logo

Хабарҳо

Конференсияи илмӣ оид ба истифодаи самараноки замин

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ширкати олимону  мутахассисони соҳаи кишоварзӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муосири истифодаи самараноки замин дар рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста ба номусоидии иқлим»  конференсияи илмию амалӣ  баргузор шуд.
Зимни конфронс аз ҷониби олимони бахшҳои иқлимшиносӣ, соҳаи рустанипарварӣ, боғдорӣ, ҳимояи наботот ва дигар самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи кишоварзӣ як қатор таклифот ироа гардид.
Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ ривоҷ додани корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироати асосӣ вобаста ба минтақаҳо ҷиҳати таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати навъҳои серҳосили ватанӣ зарурат дорад. Дар ин самт ҳамкориро бо муассисаҳои пуриқтидори селексионӣ ва тухмипарварии мамлакатҳои пешрафтаи олам ривоҷ дода, тухмии навъҳои беҳтаринро ворид намуда, зиёд кардани онҳо дар хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Сипас, иштирокдорони конференсия бо таҷрибаи инноватсионии парвариши картошка дар зери парда (пленка)-и хоҷагии деҳқонии «Асадулло», ки бо тавсияи олимони Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронда шудааст, шинос шуданд. Номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Данғара Бахтиёр Расулов изҳор намуд, ки бо усули парвариш намудани картошка дар зери парда эрозияи хок пешгирӣ гашта, харҷҳои зиёдатӣ баҳри аз байн бурдани алафҳои бегона, сӯзишворӣ ва об хеле кам мегарданд. Месазад, ки ин таҷрибаи нодири парвариши картошка дар оянда дар дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ паҳн гардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 276

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед