logo

сиёсат

РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА НАҚШИ СОЗАНДАГИИ СУБЪЕКТИ СИЁСӢ

Мулоҳизаҳо оид ба мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов «Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ», «Ҷумҳурият». – 2018. – 5 феврал. – № 27 (23370). – С. 2-3.
Миёни шаклҳои шуури ҷамъиятӣ муқтадиртарин навъи он сиёсат маърифат мешавад, зеро сиёсат қиёсан бо дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ пурнеруст. Инчунин, муштамил бар анвои мухталиф буда, вазифаи дохилии он танзими низоми кулли соҳаҳои кишвар аст. Тавъам ба масоили зикршуда таносуби сиёсат ва арзишҳои миллӣ басо ҷолиб буда, раванди мазкур вобаста ба шакли давлат низ ҳаст. Агар давлати миллӣ бошад, он гоҳ дифову ҳифзи арзишҳо басо ҳамаҷониба ва масъулиятшиносона қобили вуқӯъ мегардад. Дар маърифати илмии ин падида, яъне аксиология – таълимоти фалсафии назарияи арзишҳо ва равобити мутақобилаи онҳо ва нақши шахсиятҳои абарқудрат дар таърихи миллат пазируфта мешавад.
Маҳз ана ҳамин паҳлу тавъам бо ҷилоҳои сиёсӣ ва амнияти миллӣ дар пажӯҳиши бунёдии доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ С.Ятимов таҳти унвони «Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Пажӯҳиш иборат аз муқаддима, шаш фасл ва хулоса буда, муҳаққиқ дар муқаддимаи мақола таъкид менамояд, ки «мавзӯи баҳси мақола баъзе аз паҳлуҳои назариявӣ ва амалии субъекти сиёсӣ дар чаҳорчӯби манфиатҳои амнияти миллӣ мебошад».
Фасли нахустини пажӯҳиш – «Шахс ҳамчун субъекти сиёсӣ» ном дошта, дар ин бахш пажӯҳиши меҳварӣ он падидаест, ки таносуби субъекти ҳуқуқӣ ва субъекти сиёсӣ қиёсан мушаххас карда мешавад, ки басо муҳим ва арзишманд аст.
С.Ятимов басо мӯшикофона муҳокимаронӣ намуда, барҳақ таъкид мекунад, ки «Муҳимтарин нишонаи субъекти сиёсӣ гаштани инсон, ки ба тарзи табиӣ рӯй медиҳад, дар сарзамини муайян, бо номи ҷуғрофиёии мушаххас ба дунё омадани ӯст. Мақоми аслии охирин аз лиҳози ҳуқуқӣ тибқи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои одӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии кишвар муайян карда шудааст. Ба ибораи дигар, ин ҳолат бидуни ихтиёр доро гаштан ба статуси субъекти ҳуқуқӣ ва асос барои минбаъд соҳиб шудан ба мақоми сиёсиро дар назар дорад». Дар ҳамин бахши қазовати хеш муҳаққиқ таносуби мансубияти миллӣ ва омилҳои зуҳури онро низ ба далелҳо собит месозад, ки ба назари мо, арзишманд мебошад: «Вобаста ба макони таваллуд ва дар алоқамандӣ бо оила, дар шуури инсон манзалати ватандорӣ ва мансубият ба миллати муайян тавлид мешавад».
Як нуктаро бояд таъкид намуд, ки интихоби мавзӯъҳои баррасишаванда, мушкилот ва усули пажӯҳишу қиёси муҳаққиқ бесобиқа буда, на танҳо дар пажӯҳиши мавриди назар, балки дар пажӯҳишҳои қаблияш низ баръалоина манзур мегардад.
Бахши сонии пажӯҳиши мазкури С.Ятимов «Роҳнамои сиёсӣ ҳамчун субъекти сиёсӣ» унвон дошта, ҷиддитарин проблема зимни ин бахш мавриди назари объекти тадқиқ қарор гирифтааст. Муҳаққиқ қазовати олими олмонӣ Ф.Нитсшеро ҷонибдорӣ намуда, тарҷеҳ медиҳад ва онро таъкидан зикр мекунад, ки гуфта буд: «Фақат шахсиятҳои бузург, фавқулинсонҳо, ҳамчун намояндагони олии инсоният таърихро меофаранд».
Фасли сеюми пажӯҳиши муҳаққиқ таҳти унвони «Классификатсияи субъектҳои сиёсӣ» рӯйи кор омада, ки басо муҳим ва дорои проблемаи махсус аст. Ба қавли Шайх Саъдии Шерозӣ, се чиз бе се чиз пойдор нест: мулк бе сиёсат, мол бе тиҷорат ва илм бе баҳс. Вале амният ва рушду таҳаввулоти ин ҳамаро: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, меъёрҳои низоми ахлоқӣ, маънавиёт ва ғайраро танҳо сиёсат таъмин менамояд. Сиёсати пешгирифта дар заминаи хирад агар бунёдгузорӣ шуда бошад, пас он дурандешона буда, метавонад ташаккули миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаро таъмин кунад.
Фасли чаҳоруми пажӯҳиш «Маданияти сиёсӣ ва субъекти сиёсӣ» унвонгузорӣ гардида, дар ин қисмат таъкид мегардад, ки «Таҳлили назария ва амалияи фаъолияти субъектҳои сиёсии давлатҳои мутамаддини дунё (дар назар дошта мешавад, пеш аз ҳама, кишварҳои Ғарб) аз он шаҳодат медиҳад, ки тафаккури илмӣ, таҷриба ва амалияи сиёсии ин кишварҳо ба аҳамияти субот, ягонагӣ ва қудратманд будани давлати миллӣ нигаронида шудаанд».
Дар фаҳмиши сирф фалсафӣ илм худ давлати маънавист, вале ин давлат воситаҳои иҷборӣ надорад ва аз он хотир, муҳаққиқ ба таълимоти В.Ф.Гегел такя мекунад, ки «Мавҷудияти маънавӣ ва бохирадонаи инсон фақат дар чаҳорчӯби  давлат имкон дорад». Дар мантиқи маърифатии ифода ин қазоват ҳамин маъниро дорад, ки «Бо тамоми ҳастӣ инсон бояд худашро дар назди давлат масъул шуморад. Кулли арзишмандии инсон, рӯҳ ва маънавиёти ҳақиқии он натиҷаи ҳастӣ ва фаъолияти ӯ дар доираи давлат аст». Маҳз ба ҳамин хотир, ин мутафаккир ҷонибдори он аст, ки давлат бояд яке аз вазифаҳои меҳварии хеш - гирдоварӣ ё худ ғанӣ гардондани ғановати маънавӣ - маърифатиро ихтиёр намояд; бидуни рӯ овардан ба раванди мазкур роҳи дигаре дар ин масир маърифат карда намешавад.
Бахши мазкурро муҳаққиқ чунин натиҷагирӣ мекунад, ки «илми давлатшиносии Ғарб таъкид бар он мекунад, ки шахс ҳамчун субъекти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибат бо манфиатҳои давлатӣ (хонда шавад миллӣ) аз диди номутаносиби шахсии хеш болотар истад, манфиати давлатиро волотар бинад».
Фасли ниҳоят ҷолиб, ки махсусан мамолики Шарқ дар ин ҷода «кӯтоҳдастӣ» доранд, «Геополитика: «мантиқи воқеият» ва субъекти сиёсӣ» ном дорад. Муҳтавои баҳс ифшои фанатизм, хурофотпарастӣ, вандализм, зиёдаравиҳои беҳадаф ва  ғайра ҳаст, ки омӯзиши басо дақиқу амиқи маърифати сиёсӣ ва зиракию ҳушёриро тақозо мекунад ва агар падидаи мазкур даст диҳад, суботи сиёсӣ таъмин мегардад.
Маҳз мантиқи баҳсҳои фавқуззикр фасли «Ҷанбаи таърихии субъекти сиёӣ»-ро пеш овардааст, аз ин рӯ, таъкид мегардад, ки «Илми мантиқ тақозо мекунад, ки дар тамоми ҳолат қонуният ва шаклҳои тафаккур, ба умеди ноил гаштан ба донишҳои илмӣ, дар вобастагӣ ба воқеият истифода шавад. Маҳз ҳамин ҳолатро фаҳми таърихӣ-мантиқӣ меноманд». Ин фасл хонандаро водор месозад, ки ҳақиқати таърихро дар заминаи мантиқ бояд омӯзад, ки он барои дарёфти мушкилоти сабаб ва натиҷа мусоидат хоҳад кард.
Дар интиҳои пажӯҳиши хеш С.Ятимов ба натиҷае расидааст, ки «Субъекти сиёсӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳои тадқиқоти илми давлатшиносӣ аст» ва аз ин рӯ, «Масъалаи ҳаётан дар чаҳорчӯби таъйиноти субъектҳои сиёсӣ, манфиатҳои миллӣ – сулҳу субот, амнияти системавӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди давлати миллӣ мебошад».
Дар маҷмӯъ, ин пажӯҳиш аз нигоҳи фарогирии масъала ва муаммоҳои муҳимтарин, моҳият ва хусусият тадқиқоти сирф илмӣ-назариявӣ бошад ҳам, он дар айни замон арзиши волои амалӣ-ҳаётӣ дорад.
Абдулҳай МАҲМАДАМИНОВ,
Мирзо СОЛЕҲОВ,      
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 238

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед