logo

Хабарҳо

«Маърифати омӯзгор» 90 – сола шуд

Бахшида ба 90 - солагии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» дар Вазорати маориф ва илм конфронси илмию амалӣ баргузор шуд.

Дар он Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сайфиддин Давлатзода, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наҷмиддин Шоҳинбод,  котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» тӯли фаъолияташ (ба ғайр аз даврони ҶБВ) мунтазам нашр шуда, дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, покизагии забони тоҷикӣ, рушди илму маориф ва дар ёрии методӣ ба омӯзгорон саҳми босазо гузоштааст.
Нуриддин Саид зимни суханронии худ таъкид намуд, ки маҷаллаи мазкур бо мазмуну муҳтаво, интихоб ва  пешниҳоди мавзӯъ, масъалагузорӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои маориф ва фарҳанг тавонист мақоми аввалро касб намояд. «Вақте ба саҳифаҳои маҷалла дар солҳои гуногун назар мекунем ба хулоса меоем, ки он аз беҳтарин минбарҳое буд, ки сиёсати давлатро дар соҳа роҳандозӣ бинмудаву рисолати худро то имрӯз иҷро карда тавонистааст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш маҷалла барои устувории сохти нав кӯшиш ба харҷ дода, дар роҳи иҷрои ин мақсад тавонист ин неруро фаъолона ҷалб намояд», - иброз дошт Н. Саид.
Дар ҷамъомад хидматҳои ҳайати таҳририя, кормандони собиқи маҷалла, рӯзноманигорон ва муаллифони фаъол бо  нишони Аълочии матбуот ва  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «100 - солагии матбуоти тоҷик», ифтихорномаҳои идораи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» қадр гардиданд. Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм низ ба рӯзноманигорон ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки  «Маърифати омӯзгор» ҳамчун нашрияи Нозироти маорифи Тоҷикистон бо номи «Дониш-биниш» соли 1927 дар шаҳри Самарқанд ба чоп расида, аз шумораи дуюм номи «Раҳбари дониш» - ро гирифт ва минбаъд бо номҳои «Инқилоби маданӣ» («Револютсияи маданӣ»), «Мактаби советӣ», «Маърифат» ва ҳоло бо номи «Маърифати омӯзгор» ба чоп мерасад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 351

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед