logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи навбатии Президенти Федератсияи Россия хоҳишмандам самимонатарин табрикоти инҷонибро қабул фармоед.
Интихоби дубораи Шумо ба ин маснади олии давлатӣ нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Россия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати Шумо, ки ба таҷдиду таъмини рушди босубот ва таъмини амнияти кафолатноки Россияи дӯст, ҳамчунин, таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, мебошад.
Дар Тоҷикистон Шуморо ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.
Итминон дорам, ки дар давраи пешомад мо бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямонро дар ҳама соҳаҳои ҳамдастӣ бо мазмуну мундариҷаи созандаи нав мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанитар хоҳем гардонд.
Ҷониби Тоҷикистон қотеона омода аст, ки ҳамаи имкониятҳои дар ин ҷода мавҷударо ба роҳ андозад.
Аз сидқи қалб ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва комёбиҳои зиёд дар фаъолияти минбаъдаатон дар маснади сермасъули роҳбари давлати Россия ва ба мардуми дӯсти Россияи бузург сулҳу амонӣ ва пешрафт орзумандам».
* * *
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Раис!
Хоҳишмандам, табрикоти самимии инҷонибро ба муносибати дубора интихоб гардиданатон ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.
Дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо бемисланд ва интихоби якдилонаи дубораи Шумо ба ин мансаби олии давлатӣ нишонаи возеҳи дастгирии қавии роҳи сиёсии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Чин мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, изҳори итминон менамоям, ки мо бо саъю талошҳои муштарак минбаъд низ ба рушду тавсеаи бемайлони муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, ки ба анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя доранд, мусоидат хоҳем кард.
Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Раис, саодатмандӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав, инчунин, ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 1907

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед