек ва дурахшони муносибатҳои байнидавлатӣ  боварии  комил доштанд. Бо таҳаммул барои оянда пайроҳа ва роҳи васеи ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро кушода, дар ҳама ҳолат дурандешӣ ва хирадмандии сиёсӣ нишон медоданд, ки натиҷаи тиллоӣ ба бор овард.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9 -10 марти соли равон ба вуқӯъ пайваст, бо натиҷаҳои хубу бобарор ба анҷом расид. Ҷараёни ин сафар ва натиҷаҳои бадастомада бори дигар шахси таърихии нотакрор, дурандеш, хирадманд, таҳаммулпазир, ба ояндаи нек боварӣ доштани Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро исбот карданд.
Муҳимият ва аҳамияти таърихию сиёсии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва гуфтушунидҳои ду кишвари бо  ҳам дӯсту ҳамсоя, натиҷаи талошҳои роҳбари ду давлат: Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар роҳи на танҳо муътадил гардондани муносибатҳои байнидавлатӣ, балки ба сатҳи сифатан нав баровардан ва рушду таҳкими минбаъдаи онҳо ба нафъи халқҳои тоҷику ӯзбек арзёбӣ мегардад.
Ин сафари давлатӣ ва натиҷаҳои он дар баробари оғози марҳилаи сифатан нави равобити ду кишвари бо ҳам дӯст, ҳамчунин, метавонад дар таҳкими муносибатҳои сифатан нави минтақаи  Осиёи Марказӣ нақши арзанда бозад, зеро мардумони минтақа ба чунин муносибати одилонаи байнидавлатӣ ниёз ва боварӣ доранд.
Карим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 295

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед