logo

фарҳанг

САРЧАШМАИ ИЛҲОМ. БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ЗИЁ

Имсол ҳам дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ба намояндагони аҳли зиёи ҷумҳурӣ, аз он ҷумла адибони тоҷик, муяссар шуд, ки ба дидори шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз наздик шарафёб ва  аз суҳбати   хеле гарму самимӣ ва  озоду гуворо баҳравар гарданд. Ин дидору суҳбат бори дигар собит сохт, ки Сарвари давлат ба аҳли зиёи кишвар эътимоди самимӣ доранд ва дар симои онҳо воқеан ҳам посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатро мебинанд.
Таъкидҳои Сарвари давлат вобаста буданд ба дарки худогоҳиву худшиносӣ, масъулияти баланди дӯст доштани  Ватан ва ҳифзу гиромидошти  мероси гузаштагон,  арзишу суннатҳои миллӣ ва огоҳии амиқ аз таърих. Яъне агар ҳар эҷодкори тоҷик дар асари офаридааш ғояи дӯст доштани Ватан, пос доштани обрӯи миллат ва соҳибӣ кардан ба ин тамаддун, ин фарҳанг ва ин кишварро тараннум намояд, албатта, ба манфиати имрӯзу фардои ҷомеа ва кишвари мост.
Пешвои миллат изҳор доштанд:  «Дар воқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон, роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».
Таъкиди муҳими Пешвои миллат дарки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буд, ки ин барои ҳар сокини кишвар хеле муҳим аст. Воқеан ҳам, зиёии тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ баҳри ҳифзи истиқлоли фарҳангӣ ва забонӣ, ки аз рукнҳои муҳими пойдории миллат ва кишвар мебошанд, бояд бо неруи тавоно амал намояд.
«Мо бояд мафҳумҳои  “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем», - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Мавзӯи аз ҳама муҳими мулоқоти имсолаи Пешвои миллат дӯст доштани Ватан ва ифтихор намудан аз тоҷик будани мо буд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 низ, бешак, ба ин  алоқаманд аст. Ин иқдом ба ободу зебо гардидани кишвар, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ,  беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тавсеаи маърифати экологии мардум мусоидат менамояд.
Ин дидори шариф ва ин суҳбати самимӣ дили мо - аҳли зиёро гармтар кард, бовариямонро ба фардои дурахшон таҳким бахшид ва  барои офаридани асарҳои нав сарчашмаи илҳом гардид. Ман, ки бо тақозои вазифа ба соҳаи энергетика алоқамандам ва бобати печутобҳои бунёди Неругоҳи обии «Роғун» дар оғози бунёди он бо унвони «Роғун - ҳамкори офтоб» рисолае нашр намуда будам, баъди ин вохӯрӣ дар нияти эҷоди асари мукаммалтари публитсистӣ  дар мавзӯи бунёд ва манфиати неругоҳи  мазкур барои Тоҷикистон ва тамоми минтақа шудам.
Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 362

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед