logo

иқтисод

ҲАР СОЛ БЕҲ ЗИ СОЛИ ДИГАР

Дар  ноҳияи Рӯдакӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти ғизоии  аҳолии мамлакат тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд. Бо дастгирии роҳбарияти ноҳия  кишоварзон аллакай дар майдони қариб 7 ҳазор гектар   кишти баҳорӣ гузаронданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 дарсад зиёд аст.
Аз аввали мавсим дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  кишти  зироатҳо вусъат ёфта, аз ҷумла картошка қариб 300 гектар, сабзавот 244  ва ғалла 1250 гектар нисбат ба ҳамин давраи соли рафта бештар кишт гардид.
Масъулони соҳа  дастурҳои Сарвари давлатро сармашқи кор қарор дода, ҳар порча заминро самараноку  оқилона   истифода мебаранд ва мақсад доранд, ки давоми сол аз замин ду - се ҳосил рӯёнанд. Нишондиҳандаҳои рушди бахши кишоварзӣ шаҳодат медиҳанд, ки дастовардҳои кишоварзон ҳар сол   беҳтар гардида, аз ин ҳисоб на танҳо аҳолии ноҳия, балки қисме аз сокинони шаҳри Душанбе низ бо маҳсулоти тару тоза таъмин карда мешаванд.
То  оғози кишти баҳор бо мақсади таъмини аҳолии шаҳри Душанбе дар давраи зимистон ва аввали баҳор бо сабзавоти тару тоза, дар гармхонаҳо ва зери плёнка  қариб 50 гектар кишти сабзавот ба роҳ монда шуд.  Аз он  наздики 1,8 тонна сабзавоти тару тоза, аз ҷумла 706 тонна помидор ва  619 тонна бодиринг ҷамъоварӣ гардид. 
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия барои кишоварзон ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, роҳу усулҳои навтарини кишту парвариши зироат ва навъҳои серҳосили рустанию сабзавот истифода мегарданд. Хоҷагиҳои “Ҳисор”,  “Улҷабой”, “Ҳарбӣ”, ООП “Озмоиш”, “Фирдавсӣ”    дар кишту парвариши зироатҳо пешсафанд. Онҳо бо истифода аз беҳтарин навъҳои тухмӣ, усулҳои кишту парвариш ва доруворӣ ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 381
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед