logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ касоне, ки ба китобу китобдорӣ машғул будаанд, ашхоси босаводу бофарҳанг маҳсуб ёфта, аз эҳтироми хосса бархӯрдоранд. Яке аз чунин шахсони фидоӣ, ки зиёда аз чил сол бо китобу китобхона зистааст, Шарифҷон Комилзода аст.
Ш. Комилзода баъди хатми факултети китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода чандин сол дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ фаъолият бурда, соли 1988 аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги Москваро бомуваффақият хатм намудааст.  Рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми педагогӣ таҳти унвони «Библиографияи тавсиявии адабӣ - бадеӣ ҳамчун воситаи тарбияи интернатсионалӣ ва ватандӯстии кӯдакону наврасон» (дар мисоли Тоҷикистон) ба маърази муҳокимаи донишмандон гузошта, сарбаландона дифоъ кард.
Саҳми устод дар таълифи китобу маҷмӯаҳо, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва библиографӣ назаррас аст. Ӯ доир ба масоили фарҳангшиносӣ ва илми китобдорӣ беш аз 500 асару мақола ва дастурҳои библиографӣ таълиф намудааст. «Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон», «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ - иттилоотии хонандагон», «Асосҳои донишҳои китобдорӣ - иттилоотӣ», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз», «Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ», «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ», «Наврӯз. Китобнома», «Иҷлосияи сарнавиштсоз», «Об - манбаи ҳаёт» аз ҷумлаи онҳоянд.
Оид ба фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон як силсила мақолаҳоро аз қабили «Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ дар 20 соли Истиқлолият», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва истифодабарии он», «Нақш ва мақоми китобхона дар ҳаёти ҷомеа», «Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон» чоп намудааст, ки дар онҳо самтҳои гуногуни китобдорӣ мавриди таҳқиқ  қарор гирифтаанд.
Дар осори худ муаллиф бештар ба нақши китобхона дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, дастрасии аснод, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар равандҳои гуногуни фаъолият, такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо ва маркази илмию  методӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ эътибор додааст.
Шарифҷон Комилзода зиёда аз 10 сол роҳбарии Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсиро ба уҳда дошт ва минбаъд низ дар он чандин сол фаъолият бурд.
Мавсуф айни замон сардабири маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассамблеяи китобхонаҳои АвруОсиё мебошад. Шогирдони устод имрӯзҳо дар китобхонаҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дар идораҳои бонуфузи кишвар машғули фаъолиятанд. Устод борҳо дар ҳамоишу конфронсҳои байналхалқӣ ширкат варзида, собит, ки халқи тоҷик аз қадим миллати китобу фарҳанг будааст.
Бо назардошти хидматҳои шоиста дар рушди соҳаи китобдорӣ ва тайёр намудани мутахассисони болаёқат Шарифҷон Комилзода бо медали «Хизмати шоиста», унвонҳои аълочии фарҳанг, матбуот, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Гадобег МАҲМУДОВ,
муовини директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 119

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед