logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОБАСТА БА ОБ

Имрӯзҳо саросари ҷаҳон аз ташаббуси башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯяд. 22 марти соли 2018 дар қароргоҳи доимии Созмони Милали Муттаҳид – шаҳри Ню – Йорки ИМА иҷлосияи 72 – юми Маҷмаи умумии СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» - чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. Воқеан, боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ пешниҳоди хирадмандонаи Сарвари давлати моро пазируфта, бо ҷонибдории кулли давлатҳои ҷаҳон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» қатънома қабул намуд.
Дар чорабинии сатҳи баланд нахуст роҳбарони ин созмони баландэътибор Антониу Гутерреш – Дабири кулли СММ ва Маҳмуд Сайқал – ноиби президенти Маҷмаи умумии СММ дар ҳузури коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони вижаи давлатҳои аъзои СММ дар бораи аҳамияти ҷаҳонии ташаббуси башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои ҳамоиши сатҳи баланд сухан гуфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» нахустин шуда дар иҷлосияи 72 – юми МУ СММ сухан карданд ва бо ҳузури хеш амалисозии Даҳсолаи нави байналмилалиро ҳусни оғоз бахшиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олии байналмилалӣ таъкид доштанд, ки проблемаҳои марбут ба об мушкилоти глобалии миллиардҳо сокинони сайёра аст, ки онро фақат бо роҳи ҳамкории самараноки давлатҳо, созмонҳои соҳавӣ, мудирияти захираҳои обӣ ва фаъолияти пурсамару муштараки ниҳодҳои СММ ва кишварҳои ҷаҳон ҳаллу фасл  намудан имконпазир аст. Зеро дар шароити зиёдшавии доимии аҳолии ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, таъсиррасонӣ ба муҳити зист, хусусан афзоиши шумораи корхонаҳои азими саноатӣ ва партофти газҳои гулхонаӣ ба ҳаво мушкилоти об сол то сол шадидтар мегардад. Дар ҳамин ҳол, ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ метавонад барои рушди устувор заминаи боэътимод гузорад. Пешвои миллат обро на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор номида, изҳор доштанд, ки ҳалли ин мушкилоти умдаю глобалӣ «фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».
Мавриди таъкид аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла "Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба ормонҳои тамоми аҳли башар ва барномаҳои фарохдомани Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, комилан созгору мувофиқанд.
Мо аз он изҳори ифтихору сарфарозӣ дорем, ки фарзанди фарзонаи миллати куҳанбунёду тамаддунсиришти тоҷик Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳалли мушкилтарин проблемаҳои инсоният пешоҳанг аст ва ба шарофати иқдомҳои хирадмандонаю наҷибашон эътибори давлати Тоҷикистон ва мардуми заҳматпешаи тоҷик пайваста боло меравад.
Ин шарафу ифтихори ҳар фарди ватандӯсти Тоҷикистон аст!
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 241

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед