logo

фарҳанг

ЗИҲӢ, ЭЙ САРВАРИ НАВРӮЗБОТИН!

Наврӯзу адабиёт азалан тавъаманд - Наврӯзи аҷдодӣ асрҳои аср илҳомбахшу рӯҳафзои адибон будааст ва  адибон садсолаҳо ин ганҷинаи пурбаҳои маънавиро дар сурудаҳояшон зинда нигоҳ доштаву то ба имрӯз расондаанд. Лекин асли ҳақиқат ин аст, ки Наврӯз маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва аз шарофати сиёсати миллатдӯстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан эҳё гардид ва бо ҳама рангҳои рангинкамони айёми баҳорон ҷилвагар шуд. Чунки Наврӯз худ ҳам моҳиятан истиқлолият аст, истиқлолияти маънавие, ки дар сармоҳои тӯлониву дарозои зулмонии таърих халқи моро барҷо нигоҳ дошт ва барпову болодаст то истиқлолияти воқеии сиёсиаш оварда расонд.
Наврӯзи мо садсолаҳо буд рамзи истиқлоли мо,
Сарсабзии мо, бахти мо, гулхандаи иқболи мо,
Наврӯз моро менамуд озод аз ҳар бандагӣ,
Пайваста меовард бор озодагӣ, пояндагӣ.

Наврӯзу истиқлолият моро ду ҳаммаъно шуданд,
Ин ду ҷаҳонӣ ҷашни мо дар ҷону дилҳо ҷо шуданд,
Хуршеди наврӯзӣ бувад тобон дар ин мулки куҳан,
Хуршеди истиқлолият поянда дар авҷи Ватан!

Ин пайвандро ба мо маҳз Пешвои миллат талқин карданд, руҷӯи амиқ ба таърихи Ватанамон, ба гузаштаи пурфоҷиаву пурифтихори миллатро ёд доданд, суннатҳои зиндагисози Наврӯзи ниёгон – озодиву озодагӣ, бунёдкориву созандагӣ ва, бар рағми сардиҳои асливу маҷозии ҳаёт, дилгармӣ ва сарсабзиву шукуфоиро дар ҳастии ҳар нафари мо ҷо намуданд.
Бисёр рамзист, ки Ҷаноби Олӣ ҳар сол маҳз дар арафаи Наврӯз зиёиён, аз ҷумла шоиру нависандагонро ба ҳузур мепазиранд, розу ниёзашонро мешунаванд, ба ҷодаи пайванди бештари маънавиёт бо ҳаёт ҳидоят мекунанд. Аз шарофати ҳамин мулоқотҳо буд, ки барои нашри садҳо китоби адибон имконият фароҳам омад, нашрияҳои Иттифоқи нависандагон дастгирӣ ёфтанд, ба таҳкими пояҳои маънавии адабиётамон таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Суханони самимонаи Пешво – «Ман шоиронро дӯст медорам!», ки низ дар ҳамин гуна як мулоқоти сатҳи ҷаҳониашон – Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз иброз доштанд, бори дигар наврӯзтинативу баҳороиниашонро бозгӯ кард. Дар он ҳарфҳои заминиву замонӣ заррае муболиға набуд, чунки Ҷаноби Олӣ худ беш аз ҳар касе халқи хешро, Ватани хешро аз дилу ҷон дӯст медоранд ва адибон як ҷузъи ҷонпайванди ҳамин халқу Ватананд, ки бо нахли пурбори қалами хеш боғи маънавиёти Ватанро сарсабз медоранд, бо хиштҳои тиллоии ҳарфу сухан кошонаҳои маънавӣ бунёд мекунанд, бо кафшери сӯзони бовару эътиқод дилҳоро пайванд ва ҳастии маънавии халқро бегазанд месозанд. Дар ин роҳ офаридаҳои пурифтихори Пешвои миллат аз таъриху забону адабиёти Ватан чароғи ҳидояти аҳли адаб ҳастанду хоҳанд буд.
Дар масъалаи арзишҳои маънавии халқамон низ аъзои фаъоли Иттифоқи нависандагон самимона ҷонибдори Сарвари давлатанд ва, алорағми баҳсҳои иғвогаронаву ҳангомахоҳона ва бемасъулиятонаи гурӯҳе, қотеона бар онанд, ки ин қаламрави муқаддас Тоҷикистон, ин мардуми сарбаланду арҷманд тоҷик, ин забони нобу пок тоҷикӣ, ин алифбои заминиву замонӣ саводбахши воқеии наслҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат, Айнии бузург айни тимсоли ормонҳои халқи моянд ва ба қадри имкон ба ҳар қасди ғаразноку нопок ба ин муқаддасоти маънавии миллатамон барҷову бодалел посух гуфтаанду хоҳанд гуфт.    
Имсол ҳам Ҷаноби Олӣ дар арафаи Наврӯзи дилафрӯзу кинасӯз ба ҳамагон сабақе безавол ва ба аҳли дил ҳадияе бемисол доданд. Мо ҳанӯз таҳти таассуроти амиқи мулоқоти деринтизору таърихии он кас бо сарвари ҳамсоякишвари аз ҳар ҷиҳат қаринамон ҳастем. Ва бисёр ифтихормандем, ки Сарвари давлатамон ва Сарвари Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қатори омилҳои пурзӯри офарандаи ваҳдати халқҳоямон адабиётро зикр намуданд ва аз адибони машҳури ваҳдатофаринамону осори ҷовидонашон ёд оварданд. Адибони имрӯз ҳам, ба қадри имкону тавон, анъанаи он бузургмардонро идома медиҳанд ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон робитаҳои созандаи адабӣ ва табодули таҷрибаи адабиву осори адабиётро, аз ҷумла тавассути Маркази тарҷумаи бадеӣ, ки бо ибтикору дастури Президенти муҳтарам таъсис ёфтааст, амалӣ хоҳад кард.
Чанд рӯз пеш гурӯҳе, ки шомили намояндагони аҳли адаб ҳам буд, сафари Роғун дошт. Моро бори дигар хираду хаёли онҳое, ки он лоиҳаи бемонандро офаридаанд, корномаву диловарии бинокорон ва шаҳомату вусъати бемисли сохтмон ба ҳайрат овард, вале ҳазорон бор беш аз ин мафтуни дарку эҳсос, ҷасорату матонат, азми пайвастаи бунёдкорӣ ва халқпарвариву ватандӯстии бузургмарде шудем, ки зарурати он сохтмони беназирро сари вақт эҳсос намуд, ҳазорон банду монеаҳоро собирона бартараф кард, дунёро итминон ва халқи худро имкону тавон бахшида, ба он ҷисми афсурдаву пажмурда рӯҳи тоза  дамид. Он бузургмарди фарохандешу фарохназар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд ва мо, аҳли адаб, амалӣ гаштани орзуи бузурги худашону тамоми мардуми кишвар - сари вақт фурӯзон шудану ҷовидон дурахшон мондани Офтоби нави маҷозии Ватан – Неругоҳи барқи обии Роғунро самимона барояшон орзу мекунем!
Маҳз сабақи бузурги Пешвои миллат аст, ки Наврӯз фақат сабзаву гулу чакану суманак нест, Наврӯз, пеш аз ҳама, маънавиёт аст, шеър аст, адабиёт аст, ҳамияту одамият аст, покиву полудагии дилҳову манзилҳост, арҷгузории Ватану ҳамватанон аст, посдории самимонаи миллату давлати худ аст, сарсабзиҳову шукуфоиҳои маънавист. Маҳз ҳамин ҳикмату ҳимматро бори дигар талқин кард мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо зиёиён, ки посдорони асосии ин арзишҳоянд.
Ҳикмати маъруфе ҳаст, ки «кишвари кӯчакро сарвари бузург мебояд».  Сарвари давлату миллати мо бо паҳнои дарку эҳсос, вусъати ҷасорату матонат, пайванди нияту амалҳои нек ва самимияти меҳру муҳаббат Тоҷикистони кӯчакамонро як ҷаҳон кардаанд ва акнун мебояд гуфт, ки «Кишвари бузургро Сарвари бузург месозад!». Сарваре, ки аз дилу ҷон сарзаминашро чун баҳористон шукуфонидан мехоҳад, ҳар гӯшаи диёрашро наврӯзгоҳ кардан мехоҳад, халқашро сазовори зиндагии шоистаи инсон ва сабзҷону ҷовидон дидан мехоҳад.
Зиҳӣ чунин кишвари баҳороин!
Зиҳӣ чунин Сарвари Наврӯзботин!
Низом ҚОСИМ,
раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 361

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед