Хабарҳо
Бар асари сӯхтор дар МС «Зимняя вишня» 64 нафар ҳалок гашт
АИР Новости. Тибқи маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи сӯхтори мудҳиш дар маркази савдои «Зимняя вишня»-и шаҳри Кемерово 64 нафар ҳалок гашт, ки аз ин 41 нафар кӯдаконанд.
Аз ин миён 21 ҷасади шинохташуда ба хешовандон барои дафн дода шуд. Дар натиҷаи фоҷиа 52 нафар ҷароҳат бардошт. Тафтишот аз хешовандони 67 нафари бедаракшуда ариза гирифтааст. Дар вилоят аз 27 март мотами серӯза эълон шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 320