logo

фарҳанг

НАВРӮЗ – ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ

Наврӯз аз бошукӯҳтарин ҷашнҳои қадимаи ориёист, ки донишмандон беш аз 5 ҳазор сол таърих доштани онро рақам мезананд. Боиси ифтихор аст, ки онро ниёгони мо ба тамаддуни башарӣ тақдим намудаанд. Наврӯз ҷашнест, ки бо кайҳон иртиботи қавӣ дошта, робитаи оламу одам, эҳёи табиат, баробаршавии шабу рӯз, пирӯзии рӯшанӣ бар торикист.

Хушбахтона, доир ба пайдоиши Наврӯз ва таърихи он дар сарчашмаҳо андешаҳои донишмандон то ба замони мо омада расидаанд. Ин назарҳо якранг набуда, муҳаққиқон роҷеъ ба Наврӯз, иртиботи он бо табиат, арзишҳои башарии ин ид, нақши Наврӯз дар пешрафти тамаддуни инсонӣ ва амсоли ин назарҳои гуногунро баён доштаанд. Донишманди фарзона Абурайҳони Берунӣ  дар китоби  “Ат-тафҳим” Наврӯзро ин гуна шарҳ додааст: “Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат “рӯзи нав” ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳо ва шодмониҳост”.
 Аксари донишмандон пайдоиши Наврӯзро ба аҳди Ҷамшед аз шоҳони замони Пешдодӣ нисбат медиҳанд. Дар “Шоҳнома” - и беза-воли Фирдавсӣ Ҷамшед дар 700 соли подшоҳиаш ба мардум ҳунарҳои мухталиф аз қабили оҳангудозӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, ҳамчунин, ҷангафзорсозиро нишон дода, донишу фарҳангро миёни мардумони кишвараш густариш дод. Дар “Шоҳнома” омадааст, ки Ҷамшед рӯзе бар тахт нишаст он рӯзро ба унвони рӯзи нав бузург дошт ва икрому эҳтиром кард. Ин маъниро Ҳакими Тӯсӣ ин тавр назм кардааст:
Ба Ҷамшед гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд...

Абурайҳони Берунӣ низ ин гуфтаи Фирдавсиро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи Берунӣ гӯё дар ин рӯз Ҷамшед бар тахт нишаст. Ҷамшед, ки сайри олам мекард, партави Офтоб бар тоҷу тахташ тобид. Рӯшноие падид омад ва мардумон ин рӯзро - рӯзи нав хонданд. Аммо бархе муаррихони дигар, аз қабили Муқаддасӣ  рӯзи  бар тахт нишастани Ҷамшедро, ки  нахустин рӯзи фарвардинмоҳ буд, Наврӯз хонданд. Дар ривояти дигари Берунӣ гӯё Аҳриман баракатро аз дунё рабуд ва ҳама ҷоро хушксолӣ фаро гирифт. Дигар борон наборид.   Ҷамшед бар Аҳриман  ғолиб омад ва баракат дубора ба мардумон баргашт. Оламро хурсандӣ фаро гирифт ва он рӯзро Наврӯз хондаанд. 
Умари Хайём, ки пеш аз ҳама донандаи бузурги илмҳои дақиқ буд,  дар “Наврӯзнома” - аш ҳарчанд ҷашни мазкурро аз Ҷамшед медонад, аммо сарчашмаи ин идро дар баробаршавии шабу рӯз маънидод месозад. “Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он ҷиҳат будааст, ки Офтоб дар 365 шабонарӯз рабеъ ба аввали дақиқа, ба бурҷи ҳамал ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард”, - навиштааст Умари Хайём.
Аксари донишмандон муътақиданд, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷанбаи илмӣ дорад ва он ҳам  ин аст, ки  Хуршед ба бурҷи ҳамал мерасад. Аммо ривоятҳои дигар низ ҳаст, ки Худованд оламро маҳз дар Наврӯз офарид. Яъне Наврӯз - рӯзи офариниши оламу одам аст.
Яке аз суннатҳои наврӯзӣ шодбош гуфтани якдигар аст  ва ақидае роиҷ аст, ки орзуҳои наврӯзӣ то ба наврӯзи дигар амалӣ хоҳанд шуд.
Наврӯз пайванд ва робитаи қавии инсон ва табиат аст. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯянд: “Наврӯз падидае аст, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст”.
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 220

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед