logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ МАМНӮЪГОҲИ “ХУТАЛОН” ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

1 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуталон” бо вазъи ин мамнӯъгоҳ шинос шуданд.
Масоҳати мамнӯъгоҳи “Хуталон” 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо парандагону чорвои нодир, аз қабили оҳуи холдор, уреал-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, муфлон ва аз парандагон бошад, асосан тазарв, парвариш меёбанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, гавазни бухороӣ, хуки ваҳшӣ ва мурғи тазарв” қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари чорво ва парандагони нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Айни ҳол дар мамнӯъгоҳи “Хуталон” беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд аст ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумори онҳо, инчунин, тоза кардани насли ин ҳайвони нодир имрӯз беш аз 70 сар оҳуи холдорро, ки аз Федератсияи Русия ворид карда шуда, ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, дар ҳудуди мамнӯъгоҳ сар доданд.
Баъди эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар кардани вазъи фаъолияти мамнӯъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён, ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оянда, бо дарназардошти имкониятҳои фарох, боду ҳавои мусоид ва замини зархези барои парвариши ҳайвонҳои нодир мувофиқ, дар ҳудуди ноҳияи Данғара боз ду мамнӯъгоҳ дар майдони 22 ҳазор гектар таъсис дода мешавад.
Зимни шиносоӣ бо вазъи мамнӯъгоҳи “Хуталон” дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба шароити мамнӯъгоҳ, иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар ин мавзеъ гавазни бухороӣ, оҳуи холдор, муфлон ва дигар ҳайвонот зиндагӣ мекунанд ва шумораи мурғи даштӣ ва дигар парандагону ҳайвонот низ рӯй ба афзоиш овардааст.  
Дар мамнӯъгоҳи “Хуталон” ба ғайр аз ҳайвоноти камёб парвариши парандаҳои нодир низ ба роҳ монда мешавад.
Соли 2017 мурғи тазарв низ (фазан) аз Чехия ба ҷумҳурӣ оварда шуд ва аз рӯи маълумоти мутахассисон, баъди парвариш ва афзоиш танҳо дар соли 2018 беш аз 1200 сар тазарв дар мамнӯъгоҳҳои ноҳияи Данғара барои афзоиш сар дода шуданд. Тазарв аз шумули парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар мамнӯъгоҳи “Хуталон” 90 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, нок ва чормағз мавҷуд аст, ки бо таъсиси он даҳҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд.
Баъди шиносоӣ бо вазъи мамнӯъгоҳи “Хуталон” ва сар додани оҳуҳои холдор дар ин ҷо Сарвари давлат диққати кормандони мамнӯъгоҳ ва роҳбарияти ноҳияро ба масъалаи вусъати парвариши парандаҳо, зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин, оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнӯъгоҳ, таъмини хӯрок ба ҳайвонот дар фасли сармо, дигар ҳайвоноту наботот ва тавассути ин муҳайё намудани заминаи рушди туризм, супоришҳо доданд.
Мавриди зикр аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб кардааст.
Хислатҳои ҳамидаи меҳмоннавозию инсондӯстии Пешвои миллат, амну субот дар саросари кишвар, сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бахшҳои муҳим, фасли зебои баҳор, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалак, мавзеъҳои таърихӣ, мамнӯъгоҳҳо дар сатҳи олӣ ва бошукӯҳу шаҳомат таҷлил кардани ҷашну идҳои миллӣ ва байналмилалии Наврӯз ва дигар омилҳо, имкон фароҳам меорад, ки ташрифи сайёҳон, бахусус дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2018    №: 65    Мутолиа карданд: 260

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед