logo

сиёсат

САФАРИ НАВРӮЗИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Ба истифода супурдани хати барқи 220 кВ «Айнӣ - Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи «Рӯдакӣ»

Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ - Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ» - ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази идоракунии зеристгоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ин иншооти энергетикиро расман ифтитоҳ намуданд.
Дар зеристгоҳи «Рӯдакӣ» бинои идоракунии назоратӣ навсозию васеъ ва бо таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, ҳамаи дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд. Имкон аст тавассути зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент минбаъд ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир гардад ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон неру интиқол ёбад.
Хати интиқоли барқи мазкур аз зеристгоҳи «Айнӣ» дар ноҳияи Айнӣ шурӯъ гардида, то ба зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ба анҷом мерасад.
Паймонкори асосии лоиҳаи мазкур ширкати ТВЕА CO LTD - и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, корҳои қисмати дуюми (лоти 2) «Барқарорсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ» 2201103510 кВ ва васеъсозии зеристгоҳи «Айнӣ» 22011010 кВ ва сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ миёни зеристгоҳи «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» - ро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.
Дар иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар хати интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ - Рӯдакӣ» ва васеъсозии зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» 147 нафар мутахассисон ба фаъолият ҷалб шуда буданд, ки аз ин 81 нафарашро коргарони маҳаллӣ ва 66 нафари дигарро мутахассисони хориҷӣ ташкил медоданд.
Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки татбиқи бомуваффақонаи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ байни зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» бо ҷаҳду талош ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» аз ҳисоби гранти бебозгашти Бонки рушди Осиё амалӣ гардид. Ҷиҳати амалӣ кардани лоти 1 ва лоти 2-и лоиҳаи мазкур миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё 27-уми январи соли 2015-ум Созишномаи грантӣ ба маблағи 54 миллион доллари ИМА ба имзо расида буд.
Дар ҷараёни амалисозии қисмати дуюми лоти 2-и лоиҳа 28 декабри соли 2015 миёни Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ва ширкати ТВЕА CO LTD-и Ҷумҳурии Мардумии Чин шартнома ба маблағи наздики 23 миллион доллари ИМА рӯйи кор омад.
Маблағи умумӣ барои анҷоми пурраи ин қисмати лоиҳа аз рӯи шатрномаи дуҷониба 26 миллиону 371 ҳазору 929 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳа, пеш аз ҳама, ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли қувваи барқ ва беҳбудии шабакаи интиқоли неруи барқ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои қаблӣ хати интиқоли барқи мавҷудаи 110 кВ шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва минтақаҳои атрофи онро ҳатто дар фасли тобистон бо неруи барқ пурра таъмин карда наметавонист. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи нави 220 кВ ва таҷдиду навсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент мушкилоти муштариёни минтақа комилан аз байн бардошта шуда, муассисаву корхонаҳои саноатӣ пурра бо барқи хушсифату боэътимод таъмин мегарданд.
Баъди барқарорсозӣ иқтидори зеристгоҳи «Рӯдакӣ» ду маротиба зиёд шуда, эътимоднокии кори таҷҳизоти он баланд, талафоти барқ кам ва сифати интиқоли неруи барқ беҳтар гардид.
Таҷҳизоти дар зеристгоҳҳо истифода шуда, аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харид гардида, васлу насби онҳо дар зеристгоҳи “Айнӣ” пурра ва дар зеристгоҳи “Рӯдакӣ” марҳилаи аввали он ба анҷом расонда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаро қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ маънидод карда, онро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент 280 нафар мутахассисон фаъолият доранд, ки 60 дарсади онҳоро кадрҳои ҷавони соҳибмаълумот ташкил медиҳанд.

Маҷмаи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакент қомат афрохт
28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмаи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат дар саҳни ин маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд.
Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарошон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама 6,3 ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Барои таҷдиди гулгашт ва бунёди муҷассама дар майдон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд наздики 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғат ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳр табдил дода шудааст.
Масоҳати умумии гулгашти назди маҷмаа 3091 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи майдони мазкур аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» дар вилояти Суғд тарҳрезӣ шуда, пудратчиён ҶДММ «СУ-3» ва ҶДММ «Само» мебошанд. Дар давраи таҷдиди майдон ва гузоштани муҷассамаи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ беш аз 80 нафар сокини маҳаллӣ ва сохтмончиёни соҳибтаҷриба бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Муҷассама бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.
Дар атрофи муҷассама 4 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин, гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонда шудаанд.
Бинои маҷмаи фарҳангию эҷодӣ дар маркази шаҳри Панҷакент қомат афрохта, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ороиш ёфтааст, ки ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам мекунад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ давоми як сол беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дорои як толори бузург бо 436 ҷойи нишаст, китобхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона, кинотеатр, толори варзиш, ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар маҷмаа маҳфилҳои гуногун барои омӯзиш ва такмили ҳунару маҳорати ҷавонону наврасон ташкил гардидаанд. Ғайр аз ин, дар ин макон барои телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ, инчунин, дигар ташкилоту идораҳо ҳуҷраҳои корӣ ҷудо карда шудаанд.
Дар даромадгоҳи бино ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти 16 ширкати сайёҳӣ аз шаҳри Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мавзеъҳои сайёҳии водии Зарафшон ва армуғонҳо муаррифӣ гардиданд. Дар намоишгоҳ харитаи сайёҳии шаҳри Панҷакент, кӯҳҳои Фон, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои зебои Зарафшон дар қолаб ва пояҳои ягона ба маъраз гузошта шуданд. Аз ҷониби ҷавондухтарон ба таври рамзӣ композитсияи бадеии Ҳафткӯл-Ҳафт нозанин намоиш дода шуд.
Дар Маҷмаи фарҳангию эҷодӣ маҳфилҳои «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ», «Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», «Санъати тасвирӣ», «Зардӯзию армуғонсозӣ», «Адрасбофӣ ва қолинбофӣ», «Сӯзанидӯзӣ ва қуроқдӯзӣ» ва, ҳамчунин, китобхона ташкил карда шудаанд.
Дар маҳфили «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ» ба ҷавонон имкониятҳои сайёҳӣ, таърих, маданият, фарҳанг ва урфу одатҳои ниёгон омӯзонда мешаванд. Мақсад аз ташкили маҳфил ҳар чи бештар муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии мамлакат мебошад. Аъзои маҳфил Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои сайёҳии мамлакатро ба таври васеъ муаррифӣ менамоянд.
Дар маҳфили «Санъати тасвирӣ» ба наврасону ҷавонон ҳунари рассомӣ омӯзонда мешавад. Дар ин ҷо ҳунари рассомон ва аъзои маҳфил ба намоиш гузошта шуд. Зимни боздид аз дигар маҳфилҳо Пешвои миллат ба ҳунари ҷавонон баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар, аз худ кардани илмҳои муосир ва хизмати содиқонаву софдилона ба миллату давлат ҳидоят намуданд.
Дар китобхона беш аз 1200 нусха китобҳои гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо барои мутолиаи хонандагон 10 ҳазор нусха китобҳои гуногун ба таври электронӣ пешкаш гардидаанд.
Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмаи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакент барои 150 нафар ҷойи кор муҳайё гардид.
Баъди тамошои маҷмаа ва фаъолияти маҳфилҳо дар толори калони ин кохи боҳашамат дар ҳузури Пешвои миллат ва шумораи зиёди ҷавонони шаҳри Панҷакент барномаи мукаммали фарҳангӣ бо фарогирии композитсияи адабӣ - мусиқии «Ёди бузургон», суруду таронаҳои наврӯзӣ ва рақсҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон суҳбати самимӣ ороста, пешниҳод намуданд, ки ин маҷмаа ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шавад.

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар хиёбони Рӯдакӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд боғчаи бачагонаи “Наврӯз” - ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби пудратчиён ҶСП "АСТ-Сохтмон" ва ҶДММ “ПМК-278” бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии сохтмонӣ ба анҷом расонда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакона, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз арзёбӣ карданд.
Бинои наву замонавии боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар шаҳри Панҷакент бо маблағи беш аз 9 миллион сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ акнун наздик ба 50 нафар сокини шаҳри Панҷакент имкон пайдо кард, ки дар шароити хубу замонавӣ ба тарбияи кӯдакони то синни 7 машғул шавад.
Бинои боғча аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми асбобу анҷоми хониш, машғулиятҳои гуногун ва будубоши кӯдакон муҳайё карда шудаанд. Боғча аз 7 айвонча, 7 ҳуҷраи хоб, толори бозӣ, толори варзиш, синфи мусиқӣ, ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои муаззами миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷомеаи навини тоҷикон бошад.

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ
Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар маркази хизматрасонии «Ҳумо» дастовардҳо ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, таомҳои миллӣ низ омода карда шуда буданд. Аз тарафи занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни анвои ширинӣ ва таом, аз қабили нишалло, ҳалво, ҳариса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва дигар намуди таомҳои қадима омода карда шуданд.
Бонувони шаҳри Панҷакент дар пухтани намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла кулча, фатиру қалама ва санбӯса шуҳрат доранд. Пухтани суманак ва сурудхонии гурӯҳи фолклорӣ аз ҳисоби занон дар доираи иҷрои суннатҳои Наврӯзи Аҷам сурат гирифт. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз дастархони ҳафтсину ҳафтшин омода гардида буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд.
Кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бӯрёбофӣ, алочабофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гаҷкорӣ ё сафоливу шишагӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд.
Либосҳои миллиро духтарони атласу адраспӯш муаррифӣ карданд, ки ҳар нақшу нигори он бозгӯи таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷиканд. Зимни шиносоӣ аз фаъолияти адрасбофон таъкид  шуд, ки давоми солҳои охир ин ҳунари ниёгон аз нав эҳё шуда, чевариву чакандӯзӣ миёни бонувон маҳбубияти хосса  пайдо намуд ва имрӯз чун намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор мераванд.   
Оро ёфтани хонаҳо бо ҳунари зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва либосҳои қадимию имрӯзаи миллӣ завқи зебоипарастии занони ҳунарманди шаҳри Панҷакентро бозгӯй менамояд. Дар осори пешниҳодкардаи ҳунармандон табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо дар чӯб, санг, гаҷ, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати  вижа  ифода ёфта буд.
Аз таъсиси коргоҳу корхонаҳои қолинбофӣ дар ҳудуди вилояти Суғд садҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин ва дар самти қонеъсозии талабот бо маҳсулоти ватанӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муқаррар гардидани имтиёзу озод шудани фурӯши маснуоти дар хона истеҳсолшаванда ва навъҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти андоз аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат таъкид намуданд, ки: «Бо дарназардошти аҳамияти қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5 ҳазору 500 - солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.».
Дар гӯшаи армуғонҳои миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро баҳри ҳар чи бештар воридсозии тахайюли эҷодӣ дар туҳфаҳо ҷалб намуданд. Армуғонҳои миллӣ бо истифода аз сангҳои қиматбаҳои дар кӯҳҳои ин водӣ мавҷудбуда бо ҳунари волои чирадастони вилояти Суғд сохта шудаанд. Кандакорӣ, сандуқсозӣ, омодакунии табақҳои гуногун ва дигар маҳсулоте, ки аз чӯб омода мешаванд, писанди ҳозирон гардид.
Дар маҷмӯъ бештар аз 20 намуди асбобҳои миллии мусиқӣ, аз қабили тор, рубоб, соз, танбӯр, доира, дутор, сетор ва карнай дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буданд. Навозандагиву овозхонӣ ҳамчун мероси маънавӣ як ҷузъи муҳими фарҳанги мардумӣ мебошанд ва  завқи баланду истеъдоди сокинони маҳаллии ин водӣ ба қалбҳо шодиву сурур мебахшад.
Хонаи арӯс дар ин ҷо ба таври рамзӣ, бо риояи унсурҳои миллӣ оро ёфта буд ва духтарон либосҳои арӯсиро ба таври намунавӣ муаррифӣ карданд. Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо барои 150 кӯдаки ятими кулл аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хони идонаи наврӯзӣ ташкил карда шуд. Толори барҳавои ин макон бо истифода аз унсурҳои миллии замонавӣ зиннат дода шуда буд. Ин тадбири муҳим дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат нисбат ба оилаҳои ниёзманд  сурат гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим карданд. Ин тадбири муҳим дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни Наврӯз фараҳмандии наврасонро дучанд намуд.
 

Дар хоҷагиҳои Абу Дониёров ва Саъдулло Рӯзиев
28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Абу Дониёров ва Саъдулло Рӯзиеви Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Абу Дониёров оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи Саъдулло Рӯзиев ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент шинос шуданд.
Дар хоҷагии Абу Дониёров 20 нафар саҳмдор фаъолият дошта, масоҳати умумии заминҳои кишт 22 гектарро ташкил медиҳад. Аҳли заҳмат ба боғдорӣ, ғаллакорӣ ва парвариши сабзавот низ машғуланд.
Қаблан дар масоҳати 4 гектари заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Абу Дониёров кишти картошкаи барвақтии навъи “Шукрона” гузаронда шудааст, ки ҳосилнокии он 220 - 300 сентнер аз як гектар буда, дар муддати 110-120 рӯз нашъунамо меёбад.
Аз рӯи маълумоти раёсати кишоварзӣ соли равон кишти картошка дар шаҳри Панҷакент 12 баробар афзудааст. Ҳамчунин, масоҳати кишти шолӣ, ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва азхудкунии беш аз 200 гектар замини бекорхобида ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии хоҷагии деҳқонии ба номи Саъдулло Рӯзиев шинос шуданд. 2 гармхона дар майдони 10 садяк замин бунёд шуда, дар он помидору бодиринг парвариш мегарданд. Ниҳолҳо ба воситаи гармии офтоб ва обёрии қатрагӣ нашъунамо меёбанд. Дар гармхонаҳо 1 ҳазору 200 ниҳоли помидор ва 2 ҳазор бех бодиринг шинонда шудаанд. Аз рӯи маълумоти мутахассисони хоҷагӣ аз ҳар ниҳоли помидор то 10 килограмм ва аз ҳар бех бодиринг то 6 килограмм ҳосил руёнда мешавад. Дар шафати гармхонаҳо дар майдони 10 садяки дигар парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои афзоиши истеҳсолот ва содироти маҳсулоти бозоргир ҳидоят намуданд.
Дар назди хоҷагиҳо намоиши техникаҳои гуногуни кишоварзӣ доир карда шуд. Заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби мошину тракторҳо мустаҳкам буда, ҳолати техникии ҳамаи тракторҳои шудгору кишткунанда хуб мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба заҳмати софдилонаи меҳнаткашони шаҳри Панҷакент ба мардуми шаҳр 2 адад трактор, 1 комбайни ғалладарав ва 8 адад таҷҳизоти кишти картошка ва ҳосилғундор туҳфа карданд.
Намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳри Панҷакент низ бо ҳосили дастранҷи марди деҳқон хеле ғанию фаровон буд. Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз, помидору бодиринг, себ, ангур, ғалладонагиҳо, шир, тухм, асал ва маҳсулоти қаннодӣ ба маъраз гузошта шуд.
Дар намоишгоҳ таомҳои гуногуни миллии наврӯзӣ, маҳсулоти қаннодӣ, эҷоди дасти ҳунармандон, аз қабили кулолгарон, оҳангарон ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, зотҳои гуногуни чорвои калону майда, пешкаши меҳмони олимақом карда шуданд.
Шаҳри Панҷакент аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардондани дастархони мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда дорад. Дар ихтиёри раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент 11 ҳазору 322 га заминҳои обӣ мавҷуд мебошад, ки аз ҷумла 3 ҳазор гектари онро картошка, 800 га офтобпараст ва 1 ҳазору 503 гектарашро шолӣ ташкил менамояд.
Сарвари давлат дастовардҳои меҳнаткашонро назаррас арзёбӣ карда, ба онҳо дар роҳи таъмини фаровонии кишвар ва аҳолӣ бо ғизо, инчунин, дигар маводу маҳсулоти кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент
Шоми 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирон ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Наврӯзи имсола аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” расман оғоз гардид. Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои мардуми Панҷакент ёдовар шуда, ҳамаи онро аз баракати ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд. Изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷакент бо кору пайкори созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми Наврӯзро бо ҷашни бошукӯҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтанд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору Наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷакент ва бо барномаи театрикунондашудаи тараннумгари фарҳанги Наврӯзи Аҷам хеле бошукӯҳ ва хотирмон баргузор гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 147

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед