logo

фарҳанг

ДУШАНБЕ. ДУ ОСОРХОНАИ ДИГАР БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои ҳунарию эҷодии гузаштагон ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу симо ва бахшҳои ҷадид аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд.
Осорхонаи мазкур соли 1981 дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт таъсис ёфта, яке аз калонтарин осорхонаҳо дар бахши этнографияи тоҷикон маҳсуб меёфт. Аммо бо пеш омадани як қатор мушкилиҳо вобаста ба таъминоти молиявӣ ва нигоҳубини осорхона аз соли 2007 он ба кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо кӯчонда шуд.
Бино ба маълумоти Абдулло Ғафуров, муовини директор оид ба илми институти мазкур, мақсади аз нав эҳё намудани осорхона, ҳифзи ёдгориҳои таърихию мардумӣ, дастовардҳои фарҳангӣ, инчунин, расондани ёрии моддӣ ба муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар ва пуррагардонии фонди осорхона бо сарпарастии молиявии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фароз» бинои қаблии осорхона, ки то ин дам дар ҳолати корношоямӣ  қарор дошт, пурра таъмиру таҷдид гардида, тамоми шароити лозима фароҳам оварда шуд.
Айни замон дар осорхона зиёда аз 10 ҳазор намунаи либоси қадимаи миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ҷамъоварии онҳо ҳанӯз соли 1940 аз тарафи этнографи маъруф М. С. Андреев ва шогирдони ӯ Н. Ершов, А. Писарчик ва М. Ҳомидҷонова оғоз гардидааст.
Экспозитсияи осорхона аз 4 қисмат: фарҳанги анъанавии тоҷикони қисмати шимолу ҷанубии Тоҷикистон, тоҷикони марказӣ ва фарҳанги анъанавии тоҷикони Бадахшон иборат аст.
Дар қисмати дувуми бинои муассиса аввалин осорхонаи мероси таърихию фарҳангии бонувони тоҷик – «Осорхонаи занони барҷастаи Тоҷикистон» дарҳои худро барои меҳмонону сокинон боз намуд.
- Сарватҳои таърихию фарҳангии ин бахши осорхона аз тарафи ходими давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ Муқаддара Рустамова (1926 – 2002) ҷамъоварӣ шудааст ва барои арҷгузорӣ ба ин шахсияти бузург осорхона ба номи ӯ сабт гардид. Дар он нигораҳои ороишоти занонаи охири асри ХVIII, маҷмӯи нассоҷӣ ва пироҳанҳои асри ХIХ, намунаҳои силоҳҳои асри ХIХ, ранҷи дастони ҳунармандон ва чӯбкориҳои нодир мавҷуданд, - афзуд А. Ғафуров.
Дар ифтитоҳи муассисаи мазкур занони маъруфи кишвар ва аҳли оилаи онҳо ширкат доштанд. Аз ҷумла, Низорамоҳ Зарифова, ки як гӯшаи осорхона ба ҳаёту фаъолияти ӯ бахшида шудааст, андешаҳояшро чунин иброз дошт: «Занони тоҷик дар мисоли ҳамин муассиса бори дигар мефаҳманд, ки давлату Ҳукумат хизматҳои бонувонро фаромӯш намекунад ва ба хотири қадрдонии онҳо, ҷовидонагии ному осори эшон чораҳои зуруриро меандешад».
Дар осорхонаи «Занони барҷастаи Тоҷикистон» гӯшаҳои алоҳидаи модари аллома Бобоҷон Ғафуров - шоира Розия Озод, камонвари маъруф  Зебунисо Рустамова, қаҳрамонзан Мамлакат Наҳангова ва даҳҳо бонувони шуҷову диловари тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд.
Зиёда аз 3 ҳазору 500 ашёи фарҳангию таърихӣ касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии бонувони тоҷикро муаррифӣ намуда, барои меҳмонони дохилухориҷи кишвар маълумоти пурқиммат медиҳанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 183

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед