logo

фарҳанг

ТАҚВИМҲОИ САНГИН Ё ВАҚТЕ РИШТАИ НУРИ ОФТОБ АЗ СӮРОХИ САНГ МЕГУЗАРАД

Оид ба нишонаҳои табиӣ ва сангҳои тақвимии деҳаҳои гуногуни ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон олимони бостоншиноси маъруф, мисли М.С. Андреев, И. Муҳиддинов, М.С. Бубнова ва ғайра дар асарҳои худ маълумоти зиёде додаанд. Чунин тақвимҳои сангин, ки ба Наврӯз робитаи қавӣ доранд, дар деҳаҳои Хуф, Равмеду Савноби водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, Тингхони ноҳияи Роштқалъа, Рин, Зумудг, Зугванд, Ямги ноҳияи Ишкошим мавҷуданд ва замоне чун тақвими ягона барои мардуми маҳал хизмат кардаанд. Шодихон Юсуфбеков, доктори илм, директори Донишкадаи илмҳои инсоншиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар суҳбат зикр намуд, ки маъмултарин тақвими сангин тақвими донишманди маъруфи охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ мебошад. Ин тақвимро ӯ дар назди хонаи худ, дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим бунёд кардааст. Он аз чор нишонасанги пайи ҳам қатор иборат аст, ки ба тарафи офтобнишин дар масофаҳои гуногун гузошта шудаанд. Санги якум дар назди хонааш гузошта шудааст, ки он дар худ сӯрохӣ дорад ва «офтоббин» - аш меноманд. Наздикии ғуруби Офтоб мӯйсафеди таҷрибадор дар назди санги сӯрохи «офтоббин» ба зону нишаста, мушоҳидаи худро оғоз мекунад. Ӯ ба воситаи сӯрохии ин санг ба сангҳои дуюм, ки дар шакли тирезача дар теппа монда шудаанд ва «ҳамалхона» ном доранд, чашм медӯзад. Тавассути сӯрохии ин тирезача ба сангҳои сеюм ( ки « дарвоза» ном дошта, аз ду санги рост истода иборат буда, дар масофаи б5 метр дуртар ҷойгиранд) ва чорум (ки «чилсанг» ном дораду дар масофаи 200 метр дуртар аз «ҳамалхона» ҷойгир аст, нигоҳ мекунад. Замоне, ки Офтоб аз хати рости шикофиҳои санги офтоббин, ҳамалхона ва дарвоза мегузарад, мефаҳманд, ки Наврӯз фаро расидааст.
Ба гуфтаи Ш. Юсуфбеков, дар баробари тақвими сангини Мубораки Вахонӣ боз шаклҳои дигари тақвимҳои сангинро бостоншиносон  дар  Помири  Шарқӣ ёфтаанд, ки  онҳо  низ хеле ҷолиби диққатанд. Бостоншиноси маъруф М.А.Бубнов оид ба ин тақвимҳо, ки соли 1961 аз тарафи бостоншинос А.Д. Бобоев дар водиҳои Шарол ва Калтатури Помири Шарқӣ ёфт шуда буданд, маълумоти муфассал дода, аз ҷумла қайд кардааст: “Тадқиқотҳои астрономии Н.А. Коновалова муайян кардаанд, ки маҷмааи Шарол нақши тақвими шамсиро бозида, нуқтаи фарорасии баробарии шабу рӯз (21- уми март- рӯзи Наврӯз ва 23-юми сентябр) ва рӯзи кӯтоҳтарину (22- юми декабр) дарозтарин (22- июн)- ро аниқ нишон медиҳад. Чунин тақвимҳои сангини қадим дар дунё беҳамто ҳастанд.” Дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъа бошад, расидани шуои Офтоб ба санге дар назди мазори Шоҳбурҳони Валиро нишони фарорасии Наврӯз меҳисобанд. Дар ин ҷо саҳарӣ шуои Офтоб аз байни қуллаҳои кӯҳ то поёни деҳа мисли ришта мерасад ва ин риштаи нур рӯз ба рӯз ба тарафи санги мазкур наздиктар ҳаракат мекунад. Ҳамин ки риштаи нури Офтоб саҳарӣ он сангро убур карда мегузарад, он рӯзи Наврӯз аст.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 235

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед