logo

фарҳанг

ГАВҲАРИ ҲАСТӢ

«Дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
                                                                                            
Забони тоҷикӣ, бешубҳа арзиши бузурги миллӣ, мояи ифтихор ва пояи давлатдорӣ, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он дар давоми ҳазорон сол бе тағйир боқӣ монд. Барои имрӯзиён комилан дастрасу фаҳмо будани осори ҳазорсолаи ба ин забон нигошташуда борҳо аз сӯи муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони миллатҳои мухталиф ҳамчун як муъҷиза таъкид шудааст.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани роҳбарии кишвар барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ заминаҳои лозимро фароҳам овардааст. Дар давраи истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи эшон қарор дошта ва дорад.
Масъалаи забон ва ҳифзи он аз офатҳои замон ҳамеша як масъалаи муҳим дониста мешавад. Донишмандон ва адибони мо дар давоми асрҳои гузашта, бахусус асри ХХ барои ҳифзи забони ноби тоҷикӣ талошҳои зиёде ба харҷ доданд. Ба андешаи забоншиносон, агарчӣ меъёрҳо ва қолабҳои фикриву сиёсии замони шӯравӣ зарбае ба забонҳои миллии сокинони он зад, вале бо вуҷуди ин, забони тоҷикӣ нисбат ба дигар забонҳои ғайрирусӣ солимтару қавитар боқӣ монда, асолати худро ҳифз намуд.
 Ин аст, ки бо вазидани насими бозсозӣ дар охири даҳаи 80-и асри гузашта ва пайдо шудани аввалин имконият, ҷомеаи бедори тоҷик барои ба курсии расмӣ нишондани забони тоҷикӣ талоши дастҷамъона анҷом доданд, ки дар он солҳо беҳтарин намоиши ирода ва ваҳдату якпорчагии миллӣ буд.
   Ниҳоят талошҳо самар оварданд ва рӯзи 22-юми июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забони тоҷикиро қабул намуда, онро забони расмии Тоҷикистон эълон кард. Ин қонун ба муддати 20 сол мавриди амал қарор гирифт. Соли 2009 бо дарназардошти тағйири шароит ва талаботи нав, бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни нави забони давлатӣ таҳия шуд. Қонуни нави забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 - уми октябри соли 2009 қабул гардид ва шурӯъ аз соли 2010 ҳар сол 5 - уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Роҳи пешгирифтаи Пешвои миллат шоҳроҳи эътимоду боварӣ, умеду орзуҳои ҷовидона, раҳнамунсозии миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба сӯи қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳувияти миллӣ мебошад.

Гулнора НИЯТБЕКОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 24 – и  шаҳри Душанбе 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2018    №: 64    Мутолиа карданд: 375

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед