logo

иҷтимоиёт

ИСТАРАВШАН - ШАҲРИ ҲУНАР

Тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ симои Ватани азизи мо - Тоҷикистон тадриҷан дигаргун гашта, мақому нуфузи кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ афзуд, суннатҳои ҳазорсолаи давлатдории миллӣ эҳё гардиданд, асолати худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафта, корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ  авҷи тоза гирифтанд. 

Истаравшан чун шаҳрҳои қадимаи тоҷикон, мисли Бухорову Самарқанд симои бостонии худро гум накардааст. Обу ҳавои ин шаҳри бостонӣ дармонбахш буда, табиаташ манзараҳои дилфиреб дорад. Дар ин бостоншаҳр 153 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, алҳол 164 намуди ҳунармандӣ ба қайд гирифта шудааст.
Яке аз мавзеъҳои аҳамияти таърихӣ дошта, қалъаи Муғ мебошад, ки он бо дастуру супориши Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду тармим шуда, дар он амфитеатр бо 5100  ҷойи нишаст бунёд хоҳад шуд. Деворҳо ва дарвозаи қалъа бо  истифода аз санъати меъмории миллӣ наққошӣ мешаванд. Дар дохили қалъа растаи ҳунармандон низ сохта шуда, дар он тамоми ҳунарҳои мардумии Истаравшан ҷой дода мешавад. Қайд кардан бамаврид аст, ки қалъаи таърихии Муғ ба феҳрасти мавзеъҳои таърихии вилояту ҷумҳурӣ ворид шуда, ин ҷо шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Алҳол корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр бомаром идома доранд.
Дар майдони Маркази ҷавонон ва наврасони шаҳр маҷмаи Парчами давлатӣ қомат афрохта, атрофи он ободу шукуфон хоҳад шуд. Ҳамчунин, ҷараёни сохтмони  маҷмаи Нишони давлатӣ бо ҷалби мутахассисон ва устоҳои чирадасти Истаравшан  бо омезиши нақшу нигори миллӣ бунёд шуда, то имрӯз 60 дарсади корҳо ба сомон расидаанд.
Истаравшан аз замонҳои хеле қадим чун маркази илму фарҳанг, ҳунар ва адаб ном баровардааст, ки ба он сарчашмаҳои хаттӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон гувоҳӣ медиҳанд. Тӯли солҳо аҷдодони мо дар майдони фарохи фарҳангу ҳунар ва тамаддуни олам соҳиби эъҷоз буда, фазои маънавии Мовароуннаҳру Хуросонро бо арзишҳои воло оро медоданд. Санъату фарҳанги пурғановати ин шаҳри бостонӣ ҳунару ҳунармандӣ аз рӯҳияи бузурги эҷодкории мардуми он шаҳодат медиҳад.             
Мардуми сарбаланди ин диёри бос-тон дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо конференсия ва семенарҳо ҷиҳати тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти истеъдодҳо ва эҳёи ҳунарҳои аз байн рафта ташкил ва гузаронда истодаанд.      
Бо ҳунари қадимаи қолинбофӣ мардуми Истаравшан аз қадимулайём машғул буда,  то ҳол деҳаҳое мавҷуданд, ки аз насл ба насл ин ҳунари худро мерос мегузоранд. Масалан, дар ҷамоатҳои деҳоти Чорбоғ, Гули Сурх, Қалъачаи Калон ва дар шаҳр, дар коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва литсейи касби - техникӣ омӯзиши касби қолинбофӣ ба роҳ монда шудааст.
Ин тадбирҳо  моро ба он ҳидоят мекунанд, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди фарҳанг ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият бирасем. 
Ф.  ЮСУФОВА,    
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 279

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед