logo

фарҳанг

НАВРӮЗИ КИШОВАРЗОН

Тоҷикон ҷашни писандида ва дӯстоштаи хеш Наврӯзро  аз даврони куҳан бо ҷалолу шукӯҳи хос дар ҳар як шаҳру деҳ ва вилояту воҳаву водӣ баргузор менамоянд. Наврӯз барои мардуми мо рамзи рӯзгори осуда, зиндагии ширин ва пурфайзу баракат мебошад. Бесабаб нест, ки кишоварзон кӯшиш мекарданд, дар Наврӯз хушнудӣ бинамоянд, таронасаройӣ ва рақсу бозӣ кунанд, базми шеър созмон диҳанд, бо зарофатгӯйӣ ва хушгуфторӣ Ҷашни Наврӯзро бо шодиву сурур, дили беғам истиқбол бигиранд. Орзуи рӯзгори осуда, хушгузаронии умр ва расидан ба беҳрӯзиҳо сабаб гардидааст, ки заҳматкашон бо ҳар гуна расму оин Соли навро баргузор бинмоянд.
Кишоварзи тоҷик дар таронаҳои хеш Замин - Модарро васф намудааст. Чунки ҳамин Замин аст, ки ба инсонҳо ризқу рӯзӣ медиҳад. Нисбат ба ин дар бештари дубайтиҳои мардумӣ замин, табиат ва кишти зироат мавриди ситоиш ва ифтихормандӣ қарор гирифтааст:
Манам деҳқон, Замин кошонаи ман,
Миёни дашту саҳро хонаи ман.
Чароғон мекунам кӯҳу даманро,
Ба ҳар маҳфил бувад афсонаи ман.

Дар бисёр маҳалҳо ба истиқболи Наврӯз кишоварзони тоҷик маросимеро баргузор менамуданд, ки онро «Ҷуфтбаророн» меноманд. Ин маросимро дар маҳалҳои шимолӣ «Ҷуфтбаророн» ва «Юғмонон» ном кардаанд. Дар баъзе маҳалҳо, хоссатан тоҷикони Афғонистон ин маросимро «қулбакашӣ» меноманд, ки маҳз дар арафаи Наврӯз говҳои ҷуфтии бониро юғу сипор баста, шохони говонро рӯған ё чарб мекарданд, таоми маросимӣ пухта, сараввал пирони деҳаро зиёфат медоданд ва баъди он аз кишоварзони ботаҷриба дуои хайр гирифта, ба кишти баҳорӣ мепардохтанд. Айёми киштро дар аксари маҳалҳо деҳқонони куҳансол таъйин менамуданд. Дар баъзе маҳалҳо шахсе, ки муҳлати киштро муайян мекард, «шавгунӣ» ном дошт. Шавгунӣ намояндаи Бобои Деҳқон ба шумор мерафт. Ҳар кишоварзе, ки ба душворӣ мувоҷеҳ мешуд, аз шавгунӣ ёрӣ ва мадад мехост ва бо машварати ӯ корҳои кишоварзии хешро анҷом медод.
Дар маҳалҳои шимолии Тоҷикистон қабл аз шурӯъ ба корҳои кишоварзӣ рисолаи деҳқониро мутолиа менамуданд. Алъон кишоварзони тоҷик дар омад - омад ва арафаи Наврӯз мошинолотро тармим намуда, ба онҳо ҳамели гулҳои рангаро овехта, ба кишти баҳорӣ мепардозанд.
Дар аксари маҳалҳо дар рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи охирини соли куҳна маросимҳои «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Чаҳоршанбеи охири сол» ва «Оташафрӯз» - ро баргузор менамуданд. Чаҳоршанбеи сурӣ, чаҳоршанбеи ҷашни шодӣ дар байни дигар халқҳои ҳиндуаврупойӣ низ ривоҷ дорад, ки мардум оташ афрӯхта, аз болои он меҷаҳиданд. Бинобар ин, онро дар баъзе маҳаллаҳо «Аловпарак» низ мегуфтанд. Аз болои оташ ҷаҳида мегуфтанд: «Оташ, оташ, зардиву ранҷурии ман аз ту, сурхиву фирӯзонии ту аз ман!» Дар баъзе ноҳияҳо таблаку дутор навохта мерақсиданд ва таронаи зайлро замзама мекарданд:
Оташафрӯз омада,
Соле як рӯз омада.

Ин маросим то даврони исломӣ буда, бо оини пешинаи ниёгон марбут аст ва бо нияти Наврӯзро бе ранҷу кулфат истиқбол гирифтан доир мегардад.

Марди кишоварз пуштаву дара ва гулу гиёҳи онро хуб медонад. Номи ҳар кадоми онҳо ва ҳатто ба кадом дардҳо даво будани ағлаби онҳоро низ хуб эҳсос менамояд.
Рӯзӣ АҲМАД, фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 256

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед