logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Тавре бисёриҳо медонанд, 1 апрел дар аксар мамолики дунё дурӯғбозиҳои ҳазломез (розыгрыш) кайҳо боз ба ҳукми анъана даромадаанд. Ба хотири фароғат намунае чанд аз чунин шӯхиҳоро пешкаши хонандагон мегардонем.
Гузариш ба вақти даҳсоата
Соли 1975 як шабакаи телевизионӣ дар бораи гузариши Австралия ба вақти даҳсоата хабар дод. Тибқи маълумоти пахшшуда як дақиқа 100 сония ва як соат 100 дақиқаро ташкил дода, як шабонарӯз на 24, балки 20 соатро дар бар хоҳад гирифт.
Ин хабар дар саросари кишвар дар як лаҳза ҳангома барангехт. Зангҳои телефонии беист бешак далели он буданд, ки аксари тамошобинон ба ин шӯхӣ бовар кардаанд. Барои мисол, як тамошобини ба таҳлука афтода, занг зада пурсид, ки чӣ гуна соати электронияшро ба вақти даҳсоата гузаронад?!

Кӯчондани манораи Эйфел
Хабари кӯчондани манораи Эйфел, ки 1 апрели соли 1986 дар рӯзномаи Le Parisien нашр шуд, сокинони Парижро ба таҳлука андохт.
Дар хабар гуфта мешуд, ки тибқи қарори ҳукумат манора ба Диснейленд, ки бори аввал дар Фаронса бунёд меёфт, кӯчонда шуда, дар ҷойи он барои гузарондани Бозиҳои олимпӣ варзишгоҳ месозанд.
Кормандони рӯзнома ҳеҷ гумон надоштанд, ки аз ҷониби хонандагони сершумори худ ба чунин бархӯрди шадид дучор мешаванд. Муроҷиату зангҳои зиёди телефонӣ онҳоро водор сохт, ки дар шумораи навбатӣ дар бораи ҳазл будани хабари дирӯза маълумоти иловагӣ чоп кунанд.

Никсон ва муҳлати 3-юми президентӣ
National Public Radio дар барномаи "Гуфторҳо дар бораи миллат" 1 апрели соли 1992 ба шунавандагони худ иттилоъ дод, ки  Ричард Никсон соли 1974 бо сабаби моҷарои пурсарусадои  Уотергейт ба истеъфо рафта, дигарбора номзадии худро ба маснади президентӣ мегузорад.
Дар рафти барнома аз суханронии пешазинтихоботии Никсон иқтибосе ба чунин маънӣ садо дод: " Ман хатое накардаам ва минбаъд низ ба саҳлангорӣ роҳ нахоҳам дод".
Ғайричашмдошти кормандони радио шунавандагон бе он ки қаҳру ғазаби худро пинҳон доранд, тавассути зангҳои пайдарпайи телефонӣ вокуниши тезутунд нишон доданд. Ровии барнома ба ҳамаи ин тоқат накарда, маҷбур шуд, ки дар миёни гуфтор иқрор шавад, ки хабари мазкур як ҳазли якумиапрелист ва овози Никсонро ҳунарпешаи ҳаҷвнигор тақлид кардааст.
«Ҷумҳурият»

 

1 АПРЕЛ
САНАҲОИ ТАЪРИХСОЗ
527 – Оғози салтанати император Юстиниани I дар Византия.
1778 – Тоҷир аз Ню-Орлеан Оливер Поллок рамзи долларро таҳия менамояд - $.
1793  – Дар натиҷаи заминларза дар Ҷопон ҷазираи Унсен бо 53 ҳазор сокинонаш зери об мемонад.
1803 – Ҳукумати Фаронса ба кӯдакон гузоштани номҳоеро, ки дар тақвим набуданд, манъ мекунад. 
1853 – Синсиннати нахустин шаҳре дар ИМА мегардад, ки дар он сӯхторхомӯшкунонро расман маоши доимӣ медиҳанд.
1875 – «Таймс» дар ҷаҳон аввалин рӯзномае мегардад, ки маълумот дар бораи боду ҳаворо барои як ҳафта нашр мекунад.
1889 – Дар Чикаго нахустин мошинаи ҷомашӯӣ аз тарафи Ҷозефина Кокрейн сохта, ба фурӯш бароварда мешавад.
1890 – Муҳоҷири белгиягӣ Шарл Ван Депол дар ИМА барои аввалин троллейбус патент мегирад.
1906 – Нахустин конвенсия оид ба ҳифзи парандагон ба имзо мерасад.
1923 – Нахустшумораи маҷаллаи «Огонёк» аз чоп мебарояд. 
1937 – Бирма аз Ҳиндустон ҷудо мешавад.
1967  – Нахустнамоиши филми «Бандии Кавказ ё саргузашти нави Шурик» роҳандозӣ мегардад.
1998 – Дар ауксиони Лондон скрипкаи Страдивари ба маблағи 1 миллиону 526 ҳазор доллари ИМА ба савдо рафт, ки то ҳол рекорди ҷаҳонии фурӯши асбоби мусиқӣ маҳсуб меёбад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА

 

ВАО ВА 1 АПРЕЛ
1 апрели соли 1950 рӯзномаи «Висбаденер Тагблат» - и Олмон расмеро нашр кард, ки дар он намояндаи дастгиршудаи сайёраи дигар акс ёфта буд. Он замон Интернет набошад ҳам, хабар зуд паҳн шуда, дар як муддати кӯтоҳ онро аксари нашрияҳои ҷаҳон чоп карданд. Ҳайати  таҳририяи рӯзнома, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ интизор надошт, маҷбур шуд изҳор намояд, ки ин амал шӯхии якумиапрелие беш нест.
 Соли 1957 бошад, ширкати ВВС гузоришеро дар бораи ҳосили зиёд ба бор овардани зироати макарон дар Швейтсария пахш намуд. Ба нишонии ширкат зуд мактубҳои зиёде ворид гардиданд, ки муаллифони онҳо чи тавр ба даст овардани ниҳоли макаронро пурсида буданд. Онҳоро ин далел ба ҳайрат оварда буд, ки ниҳол на амудӣ, балки ба тариқи уфуқӣ месабзад. 

Таҳияи М. ТАБАРӢ

 

РӮЗИ ПАРАНДАГОН
Оё медонед, ки 1 апрел Рӯзи байналмилалии парандагон низ ҳаст ва онро ҳамасола чун ҷашни интернатсионалии экологӣ дар тамоми сайёра таҷлил менамоянд. Ин ҷашн ҳанӯз соли 1894 дар ИМА пайдо шуда, мақсади асосиаш ҳифзи гуногунӣ ва шумораи парандагон маҳсуб меёбад. Рӯзи байналмилалии парандагон аз Амрико ба Аврупо ва баъдтар ба Русия гузаштааст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА

 

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад
Бародарон бурди лотереяро байни ҳам чӣ тавр тақсим карданд?
Се бародар пули аз лоторея бурд кардаашонро байни ҳам ба таври зерин тақсим карданд: бародари калонӣ 30 дарсади пули бурд ва илова бар он боз 8 сомонӣ, бародари мобайнӣ 40 дарсади пули боқимонда ва илова бар он 16 сомонӣ ва бародари хурдӣ 70 дарсад ва илова бар он 24 сомонӣ пул гирифт.
Муайян кунед, ки пули бурди лоторея чӣ қадар буд ва ҳар яке аз бародарон чандпулӣ гирифт?
Телефон: 238 - 53 – 40;  93-547-00-05 (Аз соати 800 то 1700 )

 


ШАХСИЯТҲОИ ҶИДДИЕ, КИ ДАР РӮЗИ ХАНДА БА ДУНЁ ОМАДААНД
1 апрелро дар баъзе кишварҳо чун Рӯзи ханда ҷашн мегиранд, вале аҷибаш дар он ки дар ин рӯз бисёр одамони ҷиддӣ нобиғаҳои олам чашм ба дунёи ҳастӣ кушудаанд. Инак, 7 нафар аз ҷумлаи истеъдодҳои барҷаста:

Отто фон Бисмарк, сиёсатмадори маъруф, нахустканслери рейхи дуюм, муттаҳидкунандаи Олмон, мавлудаш соли 1815

Франсуа Вийон, фарангӣ, шоир, мавлудаш соли 1431

Николай Василевич Гогол, классики адабиёти рус, муаллифи «Вий», «Муфаттиш», «Ҷонҳои мурда»…,мавлудаш соли 1809

Александр Сергеевич Яковлев, конструктори тайёраҳои шӯравӣ, бунёдгузори «Як» - и овозадор, мавлудаш соли 1906

Абраҳам Ҳаролд Маслоу, рӯҳшиноси машҳури амрикоӣ, асосгузори психологияи гуманитарӣ, муаллифи «Пирамидаи Маслоу» (пирамидаи талаботи инсон), мавлудаш соли 1908

Милан Кундера, нависандаи чех, бо асарҳояш «Тоқатфарсоии сабукии ҳастӣ» ва «Фанонопазирӣ» машҳур шудааст, мавлудаш соли 1929

Владимир Владимирович Познер, шореҳи шинохта ва соҳибэҳтироми радио ва телевизиони Русия, дар Париж соли 1934 таваллуд шуда, дар ҷавонӣ дар ИМА зистааст, бо разведкаи шӯравӣ ҳамкорӣ дошт, соли 1950 шиносномаи шаҳрвандии СССР – ро гирифтааст. 

 

ХОҲ БОВАР КУНЕД, ХОҲ НЕ
Дар иёлати Аляскаи Амрико шикори хирсро қонун иҷозат медиҳад, аммо аз хоб бедор кардану ҳамроҳаш акс бардоштанро  қатъиян манъ кардааст.
Дар Венетсия барои дон додани кабӯтарон 600 доллари амрикоӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.  Ин қонунро ҳукуматдорон барои ҳифзи биноҳои қадима ҷорӣ намудаанд.
Дар Аризон бошад, барои кандани гули кактус касро ба муҳлати 25 сол зиндонӣ мекунанд.
Занони Вермонт  бе розигии шавҳар иҷозаи часпондани дандонҳои сунъиро надоранд.
Дар Таиланд барои беэҳтиромӣ нисбат ба пул шахсро ба маҳкама мекашанд.     

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 

1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Барои бозии футбол бомпӯшро фурӯхт
Бритонии бекор Стивен Спиллер ҳамаи 500 шифери боми хонаашро фурӯхт, то ки ба Лондон сафар карда, бозии байналмилалии футболро тамошо намояд. Азбаски вай ба қатора савор шуд ва ҳам дар роҳ қимор бозид, пулаш ба хариди чиптаи футбол нарасид. Аммо мухлиси ашаддӣ аз ин ҳолат худро набохт ва пиҷакашро фурӯхт. Вақте ки шабона аз хунукӣ ларзида ба хона омад, маълум шуд, ки дар манзилаш касе нест: завҷааш дар хонаи бесақф зистан нахоста бо се кӯдак ба кошонаи модараш рафтааст. То даме, ки Стивен кор наёфту боми хонаашро напӯшонд, завҷааш барнагашт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ

 


ҶАЗИРА
КАЛОНТАРИН ВА ХУРДТАРИН

Дар рӯйи Замин наздики 500 ҳазор ҷазира мавҷуд аст ва қариб 490 ҳазори онҳо аҳолии доимӣ надоранд.
Ҷазираи калонтарини дунё Греландия дар шимоли уқёнуси Атлантика доман густурда, масоҳаташ зиёда аз 2 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ҷазираи хурдтарини олам Бишоб-Рок, ё ин ки Санги Епискола, ки дар қисмати ғарбии Британияи Кабир ҷойгир аст, ба шумор меравад. Ҷазира барҷастагии санге мебошад, ки аз сатҳи об каме боло баромадааст. Вале тибқи қонунгузории Британия хушкие, ки чор тарафаш бо об иҳота шуда, дар он як гӯсфанд истода метавонад, ҷазира ҳисобида мешавад.

Таҳияи К. ЗИКРУЛЛО

15 КОРНОМАИ ҶБВ
Алексей Маресев Достони марди ҳақиқӣ
Алексей Маресев (1916 - 2001). Лётчик. Дар кӯдакӣ ба касалии тарбод печида буд, аз ин рӯ, табибон ба парвоз карданаш шубҳа доштанд. Аммо вай қайсарона пайи ҳам ба омӯзишгоҳи ҳавопаймоӣ ҳуҷҷат месупурд. Ниҳоят, ба мақсад расида, соли 1937 ба артиш даъват шуд. 

Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4 самолёти душманро оташ зад, вале дар яке аз муҳорибаҳои ҳавоӣ ба қиркунандааш тир расид ва ӯ маҷбур шуд, ки бо парашут худро партояд. Вай ба маҳале афтод, ки зери тасарруфи фашистон қарор дошт. Бо пойҳои шикаста 18 шабонарӯз хазида хати фронтро гузашт ва аз муҳосира баромад. Аммо дер шуда буд, устухонҳояш пӯсиданд, аз ин рӯ, ҷарроҳон ҳар ду пояшро буриданд.
Барои аксарият ин фоҷиа буд, вале ӯ ба тақдир тан надод, ба авиатсия баргашт. То охири ҷанг вай бо пойҳои сунъӣ самолёти қиркунандаро идора намуд, 86 маротиба ба ҷанг даромад ва боз 7 самолёти фашистонро зада афтонд. Адиб Борис Полевой оид ба корномаҳои Алексей Маресев китобе навишт бо номи «Достони марди ҳақиқӣ».
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ЛАТИФАИ ЯКУМИАПРЕЛӢ
Дар рӯзи ханда на ҳама хабарҳо сохтаву дурӯғанд, ҳарчанд мо ҳамин тавр гумон мекунем. Барои мисол чанд солест, ки Иванов дар ҳамин рӯз аз зодгоҳаш барқия мегирад, ки: «Бибиатон дар дами марг аст, ақаллан рақами суратҳисобатонро барои гирифтани мерос, ки 10 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад, ба Австралия бифиристед». Вале набераи сарсахт ҳар бор бо ханда «девонаатонро ёфтед» гуфта, барқияро пора – пора карда мепартояд. Дар ин вақт табибони бечора дар Австралияи дурдаст кампири воқеан дар дами маргро бори дигар «маҷбур» мекарданд, ки боз як сол зинда монад, шояд наберааш боақл шавад.

Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ

ХАНДА
ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
• 17 дақиқаи ханда дар як шабонарӯз умри инсонро як сол дароз мекунад.
• Кӯдаки 6-7 сола дар як рӯз 300 маротиба механдад.
• Дар нимҷазираи Арабии ҷанубу ғарбии Осиё рустание мерӯяд, ки «Гули ханда» ном дорад. Тухми ин рустанӣ баробари нахӯд буда, агар инсон онро хӯрад ба муддати 30-35 дақиқа ба хуруҷи хандаи беасос гирифтор мешавад.
• Тодд Гордон барои як табассум дар навори рекламавӣ 4000 доллар ба даст меорад.
• Аз ҳама одамони чеҳрахандон дар Бразилия ва Куба зиндагӣ мекунанд.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД

 

БИСЁР ХАНДИДАНРО ОМӮЗЕД
1. Вақте ки одамонро ба хандидан водор месохтам, ҳамеша хушҳол мешудам. Зеро ханда аст, ки мо мушкилоти рӯзгорро барои як лаҳза фаромӯш месозем.
Юрий Никулин

2. Инсоне, ки зебо механдад, зебост.
Фёдор Достоевский 

3. Бисёр хандиданро омӯзед. Зеро, ба андешаи ман, ханда низ мисли дуо муқаддас аст.
Ошо

4. Шӯхтабъӣ барои инсон лозим аст, мисле ки накҳат барои гул.
Ҷон Голсуорси

5. Ман бовар дорам, ки хандаву гиря малҳами бадбинию тарс аст.
Чарли Чаплин

Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ШӮХӢ ВА ФУТБОЛ
1 апрели соли 1988 нашрияи маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ - «Известия» хабаре интишор намуд, ки бошгоҳи «Спартак»-и Маскав бо футболбози  маъруфи дунё Диего Марадонаи аргентинӣ бобати  гузаштанаш ба клуби мазкур ва тамоман дар Маскав монданаш гуфтушунид анҷом додааст. Овоза шуд, ки дастмузди шартномавии Марадона  6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ин маблағ ӯро пурра қонеъ менамояд. Аҷибаш ин аст, ки рӯзномаи комилан ҷиддии  Associated Press низ ин хабарро ба дурустӣ қабул намуда, иттилоъ дод, ки аллакай ҳамаи созишномаҳо миёни Марадона ва клуби «Спартак» ба имзо расидаанду дар мавсими нав Диего бо футболкаи «Спартак» ба майдон мебарояд. Ба ин масали ҳангомаомез бештари мухлисони футбол сидқан бовар карданд. Пас аз он ки «Известия» ба шӯхии якумиапрелӣ намудаи худ иқрор шуд, ғаму ғуссаи мухлисони «Спартак»-ро бо сухан баён кардан ғайриимкон буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

 

9 НАФАРЕ, КИ ТО СИННИ 30-СОЛАГӢ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТАЪРИХӢ НИШОН ДОДААНД
2. НАПОЛЕОН БОНАПАРТ
Наполеон дар натиҷаи табаддулоти давлатие, ки аз ҷониби ӯ ба вуқӯъ пайваст, ба сари ҳокимият омад. Ӯ реҷаи мутааддиро барқарор намуда, қариб тамоми ҳокимияти Фаронсаро зери тасарруфи худ даровард.
Он замон ӯ 30 сол дошт.
Таҳияи Умар АЛӢ

 

«Хоби ширин, хурдтаракон!»
Ё 55 СОЛ РӮЙИ МАВҶ
Хрюша, Филя, Каркуша ва Степашка, қаҳрамонҳои барномаи «Хоби ширин, хурдтаракон» - ро бачаҳои тоҷик низ медонанд ва хеле дӯст медоранд. Бе онҳо барномаи мазкурро, ки ҳоло тавассути канали телевизионии «Карусел» намоиш дода мешавад, тасаввур кардан мумкин нест.
Вале кам касоне медонанд, ки дар оғоз ин нақшҳоро зочаҳо иҷро намекарданд. Солҳои аввал танҳо расмҳояшон нишон дода мешуду халос.  Ин барномаи телевизионӣ  1 – уми сентябри соли 1964 ташкил шудааст. Сармуҳаррири барномаҳои кӯдакона Валентина Фёдоровна соли 1963 ҳангоми сафар ба Олмон барномаеро мебинад, ки дар он қаҳрамони дӯстдоштаи бачаҳои Олмон ҳар бегоҳ бо намоиш додани як филми тасвирӣ ба онҳо хоби хуш таманно менамояд. Ӯ ба чунин хулоса меояд, ки барои хурдтаракони мо низ чунин як барнома таъсис диҳад. Аҷиб ин аст, ки номи барнома танҳо пеш аз пахши намоиши он интихоб гардид.
Аз рӯйи барнома якчанд бозиҳои компютерӣ низ офарида шудаанд. «Саргузашти Хрюша», «Бозигарони хушҳол» ва «Саргузашти Степашка» аз ҳамин қабил мебошанд. Ин барнома  бо номи «Беҳтарин барномаи кӯдакона»  се маротиба  солҳои 1997, 2002 ва 2003 сазовори ҷоизаи телевизионии «ТЭФИ»  гардидааст.  
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2018    №: 64    Мутолиа карданд: 303

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед