logo

фарҳанг

ФИРДАВСӢ ВА НАВРӮЗ

«Шоҳнома» - и Фирдавсӣ яке аз маъхазҳои муҳими Наврӯзи оламафрӯз мебошад ва роҷеъ ба ин масъала дар адабиёти наврӯзӣ муҳаққиқони гузаштаву муосир фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштаанд. Дар ин асар омадааст:
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
Аз ин байт чунин бармеояд, ки роҷеъ ба фаро расидани Наврӯз ва иди баҳор назари шахсии худро дошта, онро барои ҳамагон табрик намуда, пирӯзию саодатмандии мардумро хоҳон шудааст. Тавре ки маҳаққиқон қайд намудаанд, ин байти табрикии ӯ на аз забони қаҳрамонони асар омада, балки аз забони худи шоир баён шудааст.
Ба фикри Абурайҳони Берунӣ нахус- тин партави Хуршед ва фархундатарин соати он ҳамон аст, ки нури Офтоб дар субҳи наврӯзӣ ба даври бузурги ҳаракати худ дар масири бурҷҳои дувоздаҳгона ба бурҷи ҳамал мерасад ва ҷаҳони сокиту собитро ҳамчун оғози офариниши олам ба ҳаракат медарорад. Фирдавсӣ дар бахши «Гуфтор андар офариниши Офтоб» ҳамин ҳодисаи ба истилоҳ, «ҷунбиши аввал»-ро чунин тасвир намудааст:
Зи ёқути сурх аст чархи кабуд,
На аз боду обу на аз гарду дуд.

Ба чандон фурӯғу ба чандон чароғ,
Биёроста чун ба Наврӯз боғ.
Дар асар тасвири манзараҳои баҳор бисёр аст. Онҳоро метавон баҳория номид. Дар фасли «Гуфтор андар номаи шоҳ Кайхусрав ба Ковусшоҳ» фаро расидани баҳор ва ҳусну зебоии он васф шуда, рӯй овардани Офтоб ба табиатро боиси биҳиштӣ шудани олами моддӣ тасвир кардааст.
Бибуд, то баҳор андар овард рӯй,
Ҷаҳон шуд биҳиштӣ ба рангу ба бӯй.

Дару дашт чун парниён шуд ба ранг,
Ҳаво гашт бар сони пушти паланг.

Гузоридани гӯру оҳу ба дашт.
Бад-ин гуна бар чанд Хуршед гашт.
Дар ду мавриди дигар низ васфи баҳор омадааст ва он дар мавриди аввал ба бедор шудани олами моддӣ ҳангоми ба бурҷи ҳамал омадани Хуршед ва фаро расидани Наврӯз ишора мекунад. Он аз тасвири раъду барқу абр дар фарози кӯҳсор шурӯъ шуда, дар оби равони ҷӯйборҳо сабзидани гулҳои гуногун ба мисли наргису сунбул ва лолаву себарга ишора мешавад:
Пур аз ғулғули раъд шуд кӯҳсор,
Пур аз наргису лола шуд ҷӯйбор.

Зи лола фиребу зи наргис ниҳеб,
Зи сунбул атибу зи Гулнор зеб.

Пуроташ дили абру пуроб чашм,
Хурӯши муғаннию пуртоб хашм.

Нахандад Замин, то нагиряд ҳаво,
Ҳаворо нахонам кафи подшо.

Дар муқаддимаи «Достони Рустам ва Исфандиёр» васфи баҳорро дар шонздаҳ байт манзури ҳаводорони ашъораш намуда, дар баъзе ҳолатҳо усули тазодро истифода карда, дар дигар ҳолатҳо фаро расидани баҳорро бо тасвири бадеии шоирона тараннум намудааст. Гоҳ аз ҳусну  зебоии баҳору нолаи булбул сухан оғоз мекунад, гоҳ айёми  хушу  хурӯшидани абрро тасвир мекунад ва ҳам рӯзҳои софу беғубору хушию зебоии баҳори зиндагиро ба қалам медиҳад:
Ҳама бӯстон зери барги гул аст,
Ҳама кӯҳ пурлолаву сунбул аст.

Ба полиз булбул бинолад ҳаме,
Гул аз нолаи ӯ биболад ҳаме.

Шаби тира булбул нахуспад ҳаме,
Гул аз боду борон биҷунбад ҳаме!

Дар ҷои дигар Фирдавсӣ бо зикри Наврӯз асолати онро на фақат нав шудани рӯзгор медонад балки таъкид мекунад, ки бо омадани баҳор худи инсон низ нав мешавад, ҳаёти созандаю барозандааш таҳаввул пайдо мекунад. Ӯ, ҳамчунин, ба андеша дода мешавад ва ҳаёти минбаъдаи худро саҳифаи тозаи умри гузарони инсонӣ мешуморад:

Маро ахтари хуфта бедор гашт,
Ба мағз андар андеша бисёр гашт.

Бидонист, к-омад замони сухан,
Кунун нав шавад рӯзгори куҳан.

Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 303

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед