logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ДАР ЯҒНОБ

Наврӯз ва оину маросимҳои марбут ба Соли нав, ки яғнобиён онро (soli - sar) “сари сол”  меноманд, дар асоси сарчашмаҳои нодири хаттӣ ва фолклорӣ тадқиқ гардида, ба омӯзиши шуғли деҳқонӣ, ҳунармандӣ ва афкори бостонӣ-фалсафии яғнобиён ба анҷом расидааст.
Ҷашни Наврӯз, қабл аз ҳама, рамзи эҳё ва бедории табиат, ҷавонии оламу одам мебошад. Мардуми бостонии Яғноб, ки дар кӯҳистони дурдасти сахту сангин умр ба сар мебаранд, ин ҷашнро, ки марбут ба кишоварзию деҳқонӣ ва шуғли инсон бо замин аст, аз даврони (иски- iski) қадим бо як силсила расму оинҳои дилангез таҷлил менамоянд. Дар Яғноб пас аз истилои арабҳо, “ҳафтшин” (haft sin) ва “ҳафтсин” (haft sin) расм нашудааст, шояд аз нарасидани ғизоҳои рӯи дастархон истилоҳи “ҳафтшин” (haft sin) ба “сафедӣ” (safidi) тағйир ёфта бошад, зеро сафедӣ рамзи рӯшноӣ, покӣ, неруи поки деҳқонӣ бо дили пок, фазилатҳои хуби инсонӣ, барфи сафед, рамзи деви сафед бошад, ки ба одамон хушбахтӣ меорад. Баҳор бо гулу гулдастаҳо зимистонро гусел мекунад. Бар асоси бовару эътиқод мардум чунин ақида доранд, ки агар барф чи қадар об шуда ба боло равад, рӯи заминро сабзаи нарм фаро мегирад ва ҷонварони “сиёҳ” – dev-дев, jin-ҷин, numnosak-номгирак ol-ол бо хурсандӣ дар ҳар як хами талу теппаҳо, рустоҳо омада,  ҷой мешаванд. Аз ин хотир, мардуми Яғнобро агар дар як русто чаҳор гузар бошад, дар ҳар як гузар гулхан дармегиронанд, то ин ки деву ҷин ва ол ба деҳа наздик нашаванд ва зарар нарасонанд. Як анъанаи хуби дигари мардуми Яғноб ин аст, ки бачаҳо ва духтарон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке “сафедон” бо либоси сафед, дигарон бо либоси сабз “сабзпӯшон”-сафедпӯшонро бо эҳтиром бо гулу гулдастаҳо ва пиразани сафедро, ки яғнобиён ӯро “Холҷун” мегӯянд,  ба самте, ки он ҷо барф бошад, хайрбод мегӯянд.
Этнографи варзида М.С.Андреев аз рӯи нақлу ривоятҳои мардумӣ дар бораи деви сафед чунин изҳори назар мекунад, ки ҷолиби диққат аст: “Деви сафед дар тасаввури яғнобиён ба сурати зани зебои қоматбаланд ва дар танаш либоси сафед намудор мешудааст. Деви сафед ба гурӯҳи махлуқони хуб дохил буда, дар ҳар хона, ки пайдо шавад, гӯё дар он хона файзу баракат зиёд мешудааст”.  Ин дев баъзе вақтҳо дар шакли ҷавон ва гоҳе ба сурати зани пир намудор мегардидааст. Баъзеҳо онро дар шакли пӯкчаи чароғ тасаввур мекарданд ва ҳамин ки даст дароз кунанд, нопадид мешудааст. Деви сафед ҳомии занҳо буда, ба мушкилоти онҳо осонӣ ва дар корҳои занона аз қабили равғанкашӣ, ширдӯшию чорводорӣ файзу баракат меовардааст. Аз ин рӯ, занҳо дар вақти говдӯшӣ ба ӯ муроҷиат карда мегуфтаанд: “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, аз пайи деви сафед, ту ҳурр кун, ман пур кунам”.
Дар манотиқи кӯҳсори Тоҷикистон кампири Оҷуза ё Аҷузакампир ҳамчун образи сармо ва зимистони қаҳратун маҳсуб мешавад. Дар Язгулом дар аввали қарни гузашта тибқи маълумоти М.С.Андреев, рӯзҳои сарди зимистонро “кампир дар ғор”мегузаронад ва дар фасли баҳор вай ба маконаш меояд, ё ин ки ба мулҷари  худ меояд”.
Дар Яғноб образи сарморо ба ҷои Оҷуз ё Аҷузакампир-Холҷун меномиданд, ки ба андешаи М.С.Андреев, Оҷуз калимаи арабии “оҷиз” буда, истилои “кампири Холҷун” вожаи нисбатан қадимитари он мебошад.
Дар Яғноб сабаби хунукиҳоро дар он медиданд, ки ҷисми кампири Холҷун фавтида ва гӯр нокарда мемонад. Ҳамон вақте ки ӯро гӯр карданд, гармӣ оғоз мешавад. Аз ин рӯ, байни мардум дар бораи деви сафеди Холҷун ду ақида мавҷуд аст: нафаре мегӯяд: “онро мегӯронанд” ва дигаре мегӯяд: “Холҷун намирандааст” ва дилаш барои одамизод месӯзад. Байте аз тарафи Холҷун гуфта шудааст, ки ин аст:
Маним ноаюн, маним Холҷуни Сафед,
Начукерт, ҳур кунум, рисқт пур кунум.
Аз ин байт чунин бармеояд, ки вақте ки Холҷун пайдо мешудааст, одамро огоҳ мекардааст, ки “ман Холҷуни Сафедам, натарсед”.
Ин ҷашн барои мардум пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, маърифат бар ҷаҳолат, хубӣ бар бадӣ, ишқу муҳаббат, хайру саховат ва назофат бар касофат маънидод мешавад. Наврӯз ҷашни омад - омади баҳори нозанин, иди такопӯи замин, эҷоди зебоиҳои табиат ва зиндагӣ ва дубора зинда шудани табиат аст.
Т. ЁРОВ,
ходими калони илмии Институти забон
ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 288

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед