logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА САҲМИ МОНДАГОРИ Ӯ ДАР ТАҲКИМИ ИЛМИ ШАРҚШИНОСӢ

Хизматҳои аллома Бобоҷон Ғафуров дар рушду нумуи илм ва пешрафту ташаккули самтҳои хоҷагии халқи мамлакат басо бузург аст.

Аз ҷумла, нақш ва мавқеи фарзанди фарзонаи миллат ба ҳайси сарвари яке аз марказҳои бонуфузи илми ҷаҳонӣ дар густариши самтҳои мухталифи илми шарқшиносии ватанӣ берун аз марзҳои собиқ ИҶШС доман густурдааст.  Солҳои 50 - уми асри гузашта ба муносибати таҳаввулоти сиёсӣ дар бархе аз мамолики Шарқ, ба вуҷуд омадани мамлакатҳои соҳибистиқлол дар Осиё ва озодшавии баъзе аз давлатҳои қитъаи Африқо ҳалли як қатор масъалаҳои муҳимро пеш гузоштанд. Дар баробари муассисаҳои таҳқиқотӣ, ки ба таҳқиқи масоили марбута машғул буданд, дар назди олимони шӯравӣ низ вазифа меистод, ки ҳар як таҳаввулоти дар ин заминаҳо баамаломадаро муфассал ба риштаи таҳқиқ гиранд. Дар баробари ин, масъалаҳои назариявии рушди шарқи хориҷӣ, омӯзиши давраҳои пайдоишу тараққиёт, хусусиятҳои таҳаввулоти онҳо, аз ҷумла рафти муборизаҳо бар зидди мустамликадорӣ, тарз ва шаклҳои муносибати империалистӣ, масъалаҳои гуногуни тамаддун ва фарҳанг - забон, адабиёт, таърих ва ғайраҳо омӯзиши амиқу густурдаро тақозо менамуданд.
Табиист, ки пажӯҳиши ин масоил аз самтҳои умдаи илми шарқшиносии он давра маҳсуб меёфт ва ба андозаи бояду шояд ба роҳ монда шудани ин раванд маҷмӯи назария ва диди нав ва ҷалби неруҳои тозаро талаб мекард. Дар ҳамин давраи муҳим дар вазифаи  сарвари Пажӯҳишгоҳи  шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС  Бобоҷон Ғафуров ба кор оғоз кард. Дар нимаи аввали солҳои панҷоҳум дар ҳаёти ӯ саҳифаҳои нав оғоз гардиданд. Муовини сарвари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ профессор Г. К. Широков роҷеъ ба ин масъала ибрози назар намуда, зикр менамояд, ки сабабҳои ба ин вазифаи масъул дар он солҳо таъйин шудани Б. Ғафуров аввал дорои таҷрибаи калони корҳои ҳизбию ташкилотчигӣ доштан ва бештар аз даҳ сол котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шуда кор кардани ӯ бошад, сониян ҳамчун олими барҷаста ва дар байни шарқшиносон чун муаллифи китоби аҷоиби «Таърихи халқи тоҷик», ки чандин маротиба нашр гардида буд, шуҳрат доштани ӯ ба шумор меравад. Дар ҳамин давраи ҳассос дар фазои паҳновари илми  мамлакат, алалхусус илми шарқшиносӣ пажӯҳишгари мумтоз ва тавоное  зарур буд, ки талаботи ҷараёни тозаро қонеъ ва аз уҳдаи иҷрои  вазифаҳои нав бо пуррагӣ баромада, илми шарқшиносиро пеш барад. Аз байни номзадҳои пешбаришуда маҳз ба Бобоҷон Ғафуров иттифоқ афтодани интихоб бесабаб набуд. Б. Ғафуров чун ташкилотчии моҳиру кордон ба кор оғоз кард. Назари дақиқ дар диди масъалаҳо, эҳсоси дурбинонаи самтҳои муҳим ва мақсаднокии тадқиқоти илмӣ, махсусан роҳандозии самтҳои пажӯҳишоти бунёдӣ, сарҷамъсозии неруҳои зеҳнӣ ва баҳри ичрои дурнамои нақшаҳои бузург равона намудани ин неруи тавонои илмӣ аз зумраи мақсадҳое буданд, ки роҳандозӣ ва ташкили моҳиронаи онҳо дар таҳкими густурдаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ мусоидат намуданд. Табиист, ки иҷрои ин мақсадҳо амалисозии як силсила тадбирҳои муҳими сохториро низ тақозо менамуданд. Чунончӣ,  дар давраи ба фаъолият оғоз намудани ӯ як қатор шуъбаҳо ва соҳаҳои нав, аз ҷумла шуъбаҳои Африқо, мамлакатҳои Араб, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ арзи ҳастӣ карданд. Дар соли 1958 нашриёти “Адабиёти Шарқ” (минбаъд Идораи асосии адабиёти Шарқ, нашриёти «Илм» - ҳоло боз наш-риёти тиҷоратии «Адабиёти Шарқ») ташкил карда шуданд, ки он дар нашри корҳои муҳими шарқшиносӣ мавқеи муҳим дошт. Муҳтавои нашрияҳои илмии «Шарқшиносии шӯравӣ» («Советское востоковедение»), «Халқҳои Осиё ва Африқо» («Народы Азии и Африки») хеле пурмазмун гардиданд. Интишори маҷаллаи нави оммавию ҷамъиятӣ ва сиёсии «Шарқи муосир» («Современный Восток») оғоз ёфт. Масоили марбут ба улуми шарқшиносӣ дар доира ва сатҳҳои баланд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо иқдоми Бобоҷон Ғафуров тобистони соли 1957 дар шаҳри Тошканд Конференсияи якуми умумииттифоқии шарқшиносон даъват шуд, ки ӯ дар мавзӯи «Вазъият ва вазифаи шарқшиносони шӯравӣ дар партави нишондодҳои Анҷумани ХХ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ» маърӯза кард. Дар маърӯзааш, ҳамчунин, дар бораи чораҳои боз ҳам густурдатар омӯхтани масъалаҳо ва, пеш аз ҳама, раванди заволёбии низоми мустамликадории империализм ва таҳаввулоти ҳаракати миллӣ - озодиҳоҳӣ сухан ронда, аз ҷумла таъкид медорад, ки бояд ҳар чи зудтар мактаби неруманди илмӣ фароҳам оварда шуда, дар он олимони барҷаста фаъолият баранд. Ҷавонони қобилиятнок таҷрибаи ин мактаби бузургро дар омӯзиши таъриху филологияи Шарқ омӯзанд, зеро муҳимтарин шарти баланд бардоштани сатҳи илми шарқшиносӣ аз омода кардани кадрҳо вобастагии муҳим дорад. Аз ин ҷост, ки дар он солҳо доираи мутахассисони бо Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ҳамкорикунанда хеле вусъат пазируфта, Бобоҷон Ғафуров баҳри баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи илми шарқшиносии шӯравӣ бисёр масъалаҳои ҷолибро пешниҳод кард. Масъалаҳо ва самтҳое, ки баррасӣ ва ҳалли онҳоро академик Б. Ғафуров дар доираи пажӯҳишоти ин маркази бузурги илмӣ   ҳатмӣ медонист, пеш аз ҳама аз андеша ва ифтихори миллии як нафар фарди зиёии тоҷик маншаъ мегирифтанд.
Моҳи сентябри соли 1957 ӯ ҳайати вакилони шӯравиро дар Конгресси байналхалқии шарқшиносон дар Мюнхен (Олмон) сарварӣ намуд. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ӯ аз зумраи нахустин олимоне буд, ки дар мавзӯи «Дар бораи сабабҳои пешравӣ ва инқирози Давлати Сомониён» маърӯзаи илмии бунёдӣ намуда, фарҳангу маданияти аҷдодии моро дар мисоли нахус-тин давлатдории миллии тоҷикон ва мероси пурғановати он ба ҷаҳониён равшан муаррифӣ намуд.  Хулосаҳои илмии Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаи мазкур шурӯъ аз ҳамон давра дар ҷараёнгирии самтҳои умдаи илмии марбут ба таҳқиқи ин сулолаи муҳташам ангезаи хубе ба бор оварданд. Аз рӯи нишондоди Бобоҷон Ғафуров дар корҳои илмӣ се самти умдаи тадқиқот мушаххас гардида, иқтидори зеҳнӣ дар доираи пажӯҳишоти назария ва амалияи сиёсати миллӣ, ҳаракати миллӣ - озодихоҳии мамлакатҳои Шарқ ва таърихи он (қадимӣ ва асримиёнагӣ) муттамарказонида шуда буд.
То ба Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ сарвар таъйин шудани Бобоҷон Ғафуров дар ин муассиса қариб 200 нафар кор мекарданд. Баъдан миқдори кормандони пажӯҳишгоҳ дар давоми 10 сол 3 маротиба афзоиш ёфт, дар Ленинград (ҳозира Санкт - Петербург) шуъбаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ таъсис дода шуд. Дар замони роҳбарии Б. Ғафуров мақому манзалати Пажӯҳишгоҳ он қадар боло рафт, ки Вазорати корҳои хориҷии собиқ ИҶШС дар ҳалли бисёр масъалаҳои нозуки байналмилалӣ ба тавсия ва пешниҳодҳои илмии ин муассиса такя менамуд.
Дар давраи сарварии Бобоҷон Ғафуров дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ муносибатҳои байналхалқӣ хеле густариш ёфтанд. Заҳматҳои зиёди ин олими барҷаста аст, ки дар ҷаҳони илм дар бораи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ чун муассисаи соҳибэътибор ва дорои неруи қавии илмӣ фикр меронданд. Ба Бобоҷон Ғафуров муяссар гардид, ки дар атрофаш бузургтарин шарқшиносонро гирд оварад. Олимон на танҳо аз марказҳои шарқшиносии Москваю Ленинград, балки аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба корҳои илмӣ ҷалб шуданд ва Пажӯҳишгоҳ барои кишварҳои Шарқи нав аз мустамлика раҳоиёфта то як андоза рисолати Вазорати корҳои хориҷиро ба ҷо меовард.
Бо назардошти хизматҳои бузурги аллома дар рушду нумуи илму фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзанди бузурги миллат аллома Б. Ғафуров унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ҳаёт ва фаъолияти пурсамари ин фарзанди сарсупурдаи миллат барои наслҳои имрӯзу оянда муҷиби ифтихору саодат аст.   
Осим   КАРИМЗОДА,
доктори   илмҳои   таърих,   профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 268

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед