logo

фарҳанг

ДАР ҚАЛАМРАВИ НАВРӮЗ

Наврӯз ба тамоми маъно ҷашни мардумӣ буда, гувоҳи  ин ҳарф сурудаҳои  шифоҳии ҳамин мардум дар васфи он мебошад. Нигоҳи мардум ҳар он чиро, ки дар Наврӯз ранг мегирад, дида ва он ҳамаро дар рубоиву дубайтиҳои пурранг тасвир кардааст. Сабза, себарга, гул, булбул, лола, боғ, пӯдина, абру борони баҳор аз калима ва таркибҳоест, ки осори шифоҳии мардумро бе ҳузури онҳо наметавон тасаввур намуд. Ин рубоии зебову шево, аз нигоҳи ҳунари шеър болиғ ва аз нигоҳи муҳтаво пурбори мардумӣ чи қадар хонданист:
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҷаҳон ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Ин рубоӣ дар миёни мардум бисёр машҳур мебошад ва ҳар он ки андаке ба сухан ва адабиёти шифоҳӣ ошност, аз ин рубоии воқеан дилчасп ва аз назари маънӣ шоиста огоҳ аст. Он дар ҳар Ҷашни Наврӯз хонда ва ё суруда мешавад. Ҳунари шеър дар рубоӣ бисёр волост ва корбурди калимаҳо дар он бисёр дақиқ ва ҳунармандона. Гӯяндаи ин рубоӣ аз як тараф аз фаро расидани Наврӯз мужда медиҳад ва аз тарафи дигар зебоӣ ва шукуфоии фасли табиатро дар корбурди калимаи «лола» тасвир мекунад.
Булбул дар осори мардумӣ намоди ошиқ, зебоӣ, мусиқӣ, фироқ, садоқат ва рамзи фаро расидани Наврӯз мебошад. Он дар осори шифоҳии мардум барои нишон додани шавқу завқ ва садоқату муҳаббат бештар ба кор меравад. Дар ин рубоӣ булбул бар маънии хушҳолӣ, шодӣ ва тараб мебошад ва низ бар маънии хабар ва мужда аст аз фаро расидани Наврӯз ва шукуфоии табиат. Таркиби «дафу чанг» ишораест ба ҷашн гирифтани Наврӯз, ки мардум барои он базмҳои хурсандӣ баргузор месозанд.
Байти савум ва чаҳорум моломол аз ваҷд, шавқу завқ ва зинда шудани табиат аст ва «парвози мурғон», ҳамчунин, бар маънии шурӯи як зиндагии тоза низ мебошад. Мисраи чаҳорум ғояти баланди хушҳолист, ки бо фаро расидани Наврӯз дар инсон ин ҳис зинда мешавад. Инсон ҳам мисли табиат шукуфтан ва мисли мурғони баҳорӣ парвозро мехоҳад дар худ таҷриба кунад. Воқеан, бо омадани Наврӯз дили гирифта кушода мешавад ва манзур аз «қафаси танг» ҳамон дили гирифта аст, ки бо омадани Наврӯз он шикаста мешавад ва дил аз шодиву фараҳ пару бол мегирад.
Дар осори шифоҳии мардум муҳаббат ба Наврӯз бисёр самимона аст ва Наврӯзро ҳамон тавр ки дидаанд ва ҳамон тавр ки дар он зиндагӣ кардаанд, сурудаанд. Наврӯз дар зиндагии маънавии мардум ҳаргиз ҷой иваз нанамуда ва ҳамеша ҳамрозу ҳамдил бо мардум буда ва ин ҳампайвандӣ ҳеҷ гоҳ нагусастааст. Яъне Наврӯз як рукни муҳим ва асил аст дар зиндагии маънавии мардум ва фарҳангии миллати тоҷик, ки аксари арзишҳои миллӣ, суннатҳои миллӣ бар пояи он шакл гирифтааст. Наврӯз таърихи зиндаи миллати тоҷик мебошад ва он қарнҳост, ки маърифат, арзишҳои инсонӣ ва расму оини мардуми тоҷикро дар худ таҷассум месозад.  Рӯзу рӯзгор ва орзуву омоли миллати тоҷик бо ин калима пайванд хӯрдааст. Муҳимтарин ҳикмати Наврӯз дар зиндагии маънавии мардум он аст, ки занги кинаҳо аз дилҳо бояд зудуда шавад.
Дар Наврӯз ҳар кӣ дар баробари касе дар дил бухл дорад, қаҳр  дорад, бояд  аз он бигзарад ва дасти оштиву дӯстӣ дароз кунад. Наврӯз инсонҳоро ин гуна ба ҳам меовард ва ҷуз шукуфтан ба онҳо дарси муҳаббату меҳр медод. Такидани хона, об задани роҳҳо, шинондани ниҳол, хабар гирифтани пайвандон, ҳадия додан ба кӯдакон - ин ҳама махсуси фарҳанги миллати тоҷик аст, ки маншаи он аз Наврӯз мебошад. Дар адабиёти шифоҳии мардум ирфони Наврӯз ва ҷилваҳои он бисёр дилрабову шево тасвир шудааст, ки ба хонанда маънии воқеии Наврӯзро нишон медиҳад.
Муҳаммадалии АҶАМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 256

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед