logo

иқтисод

БОЗИЧА. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Нозирони Агентии “Тоҷикстандарт” бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти бозичаҳои пластикии бесифат ва хатарнок дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронда, 6021 дона бозичаҳои ба тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар воридшударо ошкор сохтанд.
Маҳсулот асосан борҷома надоранд ва оид ба истеҳсоли онҳо маълумоти дақиқ нест. Ҳарчанд шаклашон диққатҷалбкунанда аст, бо рангҳои ноустувор, овози баланд ва бӯйи ғализ ба кӯдакон пешниҳод карда мешаванд. Кӯдакон ҳатто метавонанд ранги бархе бозичаҳои пастсифатро бо луоби даҳони худ нофаҳмида фурӯ баранд. Бозичаҳои аз асбобҳои зуд оташгиранда сохташуда  бошанд, метавонанд сабабгори сӯхтани пӯсти хурдсолон гарданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як падару модар бояд  дар вақти харидорӣ ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд. 
Абдуқаҳҳор Мавлонзода, сардори шуъбаи назорати давлатии молҳои ниёзи мардум дар Агентии “Тоҷикстандарт”, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки регламенти техникии «Бехатарии бозичаҳо» талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд. Ба гуфтаи ӯ, тамғагузории бозичаҳо бояд боварибахш, санҷидашуда, аниқ, осон хондашаванда, барои муоина ва ҳаммонандсозӣ дастрас бошанд. Тамғагузорӣ аз тарафи истеҳсолкунанда ва воридкунандаи маҳсулот амалӣ карда мешавад. Тамға бояд дорои маълумоти зерин: номгӯи бозичаҳо,  номи кишвар, ном ва макони ҷойгиршавии истеҳсолкунанда, воридкунанда, маълумот барои тамос бо онҳо, синни  кӯдак, ки бозича барои ӯ таъйин шудааст ё тасвирҳои шартии (пиктограммаи) ифодакунандаи синни кӯдак бошад. Ҳамчунин, оид ба маводи асосии таркиб, санаи истеҳсол ва шароити нигоҳдорӣ маълумот дода шавад. Тамға ва ҳуҷҷати техникӣ бояд ба забонҳои давлатӣ ё русӣ дар дохили борҷомаи бозичаҳо ҷой дода шавад.
Зарур аст, ки дар ин масъала соҳибкорони ватанӣ низ бетарафӣ нанамоянд, ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона, ки  барои солимии атфол, пешрафти истеҳсолоти ватанӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ манфиатбахш мебошад, саҳм гузоранд.
Матлубаи Абдуқаҳҳор,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 342

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед