logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми Рушди Устувор”, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 23 марти соли 2018

Муҳтарам ҷаноби муовини Раиси Маҷмаи умумӣ!
Муҳтарам муовини Дабири кулл!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Шумо ҷиҳати таҳия ва ташкили чорабинии имрӯза оид ба масъалаҳои ҳамбастагии обу энергетика изҳори сипос намоям.
Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Мо бар онем, ки гидроэнергетика омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад.
Дар мисоли Тоҷикистон, ки дар он 95 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ  истеҳсол  мешавад, вобастагии бевоситаи ин ду омили муҳими рушди устувор  бармало зоҳир мегардад.
Дар Тоҷикистон солона тақрибан 18 миллиард кВт - соат неруи барқ истеҳсол мешавад ва ин ҳамагӣ 3-4 фоизи иқтидорҳои мавҷудбудаи кишварро, ки ба 527 миллиард кВт - соат неруи барқ дар як сол мерасанд, ташкил медиҳад.
Аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар кишвари мо  масъалаи обтаъминкунии  як  қатор соҳаҳои иқтисодиёт аз мавҷудияти неруи барқ вобастагӣ дорад.
Бо дарназардошти робитаи қавӣ миёни ин ду соҳа, инчунин, бо мақсади беҳсозии мудирияти давлатӣ, моҳи майи соли 2013 мо онҳоро зери сохтори ягонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муттаҳид намудем ва он бо роҳандозии идораи ҳамгироёна ва ҳавзавии захираҳои обӣ фаъолона машғул мебошад.
Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя,  дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад. Азхудкунии муштараки ин иқтидори азим метавонад ба ҳалли фарогири як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Дар навбати аввал ин ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об  дар обанборҳо, ҳамчунин, ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад.
Сониян, баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва, ҳамзамон, барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми Рушди Устувор мусоидат сурат гирад.
Ахиран, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, инчунин, ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.
Дар анҷоми суханронии худ мехоҳам изҳори умед намоям, ки чорабинии имрӯза дар мавриди муҳокимаи вобастагии мутақобил байни захираҳои об ва энергетикӣ, инчунин, барои таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи фарогир, оқилона ва устувори захираҳои табиӣ саҳми иловагии худро хоҳад гузошт.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 651

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед