logo

Хабарҳо

Пуштибонии Қатар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон

Дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ва мудири раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар Ториқ ал-Ансорӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва мубориза бо хатарҳои глобалии муосирро баррасӣ намуданд. Қатар пуштибонии худро аз талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили рушди устувор, аз ҷумла пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва татбиқи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ аз ангезишҳои зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳи минтақа ва фаротар аз он таъкид намуд. Чуноне Ториқ ал-Ансорӣ изҳор дошт, ҳайати воломақоми Қатар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (3 – 4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (20 – 22 июни соли 2018), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ширкат хоҳад варзид.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, роҷеъ ба масъалаҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки барои таъмини рушду устувори Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, табодули назар сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 269

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед