logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИФТИТОҲИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШИИ ”ҚИЗИЛӢ” ВА “СЕКСАРӢ” ДАР ИСТАРАВШАН
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Пешвои миллатро сокинони шаҳр бо эҳтиром ва самимияти хос истиқбол гирифтанд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба кор шурӯъ карданд, шинос шуданд.
Соли 2017 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмиру тармими каналҳои мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” баъд аз 26 соли бекор хобидан корҳои таъмиру тармим оғоз гардиданд ва, инак, пойгоҳҳо аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Баъди ба фаъолият оғоз кардани пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад. Аз ҷумла, 1300 гектар замини аз кишт берунмонда ба гардиш дароварда шуда, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1000 гектар замин аз худ карда мешавад.
Масоҳати умумии заминҳои мавзеъ дар маҷмӯъ 5 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 300 гектараш замини корами обӣ мебошад. Баъди обёрии заминҳо ва бунёди боғот дар ин минтақа 5500 оила соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегардад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аст.
Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа, дар минтақаи “Қизилӣ” соли 2017 - ум 1 ҳазору 279 гектар замин, аз ҷумла 716 гектар фонди махсус ва боқимонда заминҳои захираи давлатӣ аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва беназорат мондан заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи обёрии пойгоҳҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани дарғот обро ба заминҳои ташналаб сар доданд.
Тибқи маълумот айни замон дар мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” беш аз 500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар ихтиёри онҳо зиёда аз 2 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар мавзеи мазкур 335 гектар замин ба 33 хоҷагии деҳқонии нав вогузор шуд. Ҳамзамон барои таъсиси 17 хоҷагии дигар ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар замин корҳо идома доранд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шинондани ниҳол ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд.  Дар боғи нави интенсивӣ ниҳоли себ, олу, гелос ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаи содиротӣ шинонда шуд.
Дар мавзеи “Қизилӣ” 5035 гектар замини шаҳри Истаравшан ва 3748 гектар замини ноҳияи Деваштич мавҷуд аст, ки аз ин дар шаҳри Истаравшан 580 хоҷагии деҳқонӣ ва дар ноҳияи Деваштич 27  хоҷагии деҳқонию инфиродӣ фаъолият доранд.
Дар мавзеи “Қизилӣ” минбаъд парвариши 3 навъи себ, ду намуд олу, 3 навъи ток, аз ҷумла “Тоифии намрин”, “Кишмиши сиёҳ” ва ангури «Ҳусайнӣ» ва як намуд олуча ба роҳ монда мешавад.
Иқлим ва таркиби заминҳои мавзеи “Сексарӣ” барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ имконияти зиёд кардани майдони кишти зироатҳои тамоми навъҳои полизӣ, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошкаи барвақтӣ, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, ғалладонагиҳо, бахусус навъҳои серҳосили гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон ва баҳри рушди соҳаи чорводорӣ, кишти ҷуворимакка барои силос ва дигар намуди хӯроки чорво мувофиқ мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бастабандии маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, содироти он ва дар ин замина саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишоварзону боғдорон маслиҳатҳои муфид дода, ин мавзеи зебоманзарро “Зарнисор” номгузорӣ карданд.

ИСТИҚБОЛ ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ХУҶАНД
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои Ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд - ҷавонон, аҳли илму фарҳангу адаб ва зиёиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.
Гурӯҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ ва  шукргузорӣ ифтихори хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфо тараннум намуданд, ки таҷассумгару ифодагари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.
Шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ободиву ҷилои тоза, сарсабзию шукуфтанҳо аз файзи соҳибистиқлолии кишвар ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташрифи Пешвои миллат қабои идона ба бар карда, сокинони вилоят бо шодиву нишот ба кӯчаҳо баромада, Президенти маҳбуби худро истиқбол намуданд.
Боиси зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон беҳтар гардид. Аҳли ҷомеаи вилояти Суғд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар, сарҷамъ намудани халқи тоҷик арҷ мегузоранд. Истиқболи самимии сокинони вилоят нишон аз пуштибонии комили сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошад.

ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА 150 НАФАР ЯТИМИ КУЛЛ
29 март дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд ва таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол ба сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кор ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъ-олияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Воқеан, дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш сарулибос, пойафзол, ёрии яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишмандро гирифтанд.
Боиси хурсандист, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.

МЕҲМОНХОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ПАРЛАМЕНТ" ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ИФТИТОҲ ШУД
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмаи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшиданд.

Меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр - кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст.
Ифтитоҳи иншооти замонавӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои меҳмонони ин шаҳри зебои кишвар мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити меҳмонхона ба сифати корҳои сохтмонию бунёдии он баҳои баланд доданд. Лоиҳаи меҳмонхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳрофар» таҳия шуда, паймонкори он кооперативи тиҷоратии «Пирӯз» мебошад. Меҳмонхонаи «Парламент» дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст ва дар ҷараёни корҳои сохтмонии он то 250 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буд.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ, тарабхона ҷойгир буда, дар таҳхонаи он ошхона ва ҳаммом бунёд ёфтаанд. Дар ин иншоот дар марҳалаи аввали кор 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Дар «Парламент» шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва тамошо барои мизоҷон мавҷуд аст. Меҳмонхона, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, дорои толори фитнес ва саққобозӣ низ мебошад, ки мизоҷон метавонанд аз шароити варзишии он ба таври васеъ ҳамарӯза истифода баранд. Мағозаи ҷавоҳирот ва туҳфаҳои гуногун низ дар ин меҳмонхона ҷойгир аст, дар он ашёҳои гуногун бо рамзу нигоришҳои инъикоскунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонону сайёҳон карда мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити меҳмонхона дар шафати он майдончаи варзиширо барои наздики 70 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо фароҳамсозии имконоти бештари машқу тамрин барои ҷавонон рӯ ба рушд овардааст. Дар майдончаи варзишии шафати меҳмонхона, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун, аз ҷумла футбол, волейбол, баскетбол, бадминтон ва теннис муҳайё мебошад.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ барои ҷалби ҳар чи бештари ҷавонону наврасон ба машқу тамрин ва солимгардонӣ ба масъулон дастур доданд. Дар қабати ин иншооти варзишӣ майдончаи хурди футбол барои наврасони то синни 12 низ бунёд гардидааст.
Воқеан ҳам, метавон гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи варзиш, ки ба солимии миллат алоқамандии зич дорад, таваҷҷуҳро бештар намуда, имконотро барои ҷавонон дар ин самт беҳтару хубтар фароҳам сохтааст.
Ифтитоҳи Маҷмаи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент”- ро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон, хосса сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзанда арзёбӣ намуда, сохта ба истифода додани ин гуна иншоотро барои ҷалби ҳар чи бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ муҳим маънидод намуданд.

КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ ОРД ДАР ШАҲРИ БӮСТОН
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи маҳсулот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳар чи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағи фондҳои асосӣ 25,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла 13 миллион сомонӣ сармояи корхонаи номбурда, 12,8 миллион сомонӣ сармояи ширкати “АЗК ЕСЕНТАЙ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 380 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз мебошад. Дар қитъаи нави истеҳсоли орд 25 нафар ба кор фаро гирифта шуд. Бинои корхонаи нав аз 6 ошёна иборат буда, он калонтарин иншооти истеҳсолкунандаи орд дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ин корхона зиёда аз 20 ҳазор тонна гандум захира шудааст.
ҶДММ “Анҳор” соли 2011 ба фаъолият оғоз карда, таъйиноти аслии он истеҳсоли орд мебошад. То ин замон корхона дар як шабонарӯз 120 тонна гандумро коркард менамуд ва он бо тамғаҳои “Зарзамин”, “Беҳтарин” ва “Махсус” ба харидорон пешниҳод мешуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин корхона соли 2017 30 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳамин давра ба 75,7 миллион сомонӣ баробар шуд. Инак, бо ба фаъолият оғоз кардани қитъаи нав иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз то 500 тонна пешбинӣ гардидааст. Теъдоди коргарон, ки то ин замон 62 нафарро ташкил медод, акнун ба 100 нафар наздик мешавад. Соҳибкор нақша дорад дар заминаи ҳамин корхона коргоҳи истеҳсоли макаронро ба роҳ монад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳилаи дуюми қитъаи истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ муассир арзёбӣ карданд.

ОҒОЗИ КИШТИ ЧИГИТ БО УСУЛИ ЗЕРИПАРДАГӢ
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.

Ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад. Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешаванд. Ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар боғ бунёд намудааст, ки  феълан нашъунамои хуб дорад.
  Ҷамъияти саҳомӣ 2245 саҳмдор дошта, айни замон дар ихтиёри худ 17217, 54 гектар замин дорад ва дар он 659 нафар ба таври доимӣ кор мекунад. Ҷамъият ба зотпарварӣ  машғул буда, айни замон  саршумори чорвои он ба 550 адад мерасад.
Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бригадаи рақами 7 ба кишти чигит бо усули зерипардагӣ оғоз бахшиданд.
Имсол танҳо дар ҳамин бригада дар масоҳати 75 гектар кишти чигит гузаронда мешавад, ки аз ин 46 гектари онро кишти зерипардагӣ дар бар хоҳад гирифт. Кишти зерипардагӣ имкон медиҳад, ки пахта қабл аз муҳлати муқаррарӣ барои чидан омода гашта, ҳамзамон аз лиҳози ҳосилнокӣ низ бартарияти зиёд дорад. Ҳамчунин, ин усул ба сарфакорона истифода бурдани замин низ мусоидат хоҳад кард.
Бригадаи рақами 7 дар масоҳати 2 гектар картошка, 1 гектар сабзавот ва 19 гектари дигар зардолу парвариш мекунад ва ҳамасола аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёндани ҳосили дилхоҳ ва баланд бардоштани самаранокии замин ба деҳқонон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

БИНОҲОИ НАВУ ЗАМОНАВӢ ДАР ОСОИШГОҲИ “БАҲОРИСТОН”
Шоми 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.

Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.
Барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштаъми табиӣ дар хоҷагии ёрирасон ва коргоҳҳои он маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нонӣ, консерву афшураҳо ва шириниҳо тайёр карда мешаванд.
Баъди шиносоӣ бо номгӯйи маводи хӯрокаи ошхонаҳои осоишгоҳ Президенти мамлакат меҳмонхонаи сеошёнаро бо 70 ҷойи хоб ва дигар шароити муосири истироҳату табобат ба истифода доданд.
Масоҳати умумии меҳмонхона 2446 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои наву хуштарҳ дар муддати қариб 4 моҳ бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои даромади софи осоишгоҳ бунёд шудааст, ки баробари ба истифода доданаш дар он 30 нафар бо кор таъмин гардид.
Меҳмонхонаи мазкур барои қабули меҳмонони олимақом хеле созгор аст, зеро роҳбарияти “Баҳористон” бо завқи баланди зебоипарастӣ, бо интихоби мизу роҳаткурсиҳо, рахти хоб, таъмини таҷҳизоти муосири техникӣ, нақшу нигори миллӣ, чӯбкорӣ, оро додани фаршу деворҳо бо чӯбҳои рангаи пурнақш ва зардеворҳои пурнақш ва зарҳалӣ ин меҳмонхонаро ба як ҷойи хуби меҳмондорию меҳмоннавозӣ табдил додаанд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шудани чунин як иншооти муосир ва муаррификунандаи санъату маданияти баланди меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷикона хеле саривақтӣ ва баманфиат аст. Тавре роҳбарияти осоишгоҳи “Баҳористон” иттилоъ доданд, соли 2017 ҳамагӣ 750 нафар сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуда буд, акнун танҳо дар се моҳи соли 2018 беш аз 2500 нафар мизоҷ барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кард.
Баъди шиносоӣ бо шароити қабули мизоҷон дар меҳмонхонаи якум дар роҳ ба сӯи иншооти дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ истироҳаткунандагон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати самимии сарироҳӣ доир карданд.
Ҳамаи меҳмонон барои шароити беҳтарини хизматрасонию меҳмоннавозии кормандони “Баҳористон” ва табиати зебои ин ҷо изҳори қаноатмандӣ карда, аз имкони дидору суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хушҳолӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки варзишгарони дастаҳои футболи наврасону ҷавонони Ҷумҳурии      Қазоқистон соли панҷум аст, ки барои машқу тамрин маҳз “Баҳористон” - ро интихоб мекунанд ва онҳо низ аз шароити майдончаҳои футбол ва дигар иншооти варзишӣ ибрози қаноатмандӣ карданд.
Масофаи умумии роҳравҳои ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон” 33 километрро ташкил медиҳад ва кормандон ҳамаи онро чароғон кардаанд, ки барои сайру гашт ва истироҳат бисёр диққатҷалбкунанда мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди осоишгоҳ ҳамчунин, иншооти дигар - котеҷи чӯбини бо тарҳи нодир бун-ёдшударо ба истифода доданд. Меҳмонсарой аз 2 ошёна ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла ошхона, меҳмонхона, ҷойи хоб ва дигар ҳуҷраҳои истироҳатӣ иборат мебошад.
Маблағи умумии сохтмони ин бино, ки 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пурра аз ҳисоби маблағҳои даромади софи осоишгоҳ сарф шудааст. Дар ин бино низ ҳамаи ашёҳо, мизу курсӣ ва рахти хобу роҳаткурсиҳо босифат ва бароҳат интихоб шудаанд.
Роҳбарияти осоишгоҳ таъкид доштанд, ки барои боз ҳам зебову дилкаш кардан ва баҳри ҷалби ҳар чи бештари мизоҷон аз тамоми имкониятҳо ва табиати дилфиреби ин мавзеъ самаранок истифода мебаранд.
Кормандони осоишгоҳ давоми сол аз ҳисоби даромади софи худ ба дигар корҳои ободонӣ, ҷароғонкунии ҳудуди осоишгоҳ, шинондани гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ин мавзеъро ба як баҳористони ҳақиқӣ табдил додаанд.
Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст. Осоишгоҳ аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар осоишгоҳ 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонад. Кормандон дар як вақт бо хӯроки гарму нақлиёти хизматӣ таъмин мебошанд.
Баъди шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят карданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2018    №: 64    Мутолиа карданд: 250

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед