logo

сиёсат

АНҶОМИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Рушди хоҷагиҳои моҳипарвар дар вилояти Суғд
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд.

Сарвари давлат дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор моҳии навъи амури сафедро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд.
Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи амури сафед, пешонағафси сафед ва карп имконият фароҳам оварда шудааст.
Мувофиқи меъёри ягона барои 100 килограмм моҳӣ дар як шабонарӯз 2 килограмм маводи хӯрокӣ таъмин карда мешавад.
Моҳиҳои амури сафед, пешонағафси сафед ва карп ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.
Маҳз баъди қабули ин барномаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта, шаҳрвандони мамлакат бо парвариши моҳӣ ва фурӯши он даромади хуби иқтисодӣ мегиранд.
Бояд гуфт, ки ба шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат пешравии соҳа дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ, бештар ба назар мерасад, зеро барои фаъолияти беш аз 200 хоҷагии моҳипарвар зиёда аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди сар додани моҳиҳои амури сафед ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарвар мутахассисони соҳаро баҳри боз ҳам рушд додани ин бахши сердаромад ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи маркази таъминоти техникии рӯшноидиҳии парвозҳо
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рӯшноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ ва огоҳкунии шуояш баланд мутобиқ ба талаботи дараҷаи якуми “ИКАО” - Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сохта шудааст.
Таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар дилхоҳ вақти шабонарӯзӣ, новобаста аз вазъи ҳаво, ба сифати баланд ба амал бароварда шавад.
Лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” аз соли 2013 дар се марҳила оғоз шуда, имрӯз дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Марҳилаи якум иҷроиши корҳо оид ба мумфаршкунии хати парвозу фурудоӣ, омода кардани он барои минбаъд васлу насб намудани таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ, давраи дуюм таъминот ва васлу насби таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ-огоҳкунии шуояш баланд ва марҳилаи сеюм васлу насби системаи нави фурудоии ИЛС аз самти магнитии 258 дараҷаро дар бар мегирифт.
Зимни шиносоӣ бо марказ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таъмини сатҳи баланди бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳҳои мамлакат ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ва дар ин замина васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ташкили хатсайрҳои нав ба самтҳои хориҷи дуру наздик ва афзоиши ҳаҷми мусофиркашонии байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дастуру супоришҳо доданд.
Шурӯъ аз соли 2016 бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корҳо оид ба васеъкунии роҳҳои гардишӣ ва васеъ намудани ҳудуди перрони фурудгоҳ ба амал бароварда мешаванд. Ин корҳо бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати тайёраҳои калонҳаҷм дар перрон ҳангоми гардиш ва озодона ҳаракат кардану ҷойгир намудани онҳо дар истгоҳҳо амалӣ мегарданд.
Соли 2017 дар фурудгоҳ масоҳати зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ мумфарш карда шуд. Қисми зиёди он асосан барои дароз намудани хати парвоз, васеъкунии роҳҳои гардиш, васеъ кардани перрони фурудгоҳ ва истгоҳи ҳавопаймоҳо сарф гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017 низ зимни як сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъйиноти гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла “Толори ҷавонон” бо 250 ҷойи нишаст ва “Тарабхонаи ҷавонон”,  ифтитоҳ гардида буданд.
Корҳои навсозӣ ва таҷҳизондани биноҳои ҳудуди фурудгоҳ аз ҳисоби маблағҳои худи фурудгоҳ анҷом дода шуданд. Ба хотири ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани хизматрасонии он тамоми ашёву таҷҳизоти нав васлу насб карда шуда, бо нақшу нигори миллӣ ва дигар мизу курсиҳои зебову диққатҷалбкунана сохта шудааст.
Роҳҳои шафат ва ҳудуди фурудгоҳ азнавсозӣ ва мумфарш карда шуданд. Атрофи роҳҳо бо дарахтони зиёди ороишӣ ва гулҳои рангоранг оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои анҷоми корҳои ободонӣ ва дастгирии иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бобарори сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят 31 март аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаи Сарвари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарзамин бо шаҳомати хосса гусел намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 414

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед