logo

сиёсат

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

(Water for Sustainable Development)

Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

Об дар тараққиёти инсоният нақши ниҳоят муҳим дорад. Одамон аз қадимулайём дар наздикии сарчашмаҳои об, ки омили муҳими зиндагӣ ва некуаҳволӣ мебошад, маскан мегирифтанд. Воқеан ҳам, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарчашмаи муқаддас мадҳу ситоиш кардааст.
Дар шароити муосири бошиддат зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсири дигар хатарҳо, ки боиси сарбориҳои иловагӣ болои захираҳои табиӣ шудаанд, арзиш ва қимати об чандин маротиба боло меравад.

Ҳанӯз соли 2007 зимни суханронӣ дар Саммити 1-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зикр карда будам, ки «рушди ояндаи ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад». Бо гузашти 10 сол тадқиқоти зиёде гузаронда шуданд, ки бо далелу рақамҳо дуруст будани ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд ва ин боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро барои ҳалли мушкилоти об тақвият бахшад.
Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор, дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин, стратегияҳои рушд нишон дода шудааст. Ҳамчун вазифаи муҳим ворид намудани ҳалли паҳлуҳои гуногуни мушкилоти об дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор шаҳодати бештар шудани таваҷҷуҳ ба мушкилоти об мебошад. Ба ин ҷидду ҷаҳд ва часпу талоши азими ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кардааст.
Ман хеле шодам ва ифтихор дорам, ки кишвари ман – Тоҷикистон дар ин ҷараён саҳми арзанда гузошта, ҳоло ҳам ин равандро идома дода истодааст. Бо ташаббуси мо Ассамблеяи генералӣ давоми солҳои 2000 - 2016 ҳафт қарори дахлдорро вобаста ба масъалаҳои об қабул кард, ки аз миёни онҳо эълон шудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар самти об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мавриди назари хос мебошанд. Дар ин давра Тоҷикистон чандин маротиба ба маркази сиёсие мубаддал гашт, ки дар он масъалаҳои муҳими об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима шудаанд. 
Мо имрӯз низ ин роҳи худро идома медиҳем ва ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд мушкилоти вобаста ба обро фаъолона пешниҳод мекунем. Ҳамчун узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои аъзои Панел мо чандин пешниҳод пешбарӣ кардем ва пешоҳангии сиёсии худро нишон дода, уҳдадориҳои худро иҷро карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани як қатор ташаббусҳо кор карда истодаем. Санади ҷамъбастии Панел, ки чанде пеш интишор гардид, муттаҳид намудани ҷидду ҷаҳди минбаъдаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро тақозо мекунад, хусусан аз пешвоёни сиёсӣ даъват ба амал меорад, ки дар қабул намудани қарорҳо ва амалӣ намудани он қарорҳо ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои обӣ ва истифодаи онҳо ҳамаи имкониятҳои худро сафарбар кунанд. Гурӯҳи «Дӯстони об», ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, имрӯз 51 кишвари аъзоро муттаҳид кардааст, ки зимни муҳокимаи масъалаҳои об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи Ассамблеяи генералии СММ саҳми назаррас мегузорад.
Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи минтақа низ нақши ҳалкунанда мебозад. Дар мамлакати мо 60 фоизи захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказӣ (ҳавзаи баҳри Арал) тавлид мешаванд ва ба ин тартиб Тоҷикистон ин захираи муҳими ҳаётро олиҳимматона бо ҳамсояҳои худ тақсим мекунад. Тоҷикистон ҳаммуассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва ду зеркомиссияи он – МКВК ва МКУР мебошад, ки барои муҳокимаи муҳимтарин масоили обҳои сарҳадӣ имкониятҳои муфид пешниҳод мекунанд.
Дар шароити Осиёи Марказӣ, ки ҷараёни об асосан дар ду кишвари болооб ташаккул меёбад ва ҳиссаи бузурги он аз тарафи кишварҳои поёноб истифода мешавад, ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи об на танҳо калиди ҳалли мушкилоти об ва рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ мегардад, балки омили сулҳ, устуворӣ ва амният мебошад. Хусусан, имрӯз, ки дар минтақа таъсири даъватҳо, ба монанди тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани шумораи аҳолӣ торафт бештар ва яқинан зуҳур меёбад. Чунончӣ, агар солҳои 1960-ум таъминоти об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақа 8,4 ҳазор метри мукааб дар як солро ташкил медод, пас ин нишондод имрӯз 4 маротиба кам шуда, 2,1 ҳазор метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Ин дар навбати худ ҳашт маротиба аз нишондиҳандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақа яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон мебошад – зиёда аз 2 фоиз дар як сол, захираҳои об бошанд, башиддат маҳдуд шуда истодаанд.
Тибқи баҳогузории коршиносон, пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ки захираи асосии дарёҳои минтақа мебошанд, бо суръати миёнаи 0,6-0,8 % дар як сол аз рӯи майдонҳо ва 0,1% аз рӯи ҳаҷми ях кам шуда истодаанд. Ин омилҳо қабул кардани тадбирҳои фавриро ҷиҳати мутобиқат ба тағйироти тезутунди иқлим ва идоракунии устувори захираҳои обӣ тақозо мекунанд. Дар навбати худ, дар ин самт, танҳо дар сурати амалӣ намудани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳо дар заминаи ҳамкории минтақавии муназзам, бо дарназардошти манфиатҳои баробари онҳо, такмили заминаҳои ҳуқуқии институтсионалӣ ва ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории инфрасохторҳо метавон муваффақ шуд.
Дар ин маврид ҷорӣ намудани Идоракунии муштараки захираҳои обӣ (ИУВР) ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ яке аз муҳимтарин омили раванд дониста мешавад. Вобаста ба ин, мо ислоҳоти сохтори оби мамлакатро дар заминаи усулҳои асосии Идоракунии муштараки захираҳои обӣ (ИУВР) оғоз кардем, аз ҷумла идоракунии ҳавзавии захираҳои обиро ба он ворид кардем. Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат соли 2015 Барномаи ислоҳоти соҳаи обро барои давраи солҳои 2016 - 2025 қабул кард, ки ҳадаф аз он такмили асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, рушди инфрасохтор ва ташкили махзани маълумот ва системаи иттилоотӣ, пеш бурдани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ, тараққӣ додани захираҳо ва монанди инҳо мебошад.
Дар Тоҷикистон, ки 95% неруи барқ ба воситаи неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, байни об ва неруи барқ робитаи ногусастанӣ вуҷуд дорад. Рушди хоҷагии деҳот низ асосан дар заминаи об пеш бурда мешавад, зеро 80% маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои обёришаванда истеҳсол мешаванд. Ҳамчунин, зарур аст, ки оқибатҳои манфиро, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар шароити зиёд будани захираҳои обӣ ба амал меоянд, зикр намуд. Тоҷикистон ҳамасола бо обхезӣ ва селҳои зиёд, ки ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд мерасонанд, рӯ ба рӯ мешавад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи об таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомидании безарар ва беҳдошту санитария боқӣ мемонад. Ин мушкилот хусусан дар деҳот, ки зиёда аз 70% аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад, хеле муҳим ба назар мерасад. Бинобар ҳамин, об ва захираҳои он дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 яке аз ҷойҳои калидиро ишғол кардааст. Бо мақсади танзими ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки ба захираҳои об вобастаанд, ҳоло дар мамлакат лоиҳаи Стратегияи миллии об барои то соли 2030 таҳия шуда истодааст. Лоиҳаи Кодекси оби мамлакат дар таҳрири нав, ки дар он тамоилҳо ва талаботи замони муосир ба назар гирифта шудаанд, аллакай таҳия шуда, дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад. Ҳуқуқи инсон ба оби ошомидании безарар ва санитария дар ин санадҳо мавқеи асосӣ дорад.
Даъватҳои ҷаҳони муосир, ба монанди тағйирёбии иқлим, зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва урбанизатсия (шаҳришавӣ) кайҳо боз маълуманд ва оид ба таъсири онҳо тадқиқоти сершумору таҳлилҳо гузаронда шудаанд. Маълум аст, ки дар натиҷаи таъсири ин даъватҳо то соли 2030 талаботи ҷаҳонӣ ба захираҳои об то ба 50% зиёд мешавад ва фарқ байни захираҳои мавҷудаи оби ошомиданӣ ва талабот ба он то ба 40% мерасад.
Дар баробари ин, тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитария дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд. мерасад.
Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000 - 2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад.
Дар баробари он мушкилоти зикршуда, инчунин, дигар даъватҳову хатарҳое низ вуҷуд доранд, ки вазъи баамаломадаро боз ҳам мураккаб мекунанд ва талошу кӯшишҳои мамлакатҳоро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барҳам мезананд. Маълум аст, ки ин тамоил давоми даҳсолаҳои наздик идома меёбад ва ба инсоният зарур аст, ки тамоми тадбирҳо ва амалҳоро барои ҳалли онҳо қабул намояд.
Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030, Барномаи амали Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд, ки дар Аддис-Абеба қабул шудааст, Барномаи қолабии амал барои солҳои 2015-2030 оид ба кам кардани хатари камбизоатӣ, ки дар Сендай қабул шудааст, Созишномаи Париж оид ба иқлим аллакай барои пеш бурдани ҳалли масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун заминаи хуб гузоштаанд. Аммо барои ҳалли муваффақонаи онҳо иродаи сиёсӣ, сафарбар намудани талошҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, муносибати мувофиқ ва воситаҳои сазовор зарур мебошанд.
Ба андешаи мо, як қатор масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар қадамҳои минбаъда дар ин самт онҳо бояд ба назар гирифта шаванд.
Якум, масъалаи маблағгузорӣ мебошад. Буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодии солҳои охир то ҳоло ба кӯшишҳои кишварҳо ҷиҳати таъмини соҳаи об бо маблағгузории муносиб таъсири манфӣ мерасонанд.  Дар ин маврид дастгирӣ намудани ташаббусҳо оид ба беҳтар намудани маблағгузории соҳаи об, аз ҷумла истифодаи фондҳои инвеститсионии мавҷудаи ҷаҳонӣ, ба монанди Фонди иқлими сабз амали муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ин, хусусан, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ муҳим мебошад, зеро муайян карда шудааст, ки маблағгузорӣ дар ҳаҷми аз 15 то 30 млрд. доллари ИМА барои беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонанд то 60 млрд. доллари ИМА фоидаи соф биёрад. Дар ин маврид зиёд намудани маблағгузорӣ ба соҳаи об аз ҳисоби Буҷети давлатӣ хеле муҳим мебошад. Зарур аст зикр карда шавад, ки новобаста ба зиёд шудани ҳаҷми Кумаки расмии рушд (ОПР) ба соҳаи хоҷагии об, он дар қиёс ба ҳаҷми умумии маблағҳое, ки тавассути Кумаки расмии рушд ҷудо мешаванд, бетағйир боқӣ мондааст ва аз соли 2005 инҷониб аз 5 фоиз зиёд нашудааст.
Дуюм, масъалаҳои маблағгузорӣ ва инфрасохтор. Азнавкунӣ ва ташкил намудани инфрасохторҳои нав, ҳамчунин, ҷалб намудани технологияҳои нав, бешубҳа, дар таъмини танзими боэътимод ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ нақши муҳим мебозад ва бад - ин минвол, дар таъмини амнияти об саҳми арзанда мегузорад. Чунончи, бунёди обанборҳои азиму миёна ва неругоҳҳои барқи обӣ имкон медиҳанд, ки танзими боэътимоди резиши об дар шароити иқлими тағйирёбанда таъмин карда шавад, неруи барқи оби арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардад, ҳудудҳо ва аҳолӣ аз офатҳои селу обхезиҳо эмин нигоҳ дошта шаванд, таъсири хушксолӣ безарар ва партофти газҳои карбон ба атмосфера камтар карда шавад. Яъне, лоиҳаи инфрасохтории  дуруст таҳияшуда ҳамзамон метавонад барои ҳалли маҷмӯии мушкилот мусоидат кунад. Дар ҳалли ин мушкилот бахши хусусӣ дар сурати пешниҳод намудани шароити муносиб, аз ҷумла тавассути механизми ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ метавонад саҳми муҳим гузорад.
Сеюм, гузаштан ба «рушди сабз» ва муносибати муносиб. Захираҳои обӣ ҳамчун сарчашмаи барқароршавандаи энергия, бешубҳа, дар таъмин намудани рушди сабз, ки ҳадафи асосии он тадриҷан озод намудани иқтисодиёт аз сарчашмаҳои барқарорнашавандаи энергия мебошад, мавқеи арзанда доранд. Имрӯзҳо неруи барқи обӣ наздик ба 20% ҳаҷми истеҳсоли неруи барқи ҷаҳониро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки захираҳои мавҷуда имкон медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба таври хеле бисёр афзоиш дода шавад. Албатта, бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва зарурати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи хӯрокӣ, неруи барқ ва пӯшондани дигар хароҷот зарур мешавад, ки дар ин самт муносибати маҷмӯӣ ва муштарак роҳандозӣ карда шавад. Бинобар ҳамин, гузаштан ба Идоракунии муштараки захираҳои обӣ ва муносибати муносиб барои расидан ба ин ҳадафҳо хеле муҳим мебошанд.
Чорум, ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор. Таъсис додани механизми шарикии бисёрҷониба бо ҷалби ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар муҳокимаи масъалаҳои об аҳамияти муҳим дорад, хусусан зимни қабули қарорҳо бо назардошти манфиатҳои баробари онҳо. Дар ин раванд занон метавонанд нақши муҳим иҷро кунанд.
Панҷум, ҳамкории фаромарзӣ. Рушди дипломатияи об барои ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи об воситаи калидӣ мебошад.
Дар ҳавзаи дарёҳои байналхалқӣ 145 кишвари ҷаҳон ҷойгир шудааст, некуаҳволии сокинони ин кишварҳо дар бештари ҳолат аз мавҷуд будани ҳамкории муназзам дар соҳаи об вобастагӣ дорад. Набудани ҳамкории муназзам метавонад хатарҳои ҷиддӣ ва хароҷоти зиёд ба бор дошта бошад. Бинобар набудани ҳамкории мутақобилан судманд бештари мушкилот ҳалношуда боқӣ мемонанд. Дар ниҳояти кор ин ҳама ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамаи кишварҳое, ки дар ин ҳавзаҳо қарор доранд, таъсири манфӣ мерасонанд.
Санади ҷамъбастии Конфронси байналмилалии СММ оид ба рушди устувор Рио+20 «Ояндае, ки мо онро мехоҳем» обро ҳамчун омили асосӣ барои расидан ба рушди устувор муайян кард. Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 обро ҳамчун ҳадафи алоҳида дар Ҳадафҳои Рушди Устувор таъйин кардааст.
Дар идомаи мантиқии ин идеяҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки солҳои 2018 - 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҳамаи кишварҳо - аъзои СММ дастгирӣ карда шуд.
Даҳсолаи мазкур барои муколамаи сиёсӣ, табодули маълумот ва таҷриба платформаи муҳим буда, ҷиҳати мусоидат намудан ба иҷрои он ҳадафҳо ва вазифаҳои сатҳи байналхалқӣ, ки ба захираҳои об алоқаманданд, аз ҷумла ба ҳадафу мақсадҳое, ки дар Рӯзнома барои рушди устувор дар давраи то соли 2030 нишон дода шудаанд, воситаи хуб мебошад.
Мо бовар дорем, ки ҷомеаи байналхалқӣ аз Даҳсолаи нав, имкониятҳо ва афзалиятҳои он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ба об алоқаманданд, ба таври зарурӣ истифода мебаранд.
UN Chronicle, march 2018


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 291

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед