logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ПАЖӮҲИШОТИ ИЛМӢ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ

Ҳангоми таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзгори фанни адабиёт ба мо вазифа дод, ки аз китоби нави шоира Розия Озод, ки тоза ба китобхона ворид шудааст, шеърҳо азёд намоем. Зимни ин супориш устоди мо таъкид кард:  “Фаромӯш накунед, ки шоира модари аллома Бобоҷон Ғафуров аст!...”. Чӣ хел? Ба якдигар маънидорона нигоҳ мекардем. Рӯзи дигар омӯзгор дар бораи рӯзгор ва осори Бобоҷон Ғафуров дар синф дарси тарбиявӣ гузаронд.

Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисор (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) - и вилояти Суғд ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1928 - 1930 ба сифати шунаванда ба курсҳои олии ҳуқуқшиносии шаҳри бостонии Самарқанд шомил шуд. Ба ин қонеъ нагардида, солҳои 1931-1935 дар факултети рӯзноманигории Донишкадаи умумииттифоқии шаҳри Москва таҳсил кардааст.
Шавқу рағбат ба омӯзиши таърихи ниёгон дар замири ин пажӯҳишгар чун чашмаи хурӯшон фаввора мезад. Ин боис гардид, ки Бобоҷон Ғафуров солҳои 1938 - 1941 дар аспирантураи назди Донишкадаи таърихи собиқ Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карда, дар мавзӯи “Таърихи тариқати исмоилия (аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон)” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва худро ҳамчун муҳаққиқи асили таърихи гузаштаи тоҷикон нишон дод.
Муҳаббат ба таърихи Меҳан ӯро ба навиштани рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Таърихи халқи тоҷик” таҳрик дод ва 25 феврали соли 1952 дар Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав рисолаи докториашро сарбаландона дифоъ намуд. Соли 1958 академики Академияи илмҳои ИҶШС интихоб гардид. Маҳз бо роҳбарӣ ва пешниҳоди ӯ гурӯҳи корӣ бори аввал дар собиқ ИҶШС барои омӯхтани таърихи халқи тоҷик таъсис дода шуд. Ин гурӯҳ дастранҷи хешро дар 5 китоб (иборат аз 3 ҷилд) солҳои 1963-1965 дар нашриёти маъруфи “Наука”- и шаҳри Маскав дастраси хонандаи хуштолеъ ва ҳушманд оид ба гузаштаи таърихи тоҷикон гардонданд. Ҷаҳониён пас аз ба табъ расидани ин асар дарк карданд, ки тоҷикон аз куҳантарин ва бошууртарини ақвоми бумии Осиёи Миёна ба ҳисоб мераванд.
Бобоҷон Ғафуров қариб 400 асару мақола оид ба ташаккули этногенези тоҷикон ва таърихи башарӣ навиштааст, ки аксарияти онҳо бо забонҳои хориҷӣ дар шаҳрҳои Афина, Берлин, Варшава, Деҳлӣ, Кобул, Қарочӣ, Мас-кав, Пекин, Париж ва ғайра бо теъдоди зиёд мунташир шудаанд. Зери назари Б. Ғафуров зиёда аз 30 асар оид ба таърихи мамолики Шарқ бо забони англисӣ пешкаши ҳаводорони илм гардидааст.
Бобоҷон Ғафуров дар таълифи китоби “Тоҷикон” зиёда аз ду ҳазор сарчашмаи илмиро мутолиа ва мавриди истифода қарор додааст. Ин асар дар худшиносӣ ва худогоҳии тоҷикон ва форсизабонони  ҷаҳон нақши намоён гузошт. Замоне ки китоби “Тоҷикон” (соли 1972) бо забони русӣ дар шаҳри Маскав аз чоп баромад, аҳли илм ба шахсияти  муаллифи он ва тоҷикон ҳамчун халқи созанда ва тамаддунсоз баҳои воқеӣ доданд. Гузашта аз ин, Б. Ғафуров аввалин тоҷикест, ки дар синни 38 - солагӣ ба вазифаи Котиби аввали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон таъйин шуда, ин масъулиятро 10 сол ба уҳда дошт. Таърихнигор ва сиёсатмадори варзида будани ӯ дар ин солҳо баръало эҳсос шуд. Зеро дар замони сиёсати яккаҳизбии собиқ шӯравӣ ба китоб ном гузоштани “Тоҷикон” аз дониши баланд, далелҳои қотеи илмӣ, ковишҳои асосноки археологӣ ва ғайрати муаллиф шаҳодат медиҳад. Айни замон китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров дар қатори асарҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи пуршарафи халқи тоҷик ҳамчун китоби рӯимизӣ истифода мешавад.
Бобоҷон Ғафуров воқеан фарзанди фарзонаи миллати тоҷик буда, тавонист бо таълифи асари баландмазмуни “Тоҷикон” аз миллати ҷафокашидаи тоҷик дифоъ кунад. Ин хизмати аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.
Фарҳод ҲУСЕЙНЗОДА,
доктори илми филология, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва коргузории расмии Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 178

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед