logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ФАРХУНДАИ НАВРӮЗ, Ш. ОСТОНА, 15 МАРТИ СОЛИ 2018

Мо, президентҳои Ҷумҳурии Қазо-қистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон халқҳои Осиёи Марказиро бо Ҷашни умумии тамоми минтақаамон – Наврӯз табрику муборакбод мегӯем.
Махсус таъкид менамоем, ки 23 феврали соли 2010 ин ҷашн бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардида, аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният ворид карда шуд.
Ҷашни Наврӯз дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ рамзи эҳё ва бедории табиату ҷомеа, поксозии маънавӣ ва худидоракунии инсон мебошад. Ин ҷашни фархунда некуаҳволӣ, ваҳдат, бародарӣ ва дастгирии мутақобила, инчунин, тамоми он арзишҳои фарҳангиву таърихии абадиамонро, ки халқҳои моро муттаҳид месозанд, таҷассум мекунад. Ин мероси бузургро, ки аз аҷдодони умумиамон ба мо мерос мондааст, бояд ҳифз намоем ва онро инкишоф диҳем.
Давраи ҷашнгирии Наврӯз дар ҳама давру замон пойдории муносибатҳои инсонӣ ва оилавӣ, робитаҳои дӯстиву накуҳамсоягӣ ва меҳмоннавозии махсус миёни ҳамсоягонро ифода менамуд. Ин ҷашн имрӯз низ барои мамлакатҳои мо, ки бо таърих, фарҳанг, тарзи ҳаёт ва анъанаҳои умумӣ тавъаманд, муҳим аст.
Басо рамзист, ки дар арафаи ин ҷашни умумӣ мо барои ҳамкории минтақавӣ, дастгирии мутақобила, ҳалли муштараки масъалаҳои мубрами марбут ба таъмини амнияту субот ва рушди устувори тамоми минтақаамон изҳори талош менамоем.
Ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи инфрасохтори ҳамлунақлию нақлиётии минтақавӣ, оқилона аз худ намудани захираҳои обу энергетикӣ ва иқтидорҳои озуқаворӣ, рушди саноат ва соҳаҳои коркард, истифодаи технологияҳои пешрафта ва инноватсия дар самти пешбурди иқтисодиёти рақамӣ ба рушди устувори некуаҳволии мардумони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Дар заминаи масъулияти таърихии худ барои нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва бародарии байни халқҳоямон, мо ба таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, маорифу илм, сайёҳӣ ва варзиш даъват менамоем.
Дар арафаи эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, ҷашни эҳё ва тоза намудани рӯҳ, мо ба мардумони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин, ба тамоми мардумони сайёра сулҳу некуаҳволӣ, фаровонию хушҳолӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандем.
Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон рафоҳату хушнудӣ биёрад!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 335

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед