logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. ҶАВОНОН НАБОЯД ФИРЕФТА ШАВАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ иброз доштанд, ки: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст.  Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».
Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу воситаҳои он ба таври мушаххас ва муътамад дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.
Диққати рӯзафзун ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар ақсои олам, хосса дар  мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат- ун - нусра», «Ҷайш - ал - ҳур» «Ихвон -ул- муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат, хонабардӯшӣ ва фирори садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин, боиси нигаронист, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғин кашида мешаванд. Мутаассифона, миёни ин фирефташудаҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Чӣ онҳоро водор мекунад, ба сафи ин ҷаллодону қотилон пайванданд? Мубориза барои тавсеаи ғояҳои дини мубини ислом, ки хоҷагони пасипардагӣ ин муборизаро ҳамин тавр маънидод мекунанд? Фиреби маҳз аст ин! Охир, куштору ғорат, азобу шиканҷаи ҳамдин, рехтани хуни ноҳақ, қатли занону кӯдакон, пирони барҷомонда, ба харобазор табдил додани шаҳру навоҳии обод магар метавонад бо дини мубинамон ягон иртибот дошта бошад?! Ҳеҷ гоҳ!
Маро, ки аз ҷумлаи 6 миллион насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастам, ин ҳама ваҳшоният, разолату ҷаҳолат ба даҳшат меорад, ки миёни онҳо ҳамсолони ман низ ҳастанд. Як ба гирду атроф нигаред ва муқоиса кунед, ки Душанбе, ё худ зодгоҳи мову шумо 20 сол пеш чӣ гуна буду ҳоло чӣ симое гирифтааст? Ободиҳое, ки тӯли ин солҳо дар кишварамон ба амал омадаанд, қиёснопазиранд. Ин ободкориҳоро насли аз мо пеш кардаанд ва мо бояд ин корро давом диҳем, то ки диёри азизамон боз ҳам зебою шукуфо гардад. Он ҳамсолони гумроҳшудаи ман низ бояд маҳз дар ҳамин сафи ободкорон бошанд, на дар сафи одамкушону ғоратгарони гурӯҳҳои ба ном «муборизони роҳи ислом». Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати таҳсилу касб омӯхтан муҳайёст. Бояд хонд, ҳунар омӯхт ва аз пайи кор шуд, оилаи ободу зебое барпо кард. Меҳнате, ки ба нафъи Ватан мекунем, ба нафъи оилаи худ низ ҳаст. Зеро асоси ҷомеа аз оила ташаккул меёбад. Афсӯс мехӯрам аз он ҳамсолони фиребхӯрдаи худ, ки неруи ҷавонияшон на сарфи ободии Меҳан, балки куштори мардуми бегуноҳ, харобкорӣ сарф мегардад.
Албатта, бинобар чораҳои муассир андешидани Ҳукумати мамлакат масъалаи мазкур мисли пешина тезутунд нест ва пурра ҳал шуданаш кори вақт аст. Аммо то замоне ки ҳатто як ҳамсоли ман дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ бошад, мубориза алайҳи терроризму экстремизм идома хоҳад ёфт.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, коромӯз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 165

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед