logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ВА МАРҲИЛАҲОИ ХУДШИНОСӢ

Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ тасдиқ кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари марҳилаҳои худшиносии миллию  мардумӣ мебошад.

Ба назари мо, раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврӯз иртиботи бевосита дорад, ба чанд марҳила  метавон  тақсим кард.
Марҳилаи аввали худшиносии миллиро метавон ба Наврӯз – ин оини дерина ва хирадгаро алоқаманд донист. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва нимтаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри донишманди ҷуғрофиёи  фарҳангию  сиёсии  ориётаборон аст, ки  тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро  дар ҷаҳони маърифати иронитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро  ҳамчун тантанаи хирад ва  адолат (ду бахши муҳими ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ) саросарӣ намудааст.
Мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то имрӯз як чиз аст – марг ва ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ калидӣ, дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ба гумони устурасозони пешин, рафъи ин мушкилот аз ҷониби Ҷамшед ба вуқӯъ пайвастааст ва нахустин бор дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои ибтидоӣ) инсон намиранда мегардад. Дар «Авасто» ин масъала, яъне масъалаи ба дасти Ҷамшед рафъ шудани мушкилоти маргу беморию пирию ранҷу зиён мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳаким Фирдавсӣ зуҳури Наврӯз ва ба ин восита аз ранҷурӣ раҳо гардидани ҷаҳонро таври зайл тасвир  намудааст:
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
                                   
Марҳилаи дувуми худшиносӣ, ки ба Наврӯз иртибот дорад, ба давраи салтанати Сосониён рост меояд. Ҳарчанд дар ин давра Наврӯз ва таҷлили маросими он камранг ба назар менамояд, рӯҳи умумии он нигаҳ дошта шудааст. Дар замони ҳукмравоии  хонадони  Ҳахоманишҳо, ки  оини зардуштӣ дар қаламрави салтанат расмӣ шуд, падидаҳои фарҳангию фалсафии гузашта, аз ҷумла Наврӯз аз ҷониби  рӯҳониёни дарбор  сарфи назар карда шуд ва маросими наврӯзӣ дар чодари тирагию торикӣ бозмонд.
Марҳилаи сеюми худшиносӣ ба давраи ҳукмронии Сомониён  марбут аст. Дар ин давра Наврӯз ба сифати ҷашни меҳварӣ мавриди таҷлил қарор мегирифт. Амирони хирадпарвари Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист.
Давраи  дигари  наврӯзшиносӣ  ва  арҷгузорӣ аз ин ҷашни  хирадмаоб  ба  охирҳои  солҳои ҳафтодуми садаи бистум рост меояд. Як зумра равшанфикрони миллӣ  ҷиҳати  дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз  саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина, корҳои зиёди фарҳангию  маърифатӣ анҷом доданд.  Ин давра сароғози марҳилаи нави  худшиносии миллӣ  бо таҷлили Наврӯзи бостонӣ  маҳсуб меёбад. Дар он замон заминаҳои  рушди маросими миллӣ  дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд.
Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ  уфуқҳои тозаро барои  таҷлили саросарии Наврӯзи бостонӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ  мавриди таҷлили  ҳамагонӣ қарор гирифт.  Масоили  шинохт, таҳқиқ, омӯзиш, арҷгузорӣ ва  саросарисозии  Наврӯз  матраҳ гардид ва дар  рушду тавсеаи он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузошт. Наврӯз дар силсилаи оину маросимҳои  миллӣ қадимтарину  фарҳангитарин ба шумор меояд ва дигар маросим  дар домони ин ҷашни  инсонпарвар ва ҳувиятсоз парварда шудаанд. 
Нозим НУРЗОДА, муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 287

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед