logo

иқтисод

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

Таърих гувоҳ аст, ки ду халқи ҳамсояву бародар – тоҷикону ӯзбекҳо асрҳо боз паҳлу ба паҳлу кору зиндагӣ мекунанд. Таърих ва фарҳанги тӯли асрҳо офаридаи онҳо ба ҳам омезиш ёфта, якдигарро бою ғанӣ намудааст.

Мисоли равшани дӯстона кору зиндагӣ намудани ин ду халқи бародар дар шароити душвори иқтисодӣ ва имкониятҳои маҳдуди техникӣ бунёд кардани канали калони Фарғона мебошад, ки дар натиҷаи ба истифода додани он ҳазорҳо гектар заминҳои асрҳои аср бекорхобида обёрӣ шуданд. Дар ин сохтмони бузург зиёда аз 50 ҳазор нафар ширкат намуд, ки аксари онҳоро тоҷикону ӯзбекҳо ташкил мекарданд. Минбаъд ин ду халқи меҳнатқарин канали шимолии Фарғонаро ба кор андохтанд, ки дар натиҷа зиёда аз 5,5 ҳазор гектар заминҳои Ашт ҳосилхез гашта, ба гулистон табдил ёфт. Ин ду сохтмони азим, ки дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи пахтакорони тоҷику ӯзбек, бештар бо роҳи ҳашари умумихалқӣ амалӣ гашт, равшангари дӯстиву садоқати ин ду миллат буда, ноҳияҳои шимолии Тоҷикистону водии Фарғонаи Ӯзбекистонро бо об таъмин гардонданд.
Тирамоҳи соли 1940 меҳнаткашони водии Ҳисори Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ба сохтмони канали калони Ҳисор камар бастанд. Солҳои 30 - 40 ҳанӯз техникаи сохтмонӣ намерасид, меҳнаткашон бештар бо усули бобоӣ – белу каланд кор мекарданд. Ҳарчанд оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохтмони каналро ба таъхир андохт, бо вуҷуди  ин, дар он солҳои душвор занону мӯйсафедон бо азму суботи хоссае меҳнат карда, тавонистанд онро ба кор андозанд. Ин иншооти муҳими иқтисодӣ барои такомули соҳаи кишоварзии  ҳар ду ҷумҳурӣ имкониятҳои васеъро муҳайё сохта, дӯстиву рафоқати ин ду миллатро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.
Меҳнати аҳлонаи тоҷикону ӯзбекҳо дар сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Душанбе, ки ҳар ду ҷумҳуриро бо ҳам мепайвандад, нақши хеле босазое дорад,
Бунёди иншооти обёрикунанда ва ба кор андохтани заминҳои нав дар шароити Осиёи Марказӣ ҳамеша яке аз масъалаҳои мубрам буд. Ҳанӯз солҳои 20 - уми асри гузашта бо ин мақсад иддае аз аҳолии вилоятҳои Ҳисору Кӯлоб ба водии Вахш кӯч бастанд. Муҳоҷирон дар минтақаҳое, ки таҷрибаи пахтакорӣ надоштанд, ба парвариши пахта шурӯъ намуда, табиист, ки худ низ муқимӣ гаштанд ва бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфтанд. Дар водии Вахш дар натиҷаи сохтани системаҳои калони обёрикунанда хоҷагиҳои калони пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, хоҷагиҳои парвариши  меваҳои ситрусӣ ба вуҷуд омаданд, ки водиро ба яке аз марказҳои пурқудрати истеҳсоли пахтаи маҳиннах ва меваю сабзавот табдил доданд.
Бо кӯшиши якҷояи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба азму иродаи мардумони ин кишварҳо ду иншооти азим – НБО – ҳои Фарҳод ва Қайроққум, ки номи Дӯстии халқҳоро гирифт, сохта шуданд. Сохтмони ин ду неругоҳи барқӣ хонаҳоро равшан ва дӯстиро  қавитар  гардонд.
Пас аз ба кор андохтани НБО - и Дӯстии халқҳо ва обанбори он, ки минбаъд «Баҳри тоҷик» ном гирифт, боиси ободии даштҳои Дилварзину Сомғор шуд. Дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон низ ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ шуданд. Тавассути ин неругоҳи барқи обӣ дар Ӯзбекистону Тоҷикистон иншооти нави саноатӣ ба кор андохта шуданд, Бекобод бунёд гашт, ки  ҳоло яке аз шаҳрҳои азими саноатии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Ҳамкориҳои ду миллати бародар, тавре мебинем бештар дар соҳаи обёрии заминҳои бекорхобида назаррас мебошад. Сохтмони обанборҳои Тошканд, Қаромазор, Каттақӯрғон, Каттасой, системаҳои обёрикунандаи Хоҷа - Боқирғон, каналҳои Вахшу Фарғона, Амубухориву Шеробод ва бунёди коллекторҳо шоҳиди ин гуфтаҳоянд.
Самараи меҳнати диловарона ва дӯстиву ҳамдилии тоҷикону ӯзбекҳо буд, ки даштҳои Дилварзину Хоҷа - Боқирғон, Қумсангиру Тошработ, Кофиру Қароланг, Ӯртабузу Данғара, заминҳои Ӯротеппаву Ғончӣ ҳосилхез гаштанд. Танҳо дар водии Ёвон зиёда аз 40 ҳазор гектар замин обшор гардонда шуд. Неругоҳҳои гармиву буғӣ, заводҳои таъмирӣ - механикӣ, кимиёвӣ, корхонаҳои сохтмонӣ, хоҷагиҳои нави пахтакор бунёд гардиданд.
Сохтмони неругоҳи Норак, ки дар тарҳрезии он 38 муассисаҳои илмӣ ва илмӣ - таҳқиқотӣ ширкат варзиданд, ба мустаҳкамшавии дӯстии халқҳоямон такони тозае бахшид. Пас аз ба кор оғоз намудани НБО - и Норак дар ҷануби Ӯзбекистон мушкилоти норасоии барқ ҳал гашта, дар як вақт ҳазорҳо гектар заминҳои ҷумҳурии бародар обёрӣ шуданд. Водиҳои Ёвону Данғара ва Обикиики Тоҷикистон бошад, бо саъю кӯшиши бародарони тоҷику ӯзбек ба гулзор мубаддал  гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамкории байни ду ҷумҳурӣ на танҳо дар соҳаи иқтисодиёт, балки дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ инкишоф ёфтаанд. Солҳои аввали барқарор намудани ҳукумати шӯравӣ  Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон ба кадрҳои саводнок эҳтиёҷи беандоза дошт. Дар ин давра ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои илмии Ӯзбекистон таҳсил менамуданд. Дар байни онҳо Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, курсҳои омӯзишӣ дар Тошканду Самарқанд буданд, ки барои бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани Тоҷикистон саҳми калон гузоштанд. Солҳои минбаъда низ тоҷикон  дар макотиби олии Ӯзбекистону ӯзбекҳо дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе таҳсил намуданд. Ба мустаҳкамшавии дӯстии байни халқҳо бешак фазои ягонаи иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекард. Солҳои зиёд Тоҷикистон ба Ӯзбекистон трансформаторҳои пурқудрат, мошинҳои саноати бофандагӣ, гармидиҳандаҳои барқӣ, қолину яхдонҳо, мебел ва ғайраҳо фиристода аз Ӯзбекистон «киштиҳои кабуд» - и ҳосилғундорӣ мегирифт.
Ҳамкориҳо дар соҳаҳои боғдориву чорводорӣ низ ривоҷ ёфта буданд. Масалан, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорвопарварони мо гӯсфандҳои навъи «ҳисорӣ», «тоҷикӣ», «ҷойдорӣ» дода, аз чорводорони ӯзбек қароқӯлӣ меоварданд.
Р. АБУЛҲАЕВ,
доктори илмҳои таърих,
А. ҒАФУРОВ,
номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 252

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед