logo

фарҳанг

ҶОМӢ ВА НАВОӢ - РАМЗИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Таҳти ҳамин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид. Ҷамъомадагон, ки аксаран донишмандони кишвар буданд, мавзӯи баррасишавандаро муҳим шумурда, гуфтанд, ки дар изҳороти расмии президентҳои  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  масъалаи  мазкур муҳим арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки донишмандони  ҳар ду давлат бояд онро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд.

- Маҳз ҳамин дастури сарони кишварҳо боис гардид, ки дар мавзӯи мазкур мизи гирд баргузор намоем, - гуфт Худойбердӣ  Ҳолиқназар, директори марказ.
Эргаш Шоисматов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон низ зимни суханронии худ аз сиёсати пешгирифтаи сарони ҳар ду давлат ҷонибдорӣ кард.  Ӯ таъкид намуд, ки чорабинии мазкур баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо нигаронида шудааст. «Акнун муносибати дӯстонае, ки Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ доштанд дигарбора барқарор ва минбаъд боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид. Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ мисоли равшани дӯстии  мардумони мо мебошад ва ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои мо дар  Боғи марказии шаҳри Самарқанд пайкараи онҳо гузошта шудааст», - гуфт  Эргаш Шоисматов.
Адабиётшинос Асрор Раҳмонов, ки дар мавзӯи «Муносибатҳои дӯстонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар мукотибҳои онҳо» маърӯза намуд, таъкид кард, ки: «Аз донишманди беназир Абдураҳмони Ҷомӣ  номаҳои зиёде  ёдгор мондаанд, ки ҳоло наздики 430 - тои он  дастрасу маълуманд ва қисме аз онҳо ба «Куллиёт» - и Ҷомӣ ворид шудаанд. Қисми дигари мактубҳои ӯро номаҳои дастнавис (автографҳо)  ташкил мекунанд, ки  шумораи онҳо ба 336 мерасад.  Онҳоро  дӯст ва шогирди вафодори Ҷомӣ, поягузори адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоӣ ҷамъоварӣ намуда, дар маҷмӯаи «Муросалот» ҷой додааст. Ин  маҷмӯа ҳоло дар ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии   Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон  нигоҳдорӣ шуда, миёни донишмандон бо номи «Албоми Навоӣ» шуҳрат дорад.  Номаҳое, ки Ҷомӣ ба Навоӣ навиштааст, як навъ ҳуҷҷати  таърихианд». Коршиносон муносибати донишмандони давр Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомиро баррасӣ намуда, таъкид сохтанд, ки он бояд барои мардуми имрӯза намунаи ибрат бошад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 128

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед