logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ОҒОЗИ САҲИФАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБОТИ ДӮСТОНА

Сафари давлатии Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, аз лиҳози моҳият ва имзои созишномаҳои гуногунсамти ҳамкорӣ воқеан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон як саҳифаи тозаи пурҷилоро боз кард.
Ин сафар шабеҳи калидест, ки дарвозаҳои басташудаи рафтуомадро кушода, риштаҳои дӯстию бародарии ду миллати таърихан дӯсту бародарро дигарбора пайванд сохт ва рӯҳи бузургони гузаштаи ниёгонро аз нав шод кард. Бунёди гузаргоҳ дар қисматҳои марзии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва муқаррар гардидани рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар то 30 рӯзи бе раводид, наслҳоро бо ҳам қарин сохт, муносибатҳои хешутабории мардуми тоҷику ӯзбекро қавитар намуд. Ормонҳои қалбҳои сардгаштаи чандинсоларо шикаст ва мардуми одӣ аз натиҷаҳои сафар сидқан изҳори миннатдорӣ мекунанд.
Барқарор шудани ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ дар доираи имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар рушди адабиёту санъат, табодули афкори мутахассисони соҳаи маориф, нашри китобҳои таълимӣ барои мактабу синфҳои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва мактабу синфҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ва дастрасии хонандагони тоҷику ӯзбек ба адабиёти тозанашри шоирону нависандагон тавассути тарҷумаҳои тоҷикию ӯзбекӣ, гузарондани рӯзҳои фарҳангии кишварҳо дар сарзамини ҳамдигар ва тамоми иқдомоти муфид имкониятҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.
Таъкиди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни баромадашон дар изҳороти матбуотӣ бобати дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёна ва мактабҳои олии водии Фарғонаю Тирмиз ва Самарқанд, васеъ роиҷ гардидани таҳсил бо забони тоҷикӣ ва чопи рӯзномаҳои тоҷикӣ барои ман ҳамчун масъули соҳаи маорифи ноҳия хеле фараҳбахш буд. Ин омилҳо на танҳо ба вазъи имрӯзаи соҳаи маориф таъсири муфид мерасонанд, балки рӯҳияи донишандӯзӣ ва дарки бештари дӯстию бародарии ҳама фарзандони тоҷику ӯзбекро, ки зодагони Тоҷикистони азизанд, бештару қавитар месозад. Итминони комил дорам, ки барқарор шудани муносибатҳои навини ду миллати дӯсту бародар, ки бо иқдомоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар сатҳи олӣ сурат гирифт, насли имрӯзаро ифтихормандию сарфарозӣ мебахшад. Барои ояндагони ҳар ду кишвар заминаи боэътимоди зиндагии боз ҳам накутарро дар фазои муносибатҳои сидқан бародарию ҳамсоядорӣ таъмин месозад. Ин воқеаи муҳими таърихӣ дар ҳама муассисаҳои таълимии ноҳия тавассути дарсҳои тарбиявӣ ба насли ҷавони ноҳия ба таври васеъ расонда хоҳад шуд. Ин рисолати касбию шаҳрвандии мост ва онро мо содиқона адо хоҳем кард.
М. ОРИПОВ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 308

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед