logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Боғи фарҳангӣ - фароғатии "Ҷавонон"
19 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии "Ҷавонон" - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ - фароғатии "Ҷавонон" шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд. Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд.
Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтаанд.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ мубаддал сохтаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд. Ин иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи эҳтиром ва самимият ва ба таври шоиста қадр кардани кулли ҷавонони кишвар аст.
Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла бинои маъмурӣ, "Картодром", қаҳвахонаҳои "Азия", "Австралия", обанборҳо ва айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардидаанд.
Боғи фарҳангӣ фароғатии "Ҷавонон" аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиши даромадгоҳи боғ бо сутунпояҳои бошукӯҳу ороиши гулҳои мавсимӣ бунёд шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани фароғати хуби ҷавонон дар баробари қаҳвахонаҳои бошукӯҳи хос, майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаи дигари боғ барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт шароит муҳаё карда шудааст.
Иншооти мазкур дар масоҳати 130 ҳазору 170 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 116 нишастгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла ҳуҷраҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеи замони истиқлол дар боғ шинос шуданд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 553 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногун дастур доданд. Боғ аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Дар ҳудуди боғ, ҳамчунин, 13 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.
Боғи фарҳангӣ - фароғатии "Ҷавонон" ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт.

Пули роҳи оҳан дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ
19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, воқеъ дар назди Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" - и пойтахт, пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд. Лоиҳаи навсозии пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «COOL DESIGN» тарҳрезӣ гардида, фармоишгар ва пудратчӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад.
Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ оро дода шуда, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшанидиҳанда зиннати иловагӣ мебахшанд.
Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудаанд. Дар доираи таъмири пули мазкур гирду атрофи он низ таъмир гардида, ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонда шудаанд.
Соли 2017 дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва хиёбони Саъдии Шерозӣ низ пулҳои роҳи оҳан таъмир гардида, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда шуданд.
Дар ҷараёни мавриди баҳрабардорӣ қарор додани пули роҳи оҳан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи таъмири пули роҳи оҳани хиёбони Абуалӣ ибни Сино муаррифӣ шуд.
Пешвои миллат ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобати фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки ба корҳои созандагӣ, аз ҷумла ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулзоркунӣ тақвият бахшида, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои заруриро бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда амалӣ намоянд.

Оғози бунёди корхонаи «Сиёма»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани солҳои 2018 - 2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки пешниҳоди бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои бунёди корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.
Лоиҳаи сохтмони корхонаи «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад.
Иншооти мазкур бо маблағи умумии 15 миллион доллари ИМА бунёд хоҳад шуд. Корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсолӣ наздик ба ду сол идома меёбад. 150 нафар ба кор ҷалб гардидааст, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он, 50 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.
Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» аз ҷониби фармоишгар ҶДММ «Авеста гурӯҳ» ва пудратчӣ ҶДММ «Строй сентр» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бунёд карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии насбшаванда аз ширкати фаронсавии «Сидел» буда, дар арсаи байналмилалӣ дар байни истеҳсолкунандагони об ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дур аз шаҳри Душанбе дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон дар асоси ташхисҳои бисёркарата ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонда, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазми таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар мебошад. Оби Сиёма аз дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.
Бо назардошти ин дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки лоиҳаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар буда, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва санитария икдоми басо саривақтӣ мебошад. Бо гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» Сарвари давлат ба масъулон дастур доданд, ки иншоотро сари вақт бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор диҳанд. Зеро бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи мазкур ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, дастрасии аҳолӣ ба оби маъдании «Сиёма», ки хусусияти шифобахшӣ дорад, имконпазир мегардад.

“Дунёи афсона” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ
19 март, нимаи дуюми рӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии "Дунёи афсона" - ро барои кӯдакони хуштолеи кишвар мавриди истифода қарор доданд.
Лоиҳаи маҷмаи "Дунёи афсона" - ро Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” - и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” таҳия намуда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд.
“Дунёи афсона” дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 пешбинӣ шудаанд.
Маҷмаи дилхушии кӯдаконаи "Дунёи афсона" бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, нишона аз таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат нисбат ба насли ояндаи кишвар мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити муосири маҷмаа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон барои бештар намудани шумораи чунин марказҳои дилхушӣ барои кӯдакону наврасон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар як тарафи маҷмаа пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудаанд, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.
Дар рӯзи ифтитоҳи “Дунёи афсона” яке аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдакон, ки дар асоси иқдомҳои навбатии инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври ройгон ҷарроҳии  нуқсонҳои модарзодии дил гузаронданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Пас аз гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ин кӯдакон комилан саломату бардам гардида, имкон пайдо карданд, ки ба мисли дигар ҳамсолони худ  ба бозиҳои серҳаракат машғул шаванд.  Кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Падару модарони кӯдакони ҷарроҳишуда, ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдории худро баён доштанд, зеро табобати чунин бемориҳои дил дар хориҷи кишвар ва он ҳам бо харҷи зиёди маблағ гузаронда мешуд.
Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи “Дунёи афсона” барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.
Хурсандибахш он аст, ки дар ин маҷмааи навбунёд даҳҳо нафар занону мардон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

Майдони варзишии «Душанбе Арена»
Нимаи дуюми рӯзи 19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» сохта шуда, масоҳати умумии он 1,2 гектарро ташкил медиҳад. «Душанбе Арена» бо паҳноии 45 ва дарозии 90 метр тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо 1000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба анҷоми корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Тарҳи майдони варзишии «Душанбе Арена» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» омода шудааст.
Дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, дар соли 2018 бунёди зиёда аз 90 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон дар иншооти сохташавандаи варзишӣ корҳои ободонӣ бо суръати тоза идома ёфта, майдончаҳои варзишӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамоянд. Бунёди иншооти нав, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ шабу рӯз бо суръат идома дорад.
Дар майдони варзишии «Душанбе Арена» барои гузарондани мусобиқаҳои футбол ва машқу тамрин шароити мусоиду арзанда фароҳам оварда шуда, аз ин иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе варзишгарон изҳори хушнудӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди пойтахти мамлакат тадбирҳои муассиру созандаро вусъат бахшида, оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзишро марҳила ба марҳила амалӣ менамоянд.
Авҷи бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб гардида, дар заминаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муваффақу комёб мегарданд.
Имкониятҳо ва шароити арзандаи фароҳамовардашудаи машқу тамрин барои варзишгарон онҳоро водор месозад, ки беш аз пеш бо такмил ва сайқали маҳорати варзишӣ шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 239

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед