logo

Хабарҳо

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент бунёд мешавад

Дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки раиси ноҳия Зафар Файзуллозода, директори генералии ШИИ «Ориён Инвест» Саидисматулло Валиев, раиси ширкати  «Хенан Чжун – Я Гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Сонг Вэй маросими оғози расмии сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3000 тонна сементи навъи М-400 ва 3000 тонна навъи сулфаттобовар, дар маҷмӯъ, 6 ҳазор тонна сементи баландсифат арзёбӣ шуда, баъди ба фаъолият оғоз кардан, он бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон мегардад. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ дар он  солона 2 миллион тонна сементи баландсифат истеҳсол хоҳад шуд.
Аз рӯйи баҳогузории мутахассисон, сементе, ки дар ин корхона истеҳсол мешавад, барои истифода дар иншооти ҳаётан муҳиму стратегӣ, аз қабили сарбанди неругоҳҳо, биноҳои баландошёна ва ғайра хеле мувофиқ хоҳад буд.
Тибқи нақша, дар оянда дар заминаи корхонаи истеҳсоли сементи ноҳияи Қубодиён бунёди якчанд корхонаи дигари истеҳсолӣ ва, ҳамзамон, сохтмони биноҳои маъмуриву истиқоматӣ дар назар аст.
Боиси зикр аст, ки  корхона аз сӯйи Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» (ширкати зертобеи «Ориёнбонк») бо ҷалби 160 миллион доллар сармояи хориҷӣ бунёд мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 328

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед