logo

сиёсат

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК

Таърихи ҷаҳон собит месозад, ки дипломатия нахуст дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ рӯи кор омадааст, ки аз ҷониби ҳокимон ва шоҳони бонуфузи давлатҳо расмияти ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Пайдоиши он, пеш аз ҳама, ба зарурати таъмини амният, иттиҳоди инсонҳо ва ҳамгироии давлатҳо иртибот дорад. Зеро баъди фоҷиаҳои хунини байнидавлатӣ шоҳони давлатҳои қадим барои наҷоти давлат ва халқи худ рӯй ба ҷониби гуфтушунид меоварданд, ки дар таърихи инсоният бо номи  дипломатия  маъруф   аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо кишварҳои сершумори олам равобити судманде барқарор намуда, бо пайдо намудани шеваи хосси дипломатияи худ, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили байналмилалӣ шинохта шуд.
Таърихи давлатдории муосир нишон медиҳад, ки дипломатияи тоҷик зодаи марҳалаи нави Истиқлолияти давлатӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад.
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дипломатҳои тоҷик дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ – бартараф кардани низои дохилӣ тавассути роҳандозии гуфтушунид бо мухолифин, аз байн бурдани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи берунӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир доранд. Натиҷаи сиёсати мутавозини хориҷӣ буд, ки феълан мамлакатҳои гуногуни олам барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон ҳавасмандии худро зоҳир намуданд. Гузашта аз ин, ташаббусҳои башардӯстонаву байналмилалии Президенти маҳбуби кишвар, ки ба ҳалли масоили глобалии ҷаҳони муосир нигаронда шудааст, ҷойгоҳи шоистаи кишвари моро дар сиёсати ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар намуд.
Ҳоло бо назардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» пешбинӣ мешавад, ки дар марҳилаи татбиқи ин амр Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бештар аз ҳар вақти дигар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд. Зеро таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ташаббуси пурарзиши Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.
Аз ин рӯ, ҳар яки узви ҷомеа, бахусус кормандони соҳаи дипломатияро зарур аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати бобарори дохилию хориҷии Сарвари давлат саҳмгузор бошанд.

Ҳайдар ҲАЙДАРОВ,
ассистенти кафедраи
таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2018    №: 64    Мутолиа карданд: 351

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед