logo

фарҳанг

НАВРӮЗИ ДИЛУ ДИДА

Мардуми тоҷик Наврӯзро бо меҳру муҳаббати хосса таҷлил мекунад. Чун он ба рӯзи якуми моҳи ҳамали солшумории шамсӣ ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд, дар баъзе навоҳӣ "Иди сари сол" низ ном мебарандаш. Коршиносон вожаи «Наврӯз» - ро аз форсии миёнаи nogroz донанд, ки баргирифта аз вожаи авастоии navaka rauca аст. Абурайҳони Берунӣ аз ин хусус дар китоби машҳури хеш "Осор - ул-боқия" чунин навишта: "Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони Соли нав аст".
Агар ба имрӯзи ин ҷашни таърихӣ бингарем, ба осонӣ метавон дарёфт, ки Наврӯз маҳз дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон умри дубора ёфт, куллан мазмуну оҳанги миллӣ касб кард. Гузашта аз ин, маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар ва ҷонибдории соири давлатҳои Ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашни куҳанбунёди мо мақоми байналмилалӣ гирифт.
Бо фарорасии арӯси сол - Наврӯз табиати нотакрори куҳандиёрамон бо қабои мунаққаш аз сабзаву ёсуману сияҳгӯшу дарахтони гулрез дилҳоро ба ваҷд меорад ва дар хонадон бо орзую умеди наку омадани соли нав аз паи таҳияи хони наврӯзӣ мегарданд. Зимнан, чанде аз ин пештар дар таштҳо гандум парвариш мекунанд, ки дар арафаи ид месабзад ва аз он барои хони идона, рамзи асосии Наврӯз – суманак мепазанд. Дастархонро кадбонуҳои ҳунарманд бо анвои «ҳафтсин» оро медиҳанд. Мавриди зикр аст, ҳеҷ яке аз ин «син» - ҳо тасодуфӣ нест ва дар тӯли асрҳо гулчин шудааст. Зеро ҳар кадоме баёнгари рамзи махсусест. Аз ҷумла, себ аломати зебоӣ, сабза , яъне гандуми нешзада рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко дарозумрӣ ва сабру тоқат,санҷид  меҳру муҳаббати пок, сикка - сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва ниҳоят суманак рамзи фаровонию осудагӣ ҳастанд. Ҳатто дар ҳамин дастархонороӣ метавон намунаи барҷастаи тамаддунофарии мардуми тоҷикро бори дигар дарк намуд. Пас аз истиқлол як анъанаи наву нек арзи ҳастӣ карда истодааст. Ҳар сол ягон шаҳр ё ноҳияи кишвар мизбони Ҷашни байналмилалии Наврӯз мегардад ва аз тамоми гӯшаҳои кишвар ба ин ҷо омада, бо рӯҳи болида, бо шеъру тарона, рақсу суруд, мусобиқоти варзишӣ, хосса гӯштигирӣ таҷлил мекунанд ва он ба Ҷашни ваҳдати миллӣ табдил меёбад.
Фирдавс МИРСАРВАРЗОДА,
магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 295

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед