logo

фарҳанг

НАВРӮЗ. ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ АРАБ

Мақолаи фарогиру пурмуҳтавои олими араб Раҳмон Халифа Башшор – «Наврӯз дар фарҳанги Араб» ба таърих, таҳаввул ва вижагиҳои хоссаи Наврӯз таваққуф намуда, аз чанд нигоҳ собит менамояд, ки ҷашни мазкур ба фарҳанги арабҳо таъсири амиқу шоистае доштааст.

Муаллиф нахуст ба таърихи зуҳури ислом дар Аҷам ва равобити гуногунҷабҳаи аҷамиёну арабҳо аҳамият дода, менависад: «Барои мо рӯшан аст, ки форсҳо дар ҳамон замонҳои қадим ба фарҳангу забон ва одобу русуми арабҳо таъсир гузошта буданд, вале худ низ таъсири муайяни арабҳоро пазируфтанд. Яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин падидаи таъсиргузорӣ ва таъсирпазирӣ гузариши иди Наврӯз аз фарҳанги мардумони эронӣ ба фарҳанги халқҳои араб мебошад. Ин таъсир то ба андозае буд, ки пас аз зуҳури давлати Аббосиён иди Наврӯзро ҳатто амирон ва подшоҳони араб низ ҷашн мегирифтанд».
Муаллиф гуфтаҳои худро дар асоси сарчашмаҳои муътамад қувват мебахшад ва аз «ал - Хитат ал - Мақризия» (Қоҳира, 1998) ном асари ҷуғрофиядони маъруфи араб ал - Мақризӣ ин иқтибосро меорад: «Ибни Аббосро дар бораи наврӯз пурсиданд, ки чаро онро ид гирифтаанд, гуфт: «Дар ҳақиқат, он аввали Соли нав ва поёни соли гузашта мебошад».
Далели ҷолиби дигаре, ки муаллиф меорад, моро бо ҷанбаи таърихии масъала хуб ошно мекунад. Тибқи он, дар замони халифаҳои аввалини аббосӣ, хусусан, халифа Ал - Мутаваккил (ҳукмронӣ 847 - 861) ҷашн гирифтани иди Наврӯзро  боисрор талаб ва худ риоя мекард. Аз ҷумла, соли 856 бо амр ва дастури ӯ рӯзи иди Наврӯз оғози ҷамъоварии хироҷ эълон гардид.
Дар мақола зикр мешавад, ки Наврӯз ва вижагиҳои он дар осори бузургони илму адаби араб борҳо ёд шудааст. Ал - Берунӣ, ан - Нувайрӣ, ал - Ҷоҳиз, ал - Қалқашандӣ, ал - Масъудӣ, ал - Саолабӣ, ал - Мақризӣ, Таҳа Нада, Аҳмад Муҳаммад ал - Хуфӣ, Ҷурҷӣ Зайдон, ал - Холисӣ, Ҳасан Иброҳим Ҳасан, Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол аз ҷумлаи онҳоянд. Дар ин росто, ёдовар мешавад, ки шоирони бузурги қадим ва муосири араб ҳам ба монанди ал - Бухтурӣ, Абунувос, ар - Ровандӣ, ат - Туғроӣ, Ибн ар - Румӣ, Ибн ал - Муътаз, Ибн ат - Таъовизӣ, Аббос Маҳмуд ал - Аққод ва Муҳаммад ал - Асмар ба Наврӯз қасидаҳо бахшидаанд.
Бавижа, вожаи куҳани тоҷикии форсӣ – «наврӯз» дар забони арабӣ ҳазм шуда, шаклҳои навишт ва ҷамъбандии арабии он низ то имрӯз роиҷ аст. Ба арабӣ рӯзи навро «ал - явм, ал - ҷадид» гӯянд ҳам, аммо  бино ба маълумоти ал - Мақризӣ, арабҳо аз калимаи наврӯз феъли нави «найраза» сохтаанд. Ин маълумотро ал - Берунӣ низ тасдиқ намудааст.
Мутафаккири дигари араб Абулало - ал - Маарӣ маънои решавии калимаи «наврӯз» - ро дар асараш «Абас - ал - валид» шарҳ дода, менависад, ки «ан - Найрӯз» вожаи форсии арабишуда буда, аз замони Аббосиён мавриди истифода қарор гирифтааст. Устоди Донишгоҳи Ҳалаб доктор Муҳаммад - ат - Тунҷӣ боз ҳам рӯшантар шарҳ дода, менависад: «ан - Найрӯз иди баҳор ва аввали соли шамсии форсҳо аст, ки одатан 21 март оғоз меёбад. Аслан, бо ҳарфи «вов» талаффуз мешавад, лекин арабҳо онро ба тарзи худ гардонда, ба «ан - Найрӯз» табдил додаанд. Ҳамчунин, аз он феъли «навраза» ва шакли ҷамъи «навориз» сохтаанд».
Наврӯз дар ашъори шоирону нависандагони араб ба ҳар навъ дучор меояд. Масалан, шоир Ибн - ар - Румӣ аз «наврӯз» исми фоили «ал -мунвариз» сохтааст.
Боз яке аз шоирони маъруфи араб Абунувос дар ҷое Меҳргону Наврӯзро бад - ин шакл истифода мебарад:
Биҳаққил Меҳриҷону Нукрӯз
Ва фаррухрӯзу ибсол - ал – кабиси.
Ду намунаи писандидаи шеъри арабиро дар тарҷумаи таҳтуллафз пешорӯи шумо мегузорем. Аввал аз Абунувос:
Наврӯз саҳаргоҳон моро ҳанӯз дар торикӣ
Бо нури гулҳое, ки чун ситорагон дар шохаҳо овезонанд,
Бедор мекунад.
Абунувос дар ҷои дигар мақому мартабаи Наврӯзу Меҳргонро бо идҳои Фитр ва Қурбон ҳамвазн дониста менигорад:
Ҷавонон ду рӯзи ид доранд, ки он ҳам
Иди Фитр ва иди Қурбон
Ва ҳар ду ҳам ҳастанд мисли Наврӯзу Меҳргон.
Намунаи охирин ва зебо аз шоир Абутамом - ат - Тоӣ аст, ки гуфта:
Субҳ аз даргоҳи худ шабро биронд,
Ва қабул дошт ҳар чиро, ки аз Шарқ омад.
Рӯзҳои Наврӯз низ ба мардум шифо меорад
Ва онҳо гӯё дар ҳаёт аз нав таваллуд мешаванд.
Ин чанд далел  собит менамояд, ки иду ҷашнҳои миллии мо дар тарғибу тарвиҷи забонамон низ саҳмгузор будаанд.
Раҳмон Халифа Башшор панҷ навъи ҷашнгирии Наврӯзи Аҷамро дар сарчашмаҳои арабӣ ёдрас мекунад, ки ҷолиб аст. Аз ҷумла, «Наврӯзи омма», «Наврӯзи хосса», «Наврӯзи султонӣ», «Наврӯзи деҳқонон» ва «Наврӯзи хоразмшоҳӣ».
Мавсуф гардиши Наврӯзро дар насри арабӣ мавриди таҳлил қарор дода, мисолҳо меорад, ки барҷастааш ба қалами адиб ал - Карачӣ тааллуқ дорад: «Ин рӯз рӯзест, ки аҷамиён онро баланду пуршукӯҳ мешуморанд ва арабҳо худ он рӯз мисли аҷамиён рафтор мекунанд, ба сабаби он ки онро шариф медонанд ва фазилати онро эътироф мекунанд».
Аз мақолаи Раҳмон Халифа Башшор хулоса баровардан мумкин аст, ки Наврӯзи дилафрӯз аз қадим ҷашни муттаҳидкунанда будааст.
Аз он ки арабҳо Наврӯзро ҳамчун ҷашн ва вожаи худӣ пазируфтаанд, адибонаш наврӯзияҳо суруда, адабиёти наврӯзиро ба вуҷуд овардаанд, аз он фоли нек кушода, ояндаашонро рӯшан дидан хостаанд ва ба ин ҷашни ниёгони мо эҳтирому ихлоси хосса қоил будаанд, маълум мешавад, ки ин халқ аз оғоз на танҳо ба несту нобуд кардани Наврӯз накӯшидааст, балки ба ривоҷу равнақ ва такмили баъзе вижагиҳои он мусоидат кардааст.
Бузургмеҳр САЛИМОВ,
аспиранти Институти забон ва
адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 217

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед