logo

иқтисод

ЛАХШ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3000 ГЕКТАР

Сокинони ноҳияи Лахш ба мавсими кишту кори баҳорӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Тавре Ато Ҷӯрабеков, муовини раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, то ҳол қисми зиёди заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, барои обёрии онҳо пойгоҳи обкашӣ бунёд ёфт ва каналҳои ҳудуди ноҳия пурра аз таъмир бароварда шуданд.
Ба гуфтаи ӯ,  соли 2017 кишоварзони ноҳия дар майдони 2302 гектар картошка кишт намуда, 87017,5 тонна ҳосил ба даст оварданд. Ба шаҳри Душанбе 24430, ба вилояти Хатлон 10530, ба шаҳри Турсунзода 330, ба шаҳри Ваҳдат 1385 ва ба шаҳри  Ҳисор 1498 тонна  картошка ба фурӯш бароварда шуд.
Бо тавсияи мутахассисон соли сипаришуда дар ноҳия барои кишт тухмиҳои ба иқлими маҳал мувофиқ интихоб шуда буданд, ки ин омил барои рӯёндани ҳосили хуб замина гузошт. Имсол дар назар аст, ки майдони кишти картошка дар ноҳия ба 3000  гектар расонда шавад. Бинобар  ин, аз моҳи январи соли ҷорӣ фурӯши тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ ба берун аз ноҳия манъ гардида, тухмиҳои хушсифат дар сардхонаҳо барои кишти баҳорӣ захира карда шуданд.
- Тавре огоҳӣ дорем, дар мавсими кишт дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи картошка меафзояд. Агар мо ҳамаи захираи картошкаамонро мефурӯхтем, дар мавсими кишт дастрас намудани тухмӣ мушкил мешуд. Ноҳияи мо мувофиқи иқлим ва тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ барои кишти картошка хеле мувофиқ аст. Аз ҳамин лиҳоз, кишоварзони ноҳия барои зиёд намудани истеҳсоли ин маҳсулоти барои мардум зарурӣ саъю талош менамоянд, - гуфт Ато Ҷӯрабеков.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 284

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед