logo

иҷтимоиёт

ТАКАЛЛУФРО НАМЕПИСАНДИД

– Бачаҳо, ба мактаби мо шоири ҷавони тоҷик, журналисти оташинсухан (он замон ин ибораи маъмул буд), шогирди мактаби худамон Ғоиб Сафарзода ташриф овард, ҳозир бо аъзои маҳфили эҷодкорон, дар танаффуси калон бо ҳамаи хонандагон вомехӯрад. Шумо шеърҳои зиёди ӯро аз ёд медонед, агар имкон шавад, баромад мекунед, фаҳмидед? – гуфт як  рӯзи моҳи феврали соли 1965, вақте дар синфи 8-ум мехондам, муаллими фанни забону адабиёти тоҷикамон Абдулмаҷиди Абдулҳай ба дарсхона саросема ворид гашта.
– Бале, – баробар ҷавоб дод чанд нафар.
– Ту, Садриддин, дафтари эҷодата бигир, рафтем, - таъкид кард устод. Чун ба ҳавлӣ баромадем, аллакай 4 - 5 навқалами дигар ҷамъ шуда буданд. Ман дар бораи маҳорату ҷасорати ин адиб бисёр шунида будам, вале ӯро аз наздик надида будам. Шояд аз ин ҷиҳат буд, ки вақте ба кабинети директор наздик мешудем, саропои маро изтироб фаро мегирифт. Ӯ дар боби навиштаҳоям чӣ мегуфта бошад? – гӯён меандешидам. Дар паҳлуи директор Абдул Каримов як ҷавони лоғарандоми чашму абрӯсиёҳ, қоматбаланд, пешонавасеъ ва гандумгун менишаст. Ӯ баробари дидани мо аз ҷой бархест, ҳар кадоми моро ҳол пурсид, ба оғӯш гирифт, рӯ ба рӯ ва дар паҳлуяш шинонд. Мегуфтӣ ошнои дерина бошад. Чеҳраи шукуфонаш тарс, воҳимаро аз қалбҳои мо наврасон дар як лаҳза зудуда гардонду шерак шудем. Дафтарҳои  маро дид, фармуд, ки навиштаҳоро хонем, дар саволу ҷавоб фаъол будем, ин ба директор ва устодонамон Абдулмаҷиди Абдулҳай ва Убайдуллоҳи Умар форид. Шоири ҷавон аз бобати талаботи назм, насрнависӣ, масъулияти қаламкашӣ мухтасар, саҳеҳ, бурро сухан мегуфт. Баъд ҳамроҳи мо ба саҳни ҳавлӣ баромад, рӯзномаҳои деворӣ, дарсхонаҳои фаннӣ, устохонаи таълимиро тамошо намуд. Занги танаффус садо дод.
Ҷамъомад бо ширкати шоири ширинкалом ҷаззоб ва рӯҳпарвар оғоз  шуд. Ӯ мегуфт:
– Хонандагони азиз, шумо аз ҳама пеш бояд ғурури миллӣ, нанги ватандорӣ дошта бошед, танҳо ин омил моро  аз ҳамаи монеаҳои зиндагӣ сарбаланд, бошарафона мегузаронаду ба рӯзгори босаодати шоиста мерасонад. Барои ин дар ҷавонӣ бештар китоб хондану касбу ҳунар омӯхтан зарур аст.  Ҳар чи бештар забон омӯзед. Забонҳо калиди дари ганҷи илму фанни халқи оламанд.
Вохӯри поён ёфт.
Дар ёдам мондааст, баробари ба хонааш расидан, раисони номдори хоҷагӣ Бобошо Шариф, Одина Остона ва собиқадорони ҷангу меҳнат ба дидорбиниаш мешитофтанд. Шоир як ҷо бо онҳо пеш аз ҳама ба хонаи мусибатзадагону муҳтоҷон аёдат мерафт. Ӯ ҳамаи омӯзгорон, табибон, деҳқонон, устову ронандагони меҳнатқарини деҳаи Кадучиро мешинохт.
Бо ташаббусу кӯшиши шоири раиятпарвар дар хоҷагӣ бригадаи хоссаи боғдорӣ эҳё гашт, дар чорсӯ дукони меваву сабзавот таъсис ёфт, ки дар 4 фасли сол аз он маводи даркориро дарёфт кардан имкон дошт. Ҳамчунин, роҳи мактаби деҳа асфалтпӯш гашту аз ҳисоби идораи савдои ноҳия дар мактаб дукони фурӯши ашёву лавозимоти талабагӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Ӯ ҳар сол, қабл аз анҷоми соли хониш, ба мактаб меомад, дар баъзе имтиҳонот ширкат меварзид, аз хатмкунандагон марому мақсади ояндаашонро мепурсид, онҳоро барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ҳидоят менамуд.
Некиҳо, дилсӯзиҳои шоир дар ҳаққи донишҷӯён низ хеле хотирмон мебошад. Аз ҷумла, банда чанд моҳи аввали таҳсил аз норасоии хобгоҳи донишҷӯӣ дар хонаи ӯ мезистам.
Чун ба хобгоҳи донишгоҳ кӯчидам, баъзан рӯзҳои истироҳат ба дидорбинии ману ҳамдеҳаам Абдулҳақ Сафаров меомад, мегуфт:
– Ку бихезед, ба хобгоҳи бачаҳо биравем, чӣ ҳол доранд?
Ҳар се то шом хобгоҳ ба хобгоҳ мегаштем, мепурсид, ки аз  имтиҳон кӣ қарздор аст, чаро бад мехонад? Чӣ намерасад? Ҷойи  хоб дорад, идрорпулӣ мегирад ё не? Баъд саъй мекард, ба қадри тавон мушкилоташонро рафъ созад. Маҳалгароиро намеписандид, башардӯст буд. Мо, донишҷӯён, дар симои устоди азиз, бародари бузурги хеш, қаноти парвоз, сутуни қалбамонро медидем. Бо вуҷуди серкорӣ навиштаҳои маро талаб менамуд, барои чоп ба нашрияҳо тавсия медод. Аз комёбиву пешрафти мо шод мегашт.
 Мо ҳар кадом ормону орзуҳои рангин доштем, яке рӯзноманигор, дигарҳо табибу кишоварз, ҳуқуқшиносу муҳандис шуданӣ будем. Устод аз олами ҳавасҳои наҷиби мо меболид.
Устод Сафарзода такаллуфу маҳфили хоссаро бахшида ба эҷодиёташон тақозо надошт, намеписандид. Ӯ пойи пиёда миёни қитъаҳои пахтазор, фермаҳои чорводорӣ, дар роҳҳои пургарду чанги деҳот қадам мезад, ба пеши халқи меҳнатӣ на чун меҳмон, балки бо ҳазор ормону масъулияту фароизи фарзандӣ мешитофт.
Ғоиб Сафарзода аз зумраи зиёиёни истиқлолхоҳ, адиби якрӯю якдил, ҷасуру бонанг буд, дар замони рукуд ба садҳо таҳқир, танбеҳ, таъқиб тоб оварда, барои тантанаву рушди забону фарҳанги миллӣ ҳақталошиҳо дошт, дигаронро низ ба ин кор ташвиқ менамуд. Сад дареғ, ки ӯ ба рӯзҳои пурсаодати Истиқлолияти давлатӣ нарасид. Аммо тавассути шогирдон, пайравони шуҷову донишмандаш ғояҳои барҷастаи хештаншиносӣ, озодихоҳӣ имрӯзҳо низ талқин ва тарғиб мегарданд – мактаби тарбияи худшиносии миллии шоири зиндаёд фаъол аст.
Садриддин ҲАСАНЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 317

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед